Имрӯз, 10-уми апрел аз таъсиси Радиои Тоҷикистон 84 сол сипарӣ гашт. Дар нахустин анҷумани муассисони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки 6-15-уми июни соли 1930 дар шаҳри Душанбе доир шуда буд, дар бораи барқарор ва мустаҳкам намудани радиошунавонӣ дар Тоҷикистон диққати махсус додаанд. Ҳамин тавр, вобаста ба таъсиси Маркази радиошунавонӣ дар Тоҷикистон қарор қабул карда шуд ва рӯзи 10-уми апрели соли 1930 аввалин бор мадуми кишвар садои радиориро бо забони тоҷикӣ шуниданд. Вале бо гузашти вақт, теъдоди радиоҳо дар Тоҷикистон афзуд. Чун дар ин сурат рақобат ба миён меояд, Faraj.tj аз чанд нафар алоқаманди соҳа оид ба мавқеи радиоҳои ҷумҳурӣ назар пурсид.
Гулрӯ НИЁЗОВА, корманди Радиои Тоҷикистон:
— Ман ҳамчун як мухлиси радиоҳои Тоҷикистон ба саволи шумо посух медиҳам. Дар асл, аввалин радиое, ки дар Тоҷикистон фаъолият дошт, ана ҳамин Радиои Тоҷикистон буд. Ҳарчанд рақобат байни дигар радиоҳо ҳаст, вале Радиои Тоҷикистон мавқеву маҳбубияти худро дорад. Ба он хотир, ки ин чанд радиое, ки фаъолият мекунанд, танҳо дар дохили Душанбе ва баъзеашон дар ноҳияҳои тобеи марказанд, аммо Радиои Тоҷикистон зиёдтар аз ҳафт миллион шунаванда дорад гӯем ҳам, хато намекунем. Зеро аз ноҳияҳои дурдаст онро гӯш мекунанд. Дар дигар ноҳияҳо ҳатто барқ нест, вале шунавандаҳои мо тариқи телефонҳои худ, тариқи батарейкаҳо гӯш мекунанд. Аз зангҳои онҳо, ки дар барномаи мустақими мо садо медиҳад, маълум мегардад, ки радио шунавандаи худро дорад. Ҳатто баъзе муҳоҷирон аз Русия бо мо дар тамос мешаванд. Аз сарҳади Афғонистон, Помир ва ғайра низ. Ман фикр мекунам, ки ҳар як радио мухлиси худро дорад, аммо Радиои Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ мавқеи худро гум намекунад. Ҳамчун корманди радио фикр мекунам, ки Радиои Тоҷикистон ҳатто дар асри 21 пешқадам аст, зеро мо бо интернет пайваст шудем. Инчунин, сайти худро таъсис додем, ки шунавандагони мо метавонанд аз ин чиз истифода баранд.
Имрӯз акасар журналистоне, ки дар радиоҳои хусусӣ маҳбубияти доранду соҳиби мухлисони зиёданд, дастпарварони Радиои Тоҷикистон ҳастанд. Аз ҷумла, Субҳон Ҷалилов ва Рустами Ҷонӣ.
Умед БОБОХОНОВ, муассиси радиои «Asia-plus»:
— Фикр мекунам, ки Радиои давлатии Тоҷикистон дар кишвари мо мавқеи мустаҳками худро дорад ва дар давоми беш аз 80 сол васеътарин аудиторияро ҳам касб кард. Ин ҳам шарафи бузург асту ҳам масъулияти баланд. Аз сидқи дил ба ҳамкасбон бурдбориҳои эҷодии нав орзу мекунам.
Ман ягон радиоро дар раддаи аввал намегузорам. Ҳар як радио шунавандаи худро дорад.
Саъдӣ МАҲДӢ, устоди факултаи журналистика:
— Рӯзи Радио асосан ҳамон 7-уми май аст, ки Попов радиоро кашф намуда буд. Албатта, 10-уми апрел низ чун рӯзи Радиои тоҷик пазируфта шудааст. Дар замони шӯравӣ радиоҳои симдор ба тамоми ҷумҳурӣ кашида шуд. Он замон радиои хонагиро радиои деворӣ ё 5-сума мегуфтанд, зеро нархаш ҳамин қадар буд. Онро мехариданд ва ба сим пайваст мекарданд. Бояд гуфт, ки дар тамоми давраи шӯравӣ радио чун воситаи дуюми иттилоърасон (баъди ТВ) хизмати бузург менамояд. Мардум ҳама вақт хабарҳоро аз радио мешуниданд ва мешунаванд. Махсусан дар ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон дастрасӣ ба мавҷи радио доштанд. Ин воситаи алоқаи мардум буд бо марказ ва ҷаҳон.
Ман Радиои Тоҷикистон fm 104,7-ро дар аввал мегузорам. Радиоҳои Фарҳангу «Садои Душанбе» ва аз хусусиҳо — «Asia-plus», «Имрӯз»-ро гӯш мекунам.
http://faraj.tj/culture/5051-radioi-to1207ikiston-84-sola-shud.html