Кумисиюни интихоботи Тоҷикистон тавсияҳои умдаи САҲУ-ро рад кард

Аз пешниҳодҳои умдаи ин ҳайъат эҷоди шароит барои мушорикати беш аз як милюн шаҳрванди муҳоҷири Тоҷикистон дар хориҷ аз ин кишвар дар фароянди ҷамъоварии имзо барои сабти номзадҳо буда, вале Кумисиюни марказии интихобот мегӯяд, ки ин пешниҳод қобили қабул нест.

Ҳамоиши муъаррифӣ ва баррасии гузориши ниҳоии САҲУ аз фароянди назорат бар ҷараёни интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2013 рӯзи чаҳоршабеи 9 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ин нишасти муҳим, ки мавзӯъи мавриди баҳси он бо сарнавишти милюнҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон гиреҳ хӯрдааст, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ, ниҳоди масъул барои баргузории интихоботҳо, ҳузур надошт.

Ҷамшед Ҷамшедов, яке аз аъзои ин кумисиюн, ки ба намояндагӣ аз он ширкат дошт, дар суханронии худ аз 34 пешниҳоди ҳайъати нозирони САҲУ барои ислоҳи системи интихоботӣ, ки ба 11 бахш тақсим шудааст, танҳо шумори андаке аз онҳоро барои Тоҷикистон қобили қабул хонд.

Оқои Ҷамшедов гуфт, ки гузориши ниҳоии нозирони ин созмон аз сӯйи аъзои Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ хонда ва баррасӣ шудааст. Ҳарчанд аъзои кумисиюн бархе аз тавсиҳоро пазируфтаанд, вале бархе дигарро қобили қабул намедонанд, зеро мафодди қонуни интихоботи риёсатиҷ умҳурии Тоҷикистон дар ин заминаҳо ба истондордҳои байналмилалӣ наздик аст.

‘Оқибати хуб надорад’

Мутобиқ сохтани қонуни интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои САҲУ, афзоиши шумори занон дар кумисиюнҳои интихоботӣ, рафъи маҳдудият барои номзадҳо, фароҳам сохтани шароит ва ҳуқуқи баробар дар расонаҳои давлатӣ барои таблиғи номзадҳо ва осон кардани раванди ҷамъоварии имзо аз ҷумлаи пешниҳодҳое ҳастанд, ки нозирони САҲУ ба кумисиюн ироа додаанд.

 

Аммо ба назар мерасад, ки масъулони Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон аз пешниҳодҳои калидии ин созмон, ки дар интихоботи риёсати ҷумҳурии гузашта мубоҳисоте бар сари онҳо сурат гирифта буд, сарфи назар кардаанд.

Аз ҷумла, оқои Ҷамшедов иҷрои тавсияи ин созмон дар бораи мушорикати муҳоҷирони корӣ дар фароянди ҷамъоварии имзо ба ҷонибдорӣ аз номзадҳои мавриди назарашонро ғайримумкин хонд.

Вай яке аз далоили пазируфта нашудани ин пешниҳодро «имкони тақаллубкорӣ, қонуншиканӣ ва сӯйиистифода аз мансаб» дар ҷараёни ҷамъоварии имзо арзёбӣ кард, ҳарчанд нозирони САҲУ маҳрумияти беш аз як милюн муҳоҷир аз ширкат дар ин равандро нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар арзёбӣ мекунанд.

Оқои Ҷамшедов гуфт: «Санҷидани дурустии имзои муҳоҷирон ҳам имконнопазир аст. Ҳамчунин, аксари муҳоҷирон дар хориҷи кишвар ҷойи зисти доимӣ надоранд ва сабти ном шудани онҳо мушкил хоҳад буд. Афзун бар ин, имкони таъсири қувваҳои беруна ба муҳоҷирони тоҷик зиёд аст, ки оқибати хуб надорад ва дар иродаи озоди интихобкунандагон таъсири манфӣ хоҳад гузошт.»

Оқои Ҷамшедов тавзеҳ надод, ки манзураш аз «қувваи беруна» ва иборати «оқибати хуб надорад» чист. Аммо мунтақидон мегӯянд, ки Кумисиюни марказии интихобот ин салоҳиятро надорад, ки нигарони «қувваҳои беруна» ва авоқиби эҳтимолии нохушоянди интихобот бошад.

Ба гуфтаи онҳо, вазифаи ин кумисиюн иборат аз баргузории интихобот ба таври шаффофу мунсифона ва таъмини шароит ва имконоти баробар барои рақобати озодона миёни ҳамаи номзадҳо, сарфи назар аз таъаллуқоти ҳизбию гурӯҳияшон, аст.

Набуди рақобати воқеъӣ

Аз пешниҳодҳои умдаи дигари нозирони САҲУ таҳияи феҳристи воҳиди раъйдиҳандагон дар Тоҷикистон аст, ки аз имкони раъйдиҳии такрорӣ ҷилавгирӣ мекунад. Оқои Ҷамшедов ин тавсияро муфид хонд, вале гуфт, ки Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ барои иҷрои ин тавсия сармояи кофӣ дар ихтиёр надорад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мунтақидони кумисиюн, давлати Тоҷикистон барои иҷрои тарҳҳои ғайризарурӣ, мисли бунёди баландтарин тири парчам дар ҷаҳон, ки дар зиндагии рӯзмарраи мардум ҳеч таъсире надорад, сармояи қобили мулоҳизае пайдо мекунад. Пас ин ҳам баҳонае беш нест?

 

Яке дигар аз пешниҳодҳои ҳайъати нозирони САҲУ ба давлати Тоҷикистон эҷоди шароит барои таъсиси ширкатҳои телевизюнии мустақил аст, ки аз сӯйи давлат сармоягузорӣ нашаванд.

Иҷрои ин тавсия имкон медиҳад, ки дар муборизоти интихоботӣ намояндагони аҳзоби дигари сиёсӣ низ битавонанд аз расонаҳо барои муъаррифӣ ва таблиғи номзадҳои худ ба таври баробар истифода кунанд.

Нозирони САҲУ дар гузориши худ гуфта буданд, ки дар ҷараёни интихоботи гузашта номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, дар телевизиюнҳои давлатӣ ба таври густарда таблиғ шуда ва номзадҳои дигар аз имкони таблиғи баробар дар ин телевизиюнҳо маҳрум шуда буданд.

Ин пешниҳод низ ба баҳонаи мавҷудияти ширкатҳои телевизюнии мухталиф дар Тоҷикистон аз сӯйи масъулони кумисиюн рад шудааст. Кумисиюни марказии интихобот тавсияи нозирони САҲУ дар бораи лағви маҳдудият дар заминаи пешниҳоди номзадҳои инфиродиро низ напазируфтааст.

Ин дар ҳолест, ки Пороскиво Бодеску, раҳбари ҳайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо, дар нишасти рӯзи чаҳоршанбе бар аҳаммияти пешниҳодҳои ин созмон барои беҳбуд бахшидан ба раванди баргузории интихоботҳои оянда дар Тоҷикистон таъкид кард.

Хонум Бодеску зимни арзёбии интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта, гуфт: «Маҳдудиятҳои муқарраршуда дар сабти номзадҳо мунҷар ба ин шуд, ки касратгароӣ вуҷуд надошт ва мардум интихоби воқеъӣ надоштанд. Муборизаи интихоботӣ беш аз як навъ ташрифот набуд, раъйдиҳандагон дар бораи номзадҳо иттилоъи кофӣ ва дақиқ надоштанд ва рақобати воқеъӣ вуҷуд надошт.»

‘Бист сол боз тавсия медиҳанд’

Хонум Бодеску мегӯяд, ки нозирони САҲУ пас аз интихоботи порлумонии соли соли 2009 низ тавсияҳое ба давлати Тоҷикистон ироа дода буданд, вале ҳарчанд то интихоботи ояндаи порлумонӣ камтар аз як сол боқӣ монда, аммо ин тавсияҳо ба таври комил иҷро нашудаанд.

 

Вай гуфт: «Бо таваҷҷуҳ ба фурсати каме, ки боқӣ мондааст, шояд имкони ислоҳи комили қонуни интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надошта бошад, аммо ин бад-он маънӣ нест, ки давлат аз ислоҳоти дарозмуддати низоми интихоботи порлумонӣ худдорӣ кунад.»

Дар гузориши ниҳоии ҳайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ҳамчунин омадааст, ки барои эҷоди эътимод ба натоиҷи интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бояд раванди натиҷагирӣ аз интихобот низ ба таври шаффоф баргузор шавад.

Ин нуктаест, ки коршиносон дар Тоҷикистон ҳамвора ба он таъкид мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, бештарин мавориди тақаллуботи интихоботӣ дар ин кишвар дар шумориши оро сурат мегирад. Аммо тавсияҳои нозирони хориҷӣ ва аҳзоби мухолиф дар ин маврид низ ҳамвора нодида гирифта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз намояндагони аҳзоби сиёсии ҳозир дар ин ҳамоиш мегӯянд, ки созмонҳои байналмилалӣ бояд алайҳи давлати Тоҷикистон барои мавориди тақаллуб дар интихобот ва нодида гирифтани тавсияҳои онҳо иқдомоти сахтгиронае кунанд.

Маҳмадалии Ҳайит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки ин нишаст бештар аз табодули иттилоъот миёни масъулони кумисиюни интихобот ва намояндагони САҲУ иборат буд.

Вай афзуд: «Беш аз 20 сол аст, ки Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар робита бо интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва порлумонии Тоҷикистон тавсияҳое ироа медиҳад. Вале на Кумисиюни марказии интихобот, на давлат ва порлумон ин тавсияҳоро намепазиранд. Дар ҳамоиши имрӯз ҳам ба ҳар дархосте, ки хонум Бодеску кард, масъулони кумисиюн гуфтанд, ки тавсияҳои шуморо қабул надорем.»

Оқои Ҳайит мегӯяд ин ҳамоиш баёнгари он буд, ки ҷиддӣ будани фаъъолияти созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон аз миён рафтааст.

‘Маҳкум ба шикаст’

Пӯшида нест, ки тавсияҳо ва муқаррароти Созсони Амният ва Ҳамкории Урупо ба давлатҳои узви ин созмон, аз ҷумла Тоҷикистон, барои анҷоми ислоҳот дар заминаҳои мухталиф, ба ҳеч ваҷҳ монанди қавонин ва қарордодҳои байналмилалӣ илзомовар нестанд ва бештар ҷанбаи тавсияӣ доранд.

 

Ин бад-он маъност, ки давлатҳои узв метавонанд ин тавсияҳоро бипазиранд ва метавонанд аз онҳо сарфи назар кунанд. Аммо ба гуфтаи огоҳони умур, ҳар интихобе подоше дорад.

Як диплумоти ғарбӣ, ки нахост номаш ифшо шавад, дар ин бора ба Би-би-сӣ гуфт: «Ин тавсияҳо ҳосили таҷоруби торихист, ки кишварҳои пешрафта пушти сар кардаанд. Давлатҳое, ки мепазиранд, роҳи худро ба суйи пешрафт кӯтоҳтар мекунанд, аммо онҳое, ки намепазиранд, маҳкум ба шикаст ва такрори ҳаводиси фоҷеъабори таърихӣ барои худ ва мардуми худ ҳастанд.»

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи ӯ, бо пазируфтан ё радди тавсияҳои нозирони САҲУ давлати Тоҷикистон рафтор ва аҳдофи худро ба намоиш мегузорад, ки ин амр аз чашми аъзои дигари ин созмон пинҳон нахоҳад монд ва онҳо тасмим мегиранд, ки дар оянда бо ин кишвар чигуна бархӯрд кунанд.

Иҷрои тавсияҳои САҲУ ҳамчунин барои бисёре аз созмонҳои молии байналмилалӣ ва сармоягузорони эҳтимолӣ муътабар маҳсуб мешавад ва метавонад дар тасмимгирии онҳо ҷиддан асар гузорад.

Интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2013 баргузор шуд. Кумисиюни марказии интихобот Эмомалӣ Раҳмонро бо касби 83,6 дарсад аз орои умумӣ дар миёни панҷ номзад, ки чандон шинохташуда набуданд, пирӯз эълом кард.

Бо баргузории ин интихобот оқои Раҳмон барои чаҳорумин давра бар курсии риёсати ҷумҳурӣ такя зад. Вай дар канори Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев, руасои ҷамоҳири Узбакистон ва Қазоқистон, ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ, тӯлонитарин давраи раҳбариро бар уҳда доштааст.

Ӯ аз моҳи ноябри соли 1992, замони оғози ҷанги дохилӣ ва аз лаҳзае ки дар иҷлосияи 16-и порлумон дар шаҳри Хуҷанд раиси порлумон интихоб шуд, то кунун зимоми қудратро дар даст дорад. Мухолифонаш ӯро ҳамвора ба истибдод ва тамаркузи қудрат муттаҳам кардаанд.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/04/140409_zkh_osce_final_election_report.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *