Чӣ ТАВР БА БАҲСИ СУДӣ РОҲ НАДИҲЕМ?

(Дастур барои журналистон)

ББК 76.01+76.12+76.02

К-16

Таҳти таҳрири

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ,

раиси АМВАОМТ

Мураттибон: Абдуфаттоҳ Воҳидов,

Фирдавс Муҳаммадҷонов

Мусаҳҳеҳ: Нодира Раҳмонбердиева

«Тарзи ба баҳси судӣ роҳ надодан» (Дастур барои журналистон), Душанбе-2014, 116 саҳ.

Дастури мазкурро Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар чорчӯбаи лоиҳаи «Менеҷменти ВАО ва бехатарии эҷодии журналистӣ дар Тоҷикистон», бо дастгирии International Media Suppot (Дания) ва Сафорати ИМА дар ҶТ ба табъ расонд.

Дар дастур парвандаҳои омӯхташуда ва хулосашуда бо иштироки ВАО ва журналистони Тоҷикистон гирд оварда шуда, таҳлили қиёсӣ бо таҷрибаи ҳампешагони қазоқ дар ин соҳа анҷом дода шудааст,  инчунин бо мақсади роҳ надодан ба даъвоҳои судӣ тавсияҳо таҳия шудаанд. Барои журналистон ва ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО пешбинӣ шудааст.

ТАРЗИ РОҲ НАДОДАН БА БАҲСИ СУДӣ:

6 ТАВСИЯ БАРОИ ЖУРНАЛИСТОН

(БА ҶОИ МУҚАДДИМА)

Дар ҳаёти ҳар як журналист ва идораи ВАО дер ё зуд лаҳзае фаро мерасад, ки вайро ба нақзи ҳуқуқи ғайримолумулкии хусусӣ айбдор кардан мехоҳанд ва онҳо ҷавобгар мешаванд. Масалан, аз рӯи даъво дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ онҳо маҷбур мешаванд, ки дар суд ҳуқуқашонро ба паҳн намудани ахбор, он ҳам бошад ахбори объективӣ ва дуруст, вале дар баробари он ба ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони сеюм дахлдоштаро ҳимоя кунанд.

Ҳар як мурофиаи судӣ аз рӯи чунин даъвоҳо нодир буда, қариб ҳамаи онҳо натиҷаи якхела доранд. Ҳар як даъво дар бораи ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ ва даъватномаи суд қариб ҳамеша ғайричашмдошт мебошанд ва барои журналист ва ВАО зуҳуроти номатлуб мебошанд.

Чӣ тавр аз ин зуҳурот нороҳат нашуда, ба ҳимояи худ шурӯъ кардан, манфиатҳо ва ҳуқуқи худро барои паҳн кардани ахбор то суд, дар суд ё баъд аз қабул шудани қарори суд чӣ кор бояд кард?

Ҳанӯз то замоне, ки журналист ва (ё) идораи воситаи ахбори омма аз рӯи даъвоҳо дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ ҳамчун ҷавобгар баромад мекунанд ва дар суд бо шахси даъвогар ё намояндаи вай рӯ ба рӯ мешаванд, зарур аст, ки ҳатто дар марҳилаи омодасозии маводи чопӣ оид ба чанд масъала андеша кунанд.

Маслиҳатҳо ва тавсияҳои дар поён нишондодашуда ба шумо барои роҳ надодан ба эроду даъвоҳо кӯмак мерасонанд, дар ҳолати пешниҳод шудани эроду даъвоҳо бошад шумо бо кӯмаки онҳо метавонед ҳимояи самарабахши худро дар суд андеша кунед ва ба рад сохтани даъвоҳо омода гардед.

Дар тӯли аллакай чанд сол даъвоҳо дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибор яке аз масъалаҳои асосии мониторинги озодии сухан мебошад, ки он аз тарафи Анҷумани миллии ВАО  мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) анҷом дода мешавад. Хадамоти мониторинги АМВАОМТ дар соли 2013 10 воқеаи парвандаҳои судӣ бо ширкати ВАО ва журналистонро ба қайд гирифт: даъво аз болои мухбири радиои «Озодӣ» Абдулло Ашӯров дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз тарафи мудири боғчаи бачагони №93 «Санҷобча» Соҷида Назарова пеш оварда шуд.  Ба муқобили рӯзномаи «Имрӯз News» ду парванда, ба муқобили хабаргузории «TojNews» Амруллоҳи Низом парвандаи маъмурӣ, даъвои ректори Донишкадаи санъат аз болои рӯзномаи «Нигоҳ», даъвои собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аскар Ҳаким аз болои рӯзномаи «Самак» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Даъвои журналист Абдуқаюми Қаюмзод аз болои радиои «Озодӣ» ба масъалаи ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ бахшида шуд. Баъдтар аз болои рӯзномаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина бо ташаббуси созмонҳои эҷодӣ ва се нафар шахси воқеӣ парвандаи пурсару садое оғоз гардид. Парвандаи ҷиноятӣ аз болои журналисти рӯзномаи «Нигоҳ» Маҳмадюсуф Исмоилов инчунин даъвои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз болои шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Хадамоти мониторинг мудом фактҳои барои журналистон ва ВАО номусоидро ба қайд мегирад:

  • миқдори даъвоҳои ба муқобили журналистон ва ВАО пешбинишуда оид ба ҳимояи шаъну шараф ва этибори корӣ, дигар ҳуқуқвайронкуниҳои дифаматсионӣ мудом зиёд ба назар мерасанд;
  • ҳамаи даъвоҳо, амалан, дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва ҳуқуқҳои ғайримолумулкии шахсӣ дар таркиби худ талаби ҷуброни зарари маънавӣ доранд;
  • ҳаҷми маблағи ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ пешбинишаванда аз ҳад калон аст;
  • дар байни даъвогарон аксаран ду табақа вомехӯранд: мансабдорони давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ.

Ба эроду даъвоҳо дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ ва мурофиаҳои ба онҳо алоқаманд роҳ надодан мумкин аст, агар дар бораи бехатарии худ ҳанӯз дар марҳилаи омодасозии иттилоот ё сужет андеша кунед. Инак чанд тавсия оид ба он, ки барои роҳ надодан ба камбудӣ чӣ кор кардан зарур аст:

1. Ҷамъоварии иттилоот. Шумо иттилоот ҷамъ оварда ва бо манбаъҳои иттилоот сӯҳбат карда, кӯшиш кунед, ки ҷараёни сӯҳбатро дар асбобҳои боэътимод нигоҳ доред (дафтар аз ин рӯихат берун аст). Дар ҳар як сабти бо диктофон ё камера анҷомшуда пешакӣ дар куҷо, кадом соат ва бо кӣ сӯхбат карданатонро нависед.

Хулоса: фактҳо ва маълумоти дастраснамудаи шумо аз шахси сеюм бояд то ҳадди имкон дар ягон воситаи сабткунии иттилоъ сабт шуда бошанд. Иттилооти мазкурро нигоҳ доштан кафолати он аст, ки ҳар як эроди дар робита ба масъалаи паҳнкардаи шумо баамаломада, масалан гӯё маълумоти бардурӯғ паҳн карданро рад карда метавонед.

2. Санҷидани ҳаққонияти маълумот. Фактҳо ва маълумоти аз шахси сеюм ва ташкилотҳо дастрасшуда, бешубҳа, ба санҷиш ниёз доранд. Шумо бояд ҳаққонияти онҳоро саҳеҳ гардонед.  Дар ҷараёни санҷиш ба дасти шумо метавонанд ҳуҷҷатҳо ва мавод, мукотибаи расмӣ, маводи парвандаҳои судӣ ва ғайра расанд. Кӯшиш кунед, ки ҳуҷҷатҳои мазкур нусхабардорӣ шаванд.

Хулоса: факту маълумоти аз дасти шахсони сеюм ва ташкилотҳо ба дасти шумо расида бояд дар ҳуҷҷатҳои расмӣ тасдиқи худро пайдо кунанд.  Ба ҷои бо онҳо шинос шудан беҳтар аст, ки онҳоро нусхабардорӣ намоед ва дар дасти худ нигоҳ доред. Ҳуҷҷатҳои тасдиқсозанда зиёд нестанд. Дар назар дошта бошед, ки дар ҳолати ягон нафар аз болоятон ба суд муроҷиат намудан барои ҳимоя дар суд ба шумо кадом ҳуҷҷатҳо лозим мешаванд.

3. Маҳдуд сохтани андеша ва фактҳо. Дар мақолаатон ҳамеша аз андеша ва фактҳо, маълумот ва тафсирҳо камтар истифода баред. Даъвогарон аксар вақт фарқиятро мебинанд, вале журналистон бояд донанд, ки масъалаи пастзании шаъну шараф ва эътибори корӣ ТАНҲО замоне ба миён меояд, ки он аз тариқи воситаи ахбор паҳн шуда бошад. Ҳаққонӣ будани ҳамаи маълумоту фактҳо ва андешаҳоро санҷидан мумкин аст

Хулоса: дар мақолаҳо ва сужетҳо фактҳо ва маълумотро аз андешаҳо, баҳодиҳиҳои субъективӣ, хулосаҳои худи журналист ва тафсирҳо ҷудо кардан зарур аст.

4. Агар барои санҷидани иттилоот вақт нарасад. Вале барои пурра санҷидани ҳаққонияти факту далелҳо ва маълумот на ҳамеша вақт зиёд аст, рӯзномаро таъҷилан барои чоп супоридан зарур аст, сужети барномаро васл кардан зарур аст ва ғайра. Дар ҳамин ҳолат саволе ба миён меояд, ки чунин хабарро паҳн кардан зарур аст ё не? Зеро қонунгузорӣ журналист ва воситаи ахбори оммаро барои насанҷида паҳн кардани ахбор аз ҷавобгарӣ озод намекунад.

Хулоса: аз паҳн кардани ахбори пурра санҷиданашуда беҳтараш худдорӣ намоед, ба худ имкон диҳед, ки ҳаққонияти онро пурра санҷед.

5. Мувофиқа сохтани матни мақола бо тарафҳои гуногун. Маводеро, ки дар натиҷаи ба табъ расондани он масъалаи ҳимояи шаҳну шараф ва эътибори корӣ ба миён меояд, беҳтараш бо тарафҳои гуногуни моҷаро мувофиқа гардонед. Аз ҳама беҳтараш маводи мувофиқашударо бо имзои тарафи мувофиқа тасдиқ созед ва нусхаҳои маводро дар бойгониатон нигоҳ доред.

Хулоса: агар манбаи ахбори шумо дар зери матн имзояшро гузошта розигиашро барои чопи фактҳо ва маълумот диҳад, бехатарии шумо таъмин мегардад.

6. Санҷиши ҳуқуқии матн пеш аз чоп ва ба мавҷ баромадан. Агар дар идораи воситаи ахбор ҳуқуқшинос фаъолият дошта бошад хуб аст, зеро вай маводи журналистонро месанҷад. Агар ҳуқуқшинос набошад, он гоҳ муаллифи мақола ё сужет худаш метавонад эҳтимоли ба миён омадани баҳс аз болои маводи паҳнкардааш санҷад.

Хулоса: ҳар як баҳси иттилоотӣ моҷарои ҳуқуқ барои озодии сухан ва ҳуқуқҳои дигарон (барои ҳимояи эътибор, ҳуқуқ барои акси шахсӣ, ҳуқуқи дахлнопазирии ҳаёти шахс ва ғайра) мебошад. Санҷиши ҳуқуқии матн пеш аз ба табъ расондани он бояд ба шумо дарки пурраи онро диҳад, ки ба кадом қоидаҳо ва манфиатҳои шахсони сеюм дахл карда метавонед ва оқибатҳои мусбату манфии тахминии онро пешбинӣ намоед.

Манбаъ: http://newreporter.org/2012/04/17/kak-izbezhat-sudebnyx-razbiratelstv-6-rekomendacij-dlya-zhurnalistov/

 

ҚАЗИЯИ «АЗИЯ-ПЛЮС»:

ЗИЁИЁН МУҚОБИЛИ ОЗОДИИ СУХАН?

Рӯзи 25 феврал суди марҳилаи аввал зидди рӯзномаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он аз рӯи аризаи даъвогии панҷ созмони эҷодӣ (Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи бастакорон, Иттифоқи рассомон ва Иттифоқи меъморон), инчунин се нафар шахсони воқеӣ Раҷабов Аскаралӣ, Раҳматов Ҳикмат ва Абдиева Дилбар ҳукм баровард.

Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт қарор қабул намуд, ки тибқи он идораи рӯзнома ва муҳаррири он Олга Тутубалина ӯҳдадор карда мешаванд на танҳо радия ба табъ расонанд, инчунин ба ҳисоби се шахси воқеие (Д.Абдиева, А.Раҷабов ва Х.Раҳматов), ки ҳамчун даъвогар баромад намудаанд 30 ҳазор сомонӣ пардохт кунанд.

Дар аризаи даъвогиашон намояндагони зиёиён аз суд пурсидаанд, ки аз ҷавобгар ва ҳамҷавобгар, ки муҳаррири он О.Тутубалина аст дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ ситонда шавад.

Даъвогарон инчунин хостаанд, ки ташхиси судию забоншиносӣ гузаронда, бо мақсади таъмини даъво моликияти Тутубалина ба ҳабс гирифта шавад.

Дар оғози моҳи июли соли 2013 намояндагони зиёиён ба суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз болои муҳаррири рӯзномаи «Азия-Плюс» Олга Тутубалина  аризаи даъвогӣ пешниҳод намуданд. Шаш нафар даъвогар аз суд талаб намуданд, ки аз ҷавобгар ва ҳамҷавобгар рӯзномаи «Азия-Плюс» барои расондани зарари маънавӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ маблағ ситонад. Аммо суди мазкур даъворо бо сабаби ба суди иқтисодӣ дахл надоштани мавзӯи баҳс рад намуд. Баъдтар даъвогарон ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даъво бурданд.

Дар баробари он ду нафар ходимони Шӯъбаи вурудномаҳо ва бақайдгирии шаҳри Душанбе бо мақсади санҷидани қонунӣ будани будубоши О.Тутубалина дар Тоҷикистон ба идораи рӯзномаи «Азия-Плюс» омаданд, зеро Тутубалина шаҳрванди Россия аст.

Худи О.Тутубалина дар як сӯҳбати телефонӣ ба «Азия-Плюс» гуфтааст, ки «Ба андешаи ман ходимони Шӯъбаи вурудномаҳо ва бақайдгирӣ дар қайди Душанбе будани маро бо осонӣ муайян карда метавонанд, зеро ман дар ҳамин ҷо таваллуд шуда, тамоми ҳаёти бошууронаамро маҳз дар ҳамин ҷо гузарондаам. Ман фаҳмида наметавонам, ки бо кадом мақсад барои муайян намудани саволи оддӣ ба идораи рӯзнома омадаанд. Масъалаи шаҳрвандии ман бошад ба онҳое, ки бо хоҳиши милитсия масъалаи дар куҷо ба қайд гирифта шудани маро фаҳмидан хостааст, дахл надорад. Барои таскини даъвогарон хабар медиҳам, ки ман шаҳрванди ду кишвар – Тоҷикистон ва Россия ҳастам. Ин масъаларо ҳам санҷидан кори мушкил нест».

Тавре қаблан дар изҳороти хабаргузории «Азия-Плюс» аз 15 июни соли 2013 хабар дода шуда буд, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ тақрибан ду ҳафта қабл дар бинои Иттифоқи нависандагон вохӯрие ташкил намуд, ки дар он намояндагони Иттифоқи нависандагон, бастакорон, рассомон, Академияи илмҳо, Иттифоқи журналистон ва Шӯрои ВАО ширкат доштанд. Дар ҷараёни вохӯрии мазкур намояндагони зиёиён масъалаи мақолаи Олга Тутубалинаро мавриди баррасӣ қарор доданд. «Азбаски ба андешаи мо вай бо суханони худ ҳамаи намояндагони зиёиёни мамлакатро таҳқир намудааст, қарор додем аз болои вай ба суд даъво барем. Мо боз бо он сабаб ба чунин хулоса расидем, ки ин рӯзҳо ба Иттифоқи нависандагон ва ба Академияи илмҳои мамлакат муроҷиатҳои сершумори телефонии намояндагони зиёиёни мамлакат ворид шуд», — қайд намуд М.Бахтӣ.

Дар маҷлиси пешакии судӣ, ки рӯзи 19 августи соли 2013 барпо гашт, адвокатҳои тарафи ҷавобгар Шӯҳрат Қудратов ва Иноят Иноятов тавсия доданд, ки даъво бе ҳаракат гузошта шавад, зеро дар даъво як зумра камбудиҳо мавҷуд аст. Даъво аз тарафи даъвогароне дода шудааст, ки онҳо ваколати аз номи тамоми зиёиёни мамлакат баромад карданро надоранд. Ба андешаи адвокатҳо, тартиби тосудии мавзӯи баҳс халалдор гашта, ба идораи рӯзнома раддия ворид нашудааст. Илова бар он, як қатор мушкилоти техникӣ мавҷуд аст: дар аризаи даъвогӣ имзои даъвогарон мавҷуд набуда, ариза на дар баргаи расмӣ, балки дар варақи муқаррарӣ чоп шудааст. Судя баъд аз баррасӣ намудани хатоҳои номбаршуда, ба даъвогарон барои ислоҳи камбудиҳои ариза то рӯзи 27 август мӯҳлат муқаррар намуд.

Рӯзи душанбе 26 август муҳаррири рӯзномаи «Азия-Плюс» Олга Тутубалина ва идораи рӯзнома ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аризаи норозигӣ пешниҳод намуданд. Дар аризаи норозигӣ қайд шудааст, ки даъво асоси қонунӣ ва қонунвайронкунӣ надорад. Дар моддаи 27 Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» меъёри ҳуқуқие муқаррар гаштааст, ки он манбаи иттилоъро муҳофизат мекунад. Бо ҳамин сабаб, барои мазмуни иқтибос ё дигар манбаъи иттилоъ журналист Тутубалина вазифадор нест, ки ягон хел ҷавобгарии қонунӣ дошта бошад. Дар аризаи норозигӣ инчунин қайд шудааст, ки даъво аз тарафи одамоне пешниҳод шудааст, ки онҳо ҳуқуқи даъво кардан надоранд, яъне даъвогарон ваколати аз номи зиёиён баромад кардан надоранд. Бо ҳамин сабаб ва асосҳои дигар идораи рӯзнома аз суд талаб кардааст, ки даъво қонеъ гардонда нашавад.

Вале рӯзи 27 август дар маҷлиси тайёрӣ аз тарафи даъвогарон хатоҳо ислоҳ нашуда буданд, бо ҳамин сабаб суд мурофиаро то рӯзи 3 сентябр мавқуф гузошт.

Тарафи даъвогар ниҳоят ҳуҷҷатҳои талабшударо омода карда, онҳоро ба парванда замима намуданд. «Ҳуҷҷатҳо бар хилофи кодекси гражданию мурофиавӣ омода карда шуда буданд, — қайд намуд адвокат Ш.Қудратов. – Бо ҳамин сабаб тарафи ҷавобгар тавсия дод, ки аз тарафи даъвогар ҳамаи камбудиҳо ислоҳ карда шаванд. Суд барои ислоҳи камбудиҳо то 3 сентябр мӯҳлат муқаррар намуд».

Рӯзи 13 сентябр маҷлиси навбатии судӣ аз рӯи даъвои зиёиён аз болои рӯзномаи «Азия-Плюс» ва Олга Тутубалина барпо гашт.

Тавре намояндаи О.Тутубалина Иноят Иноятов хабар дод, дар маҷлиси пешакии суд тавсияи ҷавобгаронро оид ба қабул накардани даъво рад намуд ва тавсияи тарафи даъвогаронро ҳал нокарда боқӣ гузошт.

Тибқи суханони Иноятов, онҳо дар тавсияи худ аз суд талаб намудаанд, ки даъво рад карда шавад, зеро ташкилотҳо ва шахсоне, ки даъво пеш овардаанд, ваколати даъво карданро надоранд. Тавре ҳуқуқшинос гуфт, дар оинномаи созмонҳои мазкур пешбинӣ нашудааст, ки онҳо аз номи зиёиён даъво кунанд, инчунин аз номи зиёиён шахсони алоҳида баромад карда наметавонанд. Вале бо вуҷуди он суд тавсияи мазкурро рад намуд.

Адвокат инчунин хабар дод, ки намояндагони тарафи даъвогар ба судя муроҷиат намуда, тавсия додаанд, ки мақолаи Олга Тутубалина аз ташхиси судию забоншиносӣ гузаронда шавад.

Иноят Иноятов – адвокати рӯзномаи «Азия-Плюс» ва журналист Олга Тутубалина рӯзи 30 сентябр ба суд тавсияи хаттӣ ирсол намуда, талаб кард, ки ваколатҳои даъвогарон такроран санҷида шавад. Дар ин бора худи адвокат хабар дод.

Тавре вай гуфт, бо тавсияи мазкур вай аз суд талаб намудааст, ки даъвогарон дар бораи аз номи муҳандисон, табибон, муаллимон, ҳуқуқшиносон, коркунони илмӣ, фарҳанг ва хизматчиёни давлатӣ ваколатдор буданашон ваколатномаҳои тибқи муқаррарот муайяншуда пешниҳод кунанд

«Академияи илмҳо, Иттифоқҳои нависандагон, бастакорон, рассомон, меъморон на аз тариқи қонун ва на аз тариқи оинномаашон барои аз номи зиёиён баромад кардан ваколатдор карда нашудаанд. Шаҳрвандон Раҷабов Аскаралӣ, Раҳматов Ҳикмат ва Абдиева Дилбар низ шахсони воқеӣ буда, ҳуқуқ ва ваколати мазкурро надоранд», — фаҳмонд Иноятов.

Ба андешаи адвокат, масъалаи муайян намудани ваколати тарафҳо дар истеҳсолоти судии гражданӣ аҳамияти муҳим дорад. Иноятов қайд намуд, ки ба суд лозим аст, ки ба масъалаи мазкур баҳои ҳуқуқӣ диҳад ва баъд аз он ба баррасӣ намудани парванда аз рӯи моҳият гузарад.

Рӯзи 10 октябрь маҷлиси навбатии судӣ аз рӯи даъвои «Зиёиён…» ба муқобили рӯзномаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он О.Тутубалина барпо гашт. Дар ҷараёни суд далелҳои тарафи даъвогарон шунида шуд. Дар суханронии худ намояндаи тарафи даъвогар Рустам Устобоев арз намуд, ки танҳо ба се нафар шахсони воқеӣ Аскаралӣ Раҷабов, Дилбар Абдиева ва Ҳикмат Раҳматов барои паст задани шаъну шараф ва эътибори корӣ маблағи зарари маънавӣ ҷуброн карда шавад.

Устобоев арз намуд, ки «дар рӯзномаи «Азия-Плюс» мақолаи таҳқиркунандаи шаъну шараф ва эътибори кори аксари одамон, ҳар як зиёии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидааст».  Вале ба суд, тибқи суханони вай, шахсони мушаххаси ҳуқуқие муроҷиат кардаанд, ки ҳамаи зиёиёнро ҳимоя накарда, балки маҳз эътибори кори худро ҳимоя менамоянд». «Аз ин рӯ аз суд хоҳиш мекунам даъво қонеъ гардонда шавад, зеро, узр мехоҳам, саргин дар Африка ҳам саргин аст», — гуфт ӯ.

Эроди даъвогарон, тибқи суханони вай, танҳо ба ибораи «Зиёиён – мағзи миллат набуда, саргини он мебошанд» аст, ки онро О.Тутубалина дар дохили андешаи хусусии худ «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («АП», №40 аз 30 майи соли 2013) истифода бурдааст.

Устобоев қайд намуд, ки вай тавсияи қаблӣ дар бораи гузарондани ташхиси судию забоншиносии калимаи «саргин»-ро тасдиқ менамояд.

«Мо чандин маротиба талаб намудем, ки тарафи ҷавобгар исбот намояд, ки он маҳз мактуби Ленин аст. Мо хоҳиш кардем, ки нусхаи тасдиқшуда ё нусхаи асли мактуби Ленинро пайдо кунанд, то мо бубинем, ки ибораи мазкур маҳз дар мактуб навишта шудааст. Тарафи ҷавобгар мактубро пешниҳод карда натавонист ва ҳамин исботи мавҷуд набудани чунин мактубе аст, ки дар он калимаи мазкур истифода шудааст».

Вай инчунин арз намуд, ки даъвогарон ба журналист будани О.Тутубалина шубҳа доранд. «Даъвои ҷавобгаргон дар бораи он, ки О.Тутубалина журналист аст, низ исбот нашуд».

Намояндаи рӯзнома ва О.Тутубалина – Иноят Иноятов дар навбати аввал такроран тавсия дод, ки даъвогарон ба суд ҳуҷҷат дар бораи намояндаи зиёиён будани даъвогаронро пешниҳод намоянд.

Танҳо Академияи илмҳо ва Иттифоқи нависандагон талаб доранд, ки узр пурсида шавад, гуфт адвокат. Вале вай ба баъзе саволҳои тарафи ҷавобгар – О.Тутубалина, Иноят Иноятов ва Шӯҳрат Қудратов ҷавоб дода натавонист.

Баъд аз ин суд қарор кард, ки даъвогарон Аскаралӣ Раҷабов, Дилбар Абдиева ва Ҳикмат Раҳматов  ҳамчун даъвогар ба суд даъват карда шаванд. Маҷлиси навбатии суд рӯзи 18 октябр соати 14.00 бояд барпо мегардид.

Рӯзи 18 октябр мурофиаи судӣ бо сабаби ҳузур надоштани даъвогарон – роҳбари Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ, президенти Академияи илмҳо Мамадшо Илолов, духтури бемориҳои пӯст Дилбар Абдиева ва шоир Ҳикмат Раҳматов бори дигар мавқуф гузошта шуд. Ба андешаи Рустам Устобов, онҳо барои дар суд ширкат кардан вазифадор нестанд.

Ба мурофиаи рӯзи 22 октябр барпошуда танҳо ду нафар даъвогарон Раҳматов Ҳикмат ва Раҷабов Аскаралӣ ҳозир шуданд.

Раҳматов Ҳикмат дар суханронии худ арз намуд — «Ман бо мазмуни мақола ошно нестам, вале калимаи «саргин» маро таҳқир мекунад ва паст мезанад. Ба андешаи ман, ин калима шаъну шараф ва эътибори маро паст мезанад. Ман ба зиёиёни дигар кор надорам, танҳо аз номи худам мегӯям».

Ба саволи оё дар мақола номи вай ҳаст ё не ва мақола ба кадом мавзӯъ бахшида шудааст Ҳ. Раҳматов ҷавоб дод, ки «номаш нест, мавзӯи мақола ба Тоҷикистон баргаштани шоир Бозор Собир аст».

Дар муқобили саволи адвокат дар бораи аз тариқи кадом санади ҳуқуқию меъёрӣ исбот шудани кӣ будани зиёӣ ва чӣ тавр ба шаъну шараф ва эътибори вай дахл доштани мақола Ҳ.Раҳматов арз намуд, ки «вай ин ҷо ба имтиҳонсупорӣ ва исбот намудани чизе наомадааст».

Даъвогари дуюм Раҷабова Дилбар қатъият аз суханронӣ намудан дар суд ва ҷавоб додан ба саволҳо саркашӣ намуд. «Ман аз ҷавоб додан ба ҳар савол саркашӣ мекунам. Ман худамро зиёӣ меҳисобам. Ҳарчанд номи ман дар мақола оварда нашудааст, вале дар он калимаи «зиёиён» мавҷуд аст ва бо ҳамин сабаб шаъну шарафи ман поймол шудааст».

Адвокати тарафи даъвогарон Рустам Устобоев арз намуд, ки мактуби Ленинро О.Тутубалина дар шакли таҳрифшуда истифода бурдааст.

Дар баробари ин адвокатҳои тарафи ҷавобгаргон Иноят Иноятов ва Шӯҳрат Қудратов арз намуданд, ки онҳо ба саволҳояшон посух нагирифтанд.

Судя Ҷобирова С. бори дигар адвокати даъвогаронро ёдрас намуд, ки дигар иштирокчиёни мурофиа низ аз ҷумла намояндаи Академияи илмҳои ҶТ Мамадшо Илолов ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ  даъват карда шаванд.

Мурофиаи навбатии судӣ рӯзи 29 октябр соати 14.00 барпо мегардад.

Рӯзи 29 октябр Рустам Устобоев, ки аз номи даъвогарони ҳузурнадошта Меҳмон Бахтӣ ва Мамадшо Илолов баромад мекунад, аз ҷавоб додан ба 11 саволи (аз байни 22 савол) тарафи муқобил саркашӣ намуд.

Роҳбарони созмонҳои даъвогар раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтӣ, ва раиси Академияи илмҳо Мамадшо Илолов ба суд ҳозир нашуданд. Онҳо аллакай чорум маротиба даъвати судро нодида мегиранд.

Намояндаи даъвогарон Рустам Устобоев гуфт, ки сабаби ҳузур надоштани М.Бахтӣ ба интихобот вобаста будани вай аст. «ӯро бо сабаби интихобот ба гурӯҳи ноҳияҳои Рашт фиристодаанд. Вай шахси ваколатдор аст», — гуфт Р.Устобоев. Мамадшо Илоловро бошад, тибқи суханони адвокат, бо телефон пайдо карда натавонист, гӯё телефонаш ҷавоб намедиҳад.

Устобоев қайд намуд, ки ба ҷои онҳо худаш «омода аст ба ҳар гуна савол ҷавоб диҳад». Вале 11 саволи тарафи ҷавобгарҳо беҷавоб монданд: «ман ба ин саволҳо ҷавоб намегӯям», — гуфт вай.

Судя ба Р.Устобоев фаҳмонд, ки бо М.Бахтӣ ва М.Илолов вохӯрда, онҳоро огоҳ созад, ки ба суд шахсан ҳозир шаванд.

Рӯзи 1 ноябр мурофиаи навбатии суди зиёиён бар зидди рӯзномаи «АП» ва О.Тутубалина барпо гашт.

Адвокати даъвогарон Р.Устобоев дар оғози мурофиаи судӣ аз суд хоҳиш намуд, ки ҷараёни судро бо диктофон сабт кунанд. Дар баробари он адвокат тавсия намуд, ки шахсияти одамони ба парванда дахлнадоштаи дар толори суд ҳузурдошта муқаррар карда шавад. Зеро гуфт вай, онҳо бидуни иҷозат дар толор сурат мегиранд ва онро дар сомонаҳои интернетӣ ҷойгир мекунанд.

Раисикунандаи суд Сурайё Ҷобирова қайд намуд, ки «маҷлиси судӣ кушода аст ва ҳамаи иштирокчиёни мурофиа, ҳам тарафҳои парванда ва ҳам иштирокчиёни дигар ҳуқуқ доранд ҷараёни мурофиаро дар диктофон сабт кунанд». Вай инчунин қайд намуд, ки дар мурофиа танҳо иштирокчиёни тарафҳои мурофиа муқаррар карда мешаванд.

Баъд аз ин адвокати Олга Тутубалина Иноят Иноятов дар суханронии худ қайд намуд, ки мутобиқи моддаи 30 Конститутсияи ҶТ ба ҳама озодии сухан, матбуот ва истифода бурдан аз воситаҳои ахбор кафолат дода шудааст.  Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» бошад андешаи шахсии муаллиф ҳамчун сухани таҳқиркунанда ва пастзанандаи шаъну шараф ва эътибори шахс баҳо дода намешавад. Мо ба суд тарҷумаи дар нотариус тасдиқшудаи мавод аз маҷмӯаи асарҳо гирифташударо пешниҳод намудем, ва он сухани Ленин будани ибораи мақоларо исбот менамояд».

Рӯзи 12 ноябр намояндаи даъвогарон Рустам Устобоев аз суд талаб намуд, ки ташхисро ё дар Кумитаи забон ва терминологияи назди ҳукумат ё бо салоҳдиди суд гузаронанд. «Барои мо дар куҷо гузаштани ташхис муҳим нест. Вале ташхис бояд бетараф бошад ва боиси шубҳа нагардад», — қайд намуд адвокат.

Тарафи ҳимоя тавсия намуд, ки ду пажӯҳишгоҳе, ки метавонанд ташхисро гузаронанд, имкони хулосаи беғаразона бароварданро надоранд.

«Тавре мо огоҳем, дар Тоҷикистон танҳо ду ташкилот – Кумитаи оид ба забон ва терминологияи назди ҳукумат ва Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рудакии АИ ҶТ метавонанд ташхиси забоншиносӣ гузаронанд, — гуфт Иноят Иноятов. – Вале ҳардуи ин ташкилотҳо ба Академияи илмҳо ва президенти он алоқаманд мебошанд. Пажӯҳишгоҳ тобеи бевоситаи АИ буда, раиси Кумитаи забон Додихудо Саймуддинов бошад собиқ директори Пажӯҳишгоҳи мазкур аст».

Бо ҳамин сабаб тарафи ҳимоя талаб намуд, ки ташхис дар ягон мамлакати хориҷа гузаронда шавад.

Рӯзи 13 ноябр бо таъиноти суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти раисии Сурайё Ҷобирова ташхиси судию забоншиносӣ таъин гашта, он ба ӯҳдаи Кумитаи забон ва терминологияи назди ҳукумат вогузор гардид.

Дар назди коршиносон вазифа гузошта шудааст, ки ба чор саволе посух гӯянд, ки онҳо дар як савол ҷамъбаст мегарданд — оё дар мақолаи батабърасондаи О.Тутубалина «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» калимаҳои манфӣ ва пастзанандаи шаъну шараф ва эътибор мавҷуд аст ё не?

«Мо дирӯз Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии ба номи Рудакиии АИ ҶТ ва кумитаи забон ва терминологияро рад намуда, аз суд хоҳиш карда будем, ки ташхисро бо сабаби ба АИ алоқаманд будани созмонҳои мазкур ба ягон созмони бетарафу беғараз супорад. Вале суд гузарондани ташхисро ба зиммаи Кумитаи забон ва терминология супурд. Мо бо ин таъиноти суд розӣ нестем ва чунин ҳисоб мекунем, ки таъиноти мазкур ба беғаразона ҳал шудани масъалаи ташхис мусоидат намекунад», — қайд намуд Иноят Иноятов.

Тавре Иноятов гуфт, баъд аз дастрас намудани матни пурраи таъиноти суд дар бораи гузарондани ташхиси судию забоншиносӣ онҳо масъалаи пешниҳод намудани шикояти алоҳидаро ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди шаҳри Душанбе баррасӣ менамоянд.

Рӯзи 4 феврали соли 2014 Кумитаи забон ва терминологияи назди ҳукумат хулосаи ташхиси судию забоншиносии мақоларо пешниҳод намуд.

Тибқи таъиноти суд гурӯҳи коршиносон дар ҳайати Муродов М.С., — мудири шӯъбаи ташхиси забоншиносии Кумита, Ҳоҷиматов Г.М., — доктори илмҳои педагогӣ, профессор, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси ДМТ, Шодиев Х.А., — сармутахассиси шӯъбаи ташхиси забоншиносии Кумита ба саволҳои зерини суд посух доданд:

— Дар мақолаи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» маълумот дар бораи даъвогарон Академияи илмҳои ҶТ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи бастакорони Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Раҷабов А., Раҳматов Ҳ., Абдиева Д.Х. ва сифатҳои шахсию маънавии онҳо мавҷуд аст? Агар мавҷуд бошад, онҳо дар кадом унсурҳои забон зоҳир гаштаанд?

— Агар маълумоти манфӣ мавҷуд бошад, онҳо дар кадом шакл (тасдиқӣ, термин  ё саволӣ) ва жанр ифода шудаанд?

— Агар дар мавод дар бораи шахсиятҳои номбаршуда маълумоти манфӣ мавҷуд бошад, оё онҳоро ҳамчун пастзанандаи шаъну шараф ва эътибори шахсию корӣ, ё шармандасозандаи номи некашон фаҳмидан мумкин аст?

Коршиносон муқаррар намуданд, ки барои мушаххас намудани савол ду ҳолатро ба эътибор гирифтан зарур аст:

— Агар даъвогарон Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи меъморон, Иттифоқи бастакорон, Раҷабов А., Раҳматов Ҳ., Абдиева Д.Х. намояндагони зиёиён ё зиёӣ дониста нашаванд, маълумоти манфӣ ба онҳо дахл надоранд.

— Агар даъвогарон намояндагони зиёиён ё зиёӣ дониста шаванд, пас маълумоти дар мақола овардашуда аз қабили ҷумлаи «Зиёиён – на мағзи миллат, балки саргини он аст» ба онҳо дахл дорад.

Дар ҷумлаи мазкур коршиносон дар мактуби В.И.Ленин калимаи «зиёиён»-ро пайдо накарданд.

— Хулосаи коршиносон сатҳӣ ва пурихтилоф аст, — гуфтааст намояндаи рӯзномаи «АП» Иноят Иноятов. – Коршиносон ба саволҳои дар пеши онҳо гузошташуда посухи саҳеҳ ва пурра надодаанд. Масалан, ба саволи «Оё дар маводи батабърасида дар бораи даъвогарон иттилооти манфӣ мавҷуд аст?» посух нопурра аст.

Ман ҳамчун адвокат чунин меҳисобам, ки чунин хулосаҳои коршиносон касбӣ набуда, ғайримантиқӣ аст.

Адвокатҳо Иноят Иноятов ва Шӯҳрат Қудратов арз намуданд, ки хулосаи коршиносии судии забоншиносӣ аз рӯи мақолаи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён», ки аз тарафи Кумитаи оид ба забон ва истилоҳот мураттаб гаштааст, пурра набуда, ғайрикасбӣ ва муғризона аст. Иноятов қайд намуд, ки «коршиносон амалан аз чорчӯбаи саволҳои суд ба пеши онҳо гузошта шуда баромада, ба он на хулосаи забоншиносӣ, балки хулосаи ҳуқуқӣ додаанд».

«Ба ду саволи охир қисман ва номафҳум посух дода, ба саволи сеюм комилан посух надодаанд, — гуфт Иноятов. – Масалан, ба саволи «Оё дар бораи даъвогарон, сифатҳои шахсӣ ва касбии онҳо маълумоти манфӣ мавҷуд аст?» посух надодаанд.

Тибқи суханони вай, хулоса аз ҳад зиёд кӯтоҳ – камтар аз як саҳифа аст, бинобар ин дар бораи асоснокӣ ва эътибори он баҳо додан кори мушкил аст.

Бо ҳамин сабаб тарафи ҳимояи рӯзнома тавсия дод, ки коршиносони Кумитаи оид ба забон ва истилоҳот ба суд даъват карда шуда, президенти нави Академияи илмҳо ё аризаи хаттии Фарҳод Раҳимов дар бораи дастгирӣ намудани даъвои зиёиён пешниҳод гардад.

Намояндаи даъвогарон Рустам Устобоев чунин меҳисобад, ки хулосаи забоншиносӣ пурра асоснок ва қонеъкунанда аст. «Барои муайян намудани як калима – сензурӣ ё ғайрисензурӣ будани он дониши амиқ зарур нест», — гуфтааст Устобоев.

Вай инчунин қайд кардааст, ки бо Фарҳод Раҳимов шахсан гуфтугӯ карда, аз забонаш шунидааст, ки даъворо дастгирӣ менамояд: «Ман бо Раҳимов вохӯрдам, вай комилан зид нест. Касе эътиборномаро пас нахондааст, аз ин рӯ ман намояндагии онҳоро идома медиҳам», — гуфт Устобоев.

Хотиррасон мекунем, ки Раҳимов қаблан дар бораи даъвои судии байни зиёиён, рӯзномаи «АП» ва Олга Тутубалина гуфтугӯ намуда, қайд карда буд, ки «ин кори онҳост, ман ба онҳо муносибат надорам. Фаъолияти ман рӯзи 6 декабр шурӯъ гаштааст».

Намояндаи даъвогарон эътироф намуд, ки ҷойҳои баҳсноки мақола андешаи шахсӣ мебошанд. Ба саволи агар Ленин зиёиёни буржуазиро дар назар дошта бошад, пас Олга онҳоро дар назар дошт? Устобоев ба ин савол чунин посух дод: «ин ақидаи шахсии Олга Тутубалина аст, Ленин чунин нагуфтааст».

Суд тавсия дар бораи ба суд даъват кардани коршиносони кумитаи оид ба забон ва истилоҳотро қонеъ гардонд. Тавсия дар бораи роҳбари нави Академияи илмҳо қисман қонеъ гардонда шуд: мактуб дар бораи он, ки Раҳимов ваколатҳои Устобоевро дастгирӣ менамояд.

Рӯзи 13 феврали соли 2014 дар суд адвокати рӯзнома арз намуд, ки хулосаи забоншиносии мақолаи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён»-ро се нафар мутахассис гузаронда, ду нафари онҳо дар бораи донистани забони русӣ ягон шаҳодатнома надоранд. Илова бар ин, ягон нафари коршиносон усулҳои гузарондани хулосаи забоншиносиро намедонанд.   

Коршиносони мақолаи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён»-ро аз ташхиси забоншиносӣ гузаронда ба мурофиаи судӣ ҳозир шуданд.

Тавре муайян гардид, ташхисро дар тӯли як ҳафта се нафар  — мудири шӯъбаи ташхиси забоншиносии Кумита Маҳмад Муродов, сармутахассиси шӯъба Х. Шодиев ва доктори илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Гулчеҳра Ҳоҷиматова гузарондаанд.

Муродов, роҳбари «гурӯҳи корӣ» гуфт, ки вай соҳиби ихтисоси филологи тоҷик аст ва ягон унвони илмӣ надорад. Шодиев низ филолог буда, ба забони русӣ муносибат надорад.

Дар натиҷа муқаррар карда шуд, ки ба забони русӣ аз рӯи нуқтаи назари касбӣ танҳо Ҳоҷиматова муносибат дорад. Вай қайд намуд, ки бо супориши декани факултаи забон ва адабиёти руси ДМТ барои гузарондани ташхис розӣ шудааст.

Ба саволи «Аз рӯи кадом асос ва усулҳои гузарондани ташхиси забоншиносӣ онҳо кор кардаанд?» Шодиев посух дод: «ман намедонам бо кадом усул». Ҳоҷиматова низ гуфт, ки усулро номбар карда наметавонад.

Ба саволи «Оё худи иштироккунандагон худро зиёӣ меҳисобанд?» Муродов посухи фаҳмо надод: «худро зиёӣ донистан ё не кори шахсии ман аст. Дар ҳақиқат, агар андешаҳои ҳархеларо гирем чизе нест. Сад андеша дошта, шумо аз ҳақиқат дур ҳастед, ба натиҷаи дилхоҳ намерасед. Одами хушахлоқ низ ҳамин тавр аст. Аз ин рӯ, вақте сухан дар бораи зиёиён ё демократ ё ғайра меравад, ҳақиқат, воқеият дуруст аст. Шумо агар мепурсидед, ки оё ба ҳақиқат боварӣ доред, ман ба шумо ташаккур мегуфтам. Вале агар ман худро зиёӣ ҳисоб кунам, вале ҳақиқатро поймол намоям ман худамро дар ин ҳолат одами ҳақиқӣ намеҳисобидам».

Коршиноси дигар Х.Шодиев аз рӯи виҷдон гуфт, ки худро зиёӣ ҳисоб мекунад. «Ман, албатта, худро зиёӣ меҳисобам. Вале дар бораи тарзи қабули мақола чизе гуфта наметавонам, зеро дар ин ҳолат ман шахси ғаразнок дониста мешавам».

Дар баробари он, дар вақти мурофиа ҳама гуфтанд, ки дар мақола сухан дар бораи даъвогарон намеравад, номи онҳо дар мақола навишта нашудааст.

Ба саволи «калимаи «с…»-ро Тутубалина дар мақолааш дар нисбати ин панҷ нафар навиштааст?» Муродов чунин посух дод: « дар инҷо номи онҳо нест. Дар ин ҷо дар бораи кадом зиёиён сухан меравад, маълум нест. Муаллиф нагуфтааст, ки дар бораи кадом зиёиён – буржуазӣ, демократӣ ё зиёиёни Ҳизби наҳзати исломӣ сухан гуфтааст».

Тавре Ҳоҷиматова гуфт, «Зиёиён мағзи миллат нестанд, онҳо саргини он мебошанд» ба доҳии пролетариатҳои ҷаҳон Владимир Ленин тааллуқ дорад. Ман чунин гуфтан мехоҳам». Тутубалина ин суханро аллакай гуфтааст.

«Ин муносибати вай аст, ӯ гуфтан мехоҳад, вале онро навиштааст».

Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар мурофиаи мазкур аз тарафи намояндагони даъвогарон ҳуҷҷат бо имзои президенти нави Академияи илмҳо дар бораи дастгири намудани Фарҳод Раҳимов аз даъвои зидди рӯзномаи «АП» ва Олга Тутубалина пешниҳод гардид.

Баъд аз анҷоми маҷлиси судӣ суд ғайри чашмдошти тарафи ҳимоя рӯзи 13 феврал музокироти байни тарафҳоро таъин намуд. Судя хоҳиши тарафи ҳимояро дар бораи ба музокирот омода набудан ва боз дархост доштанаш оинапазируфт.

Ба андешаи Иноятов, эҳтимол, аз боло супориш шудааст, ки мурофиа анҷом дода шавад, ва ба манфиати кӣ анҷом шуданаш ҳам супориш шудааст…

Рӯзи 13 феврал маҷлиси навбатии судӣ барпо гашта, дар он андешаҳои тарафҳо шунида шуд. Пеш аз он намояндаи рӯзнома Иноят Иноятов хабар дод, ки тарафи ҳимоя ба мубоҳиса омода нест, зеро то ҳол бисёр саволҳои аниқношуда мавҷуданд. Иноятов тавсия дод, ки бо назардошти ҳолатҳои дар маҷлиси гузаштаи суд муайяншуда ташхиси такрории забоншиносӣ гузаронда шавад.

Намояндаи тарафи даъвогарон Устобоев гуфт, ки матни мақола «аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, сипас ташхис гузаронда шудааст».

Бо вуҷуди он, баъд аз ҳуҷраи машваратӣ баромадан, суд тавсияро дар бораи гузарондани ташхиси такрори рад намуд.

«Суд ба хулоса расид, ки мутобиқи қисми 2 моддаи 89 Кодекси мурофиавии гражданӣ «ташхиси такрорӣ вақте гузаронда мешавад, ки хулосаи коршиноси судӣ асоснок набошад, хулосаҳои вай шубҳанок буда, маводи ба коршиносони судӣ додашуда носаҳеҳ бошанд, дар байни хулосаҳои якчанд коршиносони судӣ ихтилоф вуҷуд дошта бошад, инчунин қоидаҳои гузарондани ташхис халалдор шуда бошанд». Ташхиси судӣ дастрас шудааст, коршиносон ба суд даъват шуда, посухи онҳо шунида шудааст. Инчунин қисми 3 моддаи 88 Кодекси мурофиавии гражданӣ пешбинӣ менамояд, ки хулосаи коршиноси судӣ дар маҷлиси судӣ омӯхта шуда, баробари дигар ҳуҷҷатҳо ба он баҳо дода мешавад. Бо ҳамин сабаб суд гузарондани ташхиси такрориро зарур надонист ва ба хулоса расид, ки тавсияро рад намояд», — гуфт судя Ҷобирова.

Тарафи ҳимоя инчунин тавсия дод, ки даъвогарон – шахсони алоҳида, дар бораи ба кори зеҳнӣ машғул буданашон маълумотнома пешниҳод кунанд. Суд ин тавсияро ҳам ҳалношуда боқӣ гузошт ва ба мубоҳисаи тарафҳо гузашт. «Чунин эҳсос мешавад, ки Шумо ҳамроҳи Устобоев барои анҷом додани мурофиа шитоб доред», — гуфт Иноятов. Бо вуҷуди он, суд ба Устобоев сухан до два у қайд намуд, ки «нихоят мурофиаи судӣ ба анҷом расид».

«Аз тарафи мо факти паҳн намудани маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ва эътибори корӣ, ки ба даъвогарон зарари маънавӣ мерасонад, исбот карда шуд, — гуфт вай. – Бо назардошти хусусиятҳои инфиродии даъвогарон, онҳо мақолаи мазкурро, ки шаъну шараф ва эътиборашонро паст зада, ба онҳо дар шакли эҳтирос ранҷи ҷисмонӣ ва маънавӣ расондааст, ба дил наздик қабул кардаанд».

Дар баробари он, Иноятов қайд намуд, ки даъвогарон «ҳуҷҷатҳои исботсозандаи зарари маънавӣ ва моддӣ дидаашонро пешниҳод карда натавонистанд».

Рӯзи 21 феврал тарафи ҳимоя дар суд баромад намуд. Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ – САҲА, Фонди Сорос, сафорати ИМА, журналистон, ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова ва дигарон барои ширкат ба суд ҳозир шуданд.

Намояндаи тарафи ҳимоя Иноят Иноятов ва Шӯҳрат Қудратов дар суд суханронӣ намуданд. Онҳо ҳамаи асосҳои пештар овардаашонро дар бораи «сабаби ҳар се талаби даъвогарон беасос ва ғайриқонунӣ» буданашро такрор намуданд.

Баъд аз анҷоми мубоҳиса, суд хабар дод, ки қарори суд рӯзи 24 феврал бароварда мешавад.

Дар сухани хотимавии худ дар вақти мубоҳисаҳо рӯзи 21 феврал намояндагони рӯзнома Иноят Иноятов ва Шӯҳрат Қудратов ҳамаи асосҳои пештар овардаашонро дар бораи «сабаби ҳар се талаби даъвогарон беасос ва ғайриқонунӣ» буданашро такрор намуданд.

«Аз ибтидо даъвои мазкур бояд баррасӣ намегашт, зеро даъвогарон шахсони мувофиқ нестанд. Дар ягон ҳуҷҷат, қонунҳо муайян нашудааст, ки кӣ зиёӣ аст. Ин истилоҳи умумӣ аст, қайд намуд Иноятов. – Минбаъд субъектҳои даъвогар аз номи гурӯҳе ё табақае даъво карда наметавонанд. Дар оинномаҳои онҳо ва дастурамалҳои кориашон чунин ваколат пешбинӣ нашудааст. Мо мурофиаро аз ибтидо ғайриқонунӣ медонистем. Акнун аз рӯи ҳар як нуқта. Даъвогарон се талаб доранд: аввал, радия, узр ва ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аст. Даъвогарон пеш аз он, ки ба суд муроҷиат намоянд, мутобиқи моддаҳои 18 ва 19 Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО ба идораи рӯзнома ҷавоб ва раддия нанавиштаанд. Талаботи дуюм усули ҳимояи ҳуқуқи шаҳрванд ҳисоб карда намешавад. Ҷуброни зарари маънавӣ ҳамчун талаботи сеюм аст, ки тибқи он даъвогарон ягон ҳуҷҷати исботкунандаи факти воқеии зарари расондашударо пешниҳод карда натавонистанд. Дар бораи зарари расондаи маънавӣ гуфтан лозим аст, ки ин суханони хушку холӣ мебошад. Онҳо фактҳоро дар бораи он, ки агар ҳатто аҳволашон бад шуда бошад ҳам, оё он ба мақола алоқаманд буд ягон далел оварда натавонистанд. Дар бораи хулосаи ташхиси забоншиносӣ мо чунин меҳисобем, ки он асоснок набуда, шубҳанок ва муғризона аст. Ташхис ба талабот ва меъёрҳои гузарондани он мувофиқ нест. Коршиносон ба саволҳои мушаххаси ба пеши онҳо гузоштаи суд посух надодаанд. Дар хотима, аз ҷумла, гуфта нашудааст, ки оё калимаи «саргин…» сензурӣ ё ғайрисензурӣ аст, инчунин оё он даъвогаронро таҳқир мекунад ё не? Тавре маълум шуд, ду нафар коршинос ба забони русӣ муносибат надоранд, онҳо русшинос нестанд. Онҳо худашон дар суд иқрор шуданд, ки мақола андешаи танқидӣ аст.  Коршинос Г.Ҳоҷиматова бошад қайд намуд, ки Тутубалина ибораи Ленинро тағйир додаст.

Рӯзи 25 феврал суд дар бораи қисман қонеъ гардондани даъвои панҷ иттиҳодияи эҷодӣ (Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи бастакорон, Иттифоқи меъморон) ва се нафар шахсони воқеӣ (Д. Абдиева, А.Раҷабов ва Ҳ.Раҳматов) қарор қабул намуд.

Вақти хондани қарори суд намояндагони ВАО, созмонҳои байналхалқӣ, амсоли САҲА, Фонди Сорос ва намояндагиҳои дипломатӣ ширкат доштанд.

Суд қарори худро чунин асоснок намуд, ки мутобиқи меъёрҳои муқарраргаштаи умумӣ даъвогарон намояндагони зиёиён мебошанд ва О. Тутубалина дар мақолааш «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» шаъну шараф ва эътибори кори онҳоро паст задааст. О.Тутубалина дар мақолааш аз мактуби В.И.Ленин «Зиёиён мағз не, саргини миллатанд» иқтибос оварда, ба ҳамин васила шаъну шараф ва эътибори кори даъвогаронро паст задаст. Ба натиҷаҳои ташхиси забоншиносӣ ишора карда, судя инчунин дар қарори худ қайд намудааст, ки модоме, ки дар мақола калимаи «Зиёӣ» мавҷуд аст он шаъну шараф ва эътибори кориро пас мезанад.

Тибқи қарори суд, рӯзномаи «Азия-Плюс» ва О.Тутубалина ӯҳдадор карда мешаванд, ки дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ ҷуброн намоянд. Дар тӯли ду ҳафта аз рӯзи ба ҳуқми қонунӣ даромадани қарори суд раддия чоп карда, дар ҳаҷми 150 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт намоянд.

Суд талаботи сеюми даъвогарон дар бораи чоп кардани узрро рад кард, зеро чунин талабот дар қонунгузорӣ пешбинӣ нашудааст.

Адвокат Иноят Иноятов қарори судро беасос ва ғайриқонунӣ номид. «Мо албатта ба мақоми болоии судӣ шикояти кассатсионӣ мекунем», — гуфт Иноят Иноятов баъди анҷоми суд.

Андешаи ҷавобгар

Қарори суд аз рӯи парвандаи «Зиёиён бар зидди «Азия-Плюс» ба манфиати даъвогарон боз як нишонаи маҳдудшавии озодии сухан дар Тоҷикистон аст, — гуфт Олга Тутубалина.

«Даъвогарон ягон далеле пешниҳод накарданд, ки онҳо зарари маънавӣ эҳсос кардаанд, — гуфт Тутубалина. – Амалан исбот намудани он, ки онҳо аз мақола зарари маънавӣ дидаанд, ғайриимкон аст. Ин айби комилан хаёлӣ аст. Имрӯз ҳам ин масъала ягон хел исбот карда нашуд. Акнун дар бораи раддия. Барои андешаи нафаре раддия чоп кардан мумкин нест. Дар он фактҳои радкунанда мавҷуд нест. Акнун дар бораи ибораи баҳсталаб. Ман дар луқмаи худ саҳеҳ менамоям, ки ман «гуфтан мехостам», ки ҳамон ибораро бори дигар такрор кардан мехостам. Вале онро намегӯям. Акнун дар бораи худи зиёиён. Дар мақола дар бораи одамони мушаххас ягон сухан набуд, табақаи муайянро таҳқир намудан ғайриимкон аст».

«Ба андешаи ман, қарори мазкур боз як зарба ба озодии сухан ва ВАО аст, — гуфт ӯ. – Боварӣ дорам, ки ин қарор идомаи фишор овардан ба ВАО аст ва, эҳтимол, идома ёбад. Ба созмонҳои байналмилалӣ ва журналистон, ҳомиёни қонун, сафоратҳо муроҷиат намуда, гуфтаниам, ки ба факти мазкур аҳамият диҳанд».

Иноят Иноятов, адвокат: Аз ибтидо мурофиаи судӣ аз рӯи «парвандаи зиёиён» якҷониба сурат гирифт. Бо кадом сабаб?

Аллакай дар марҳилаи ибтидоии баррасии парванда судяи ноҳияи Фирдавсӣ чандин тавсияҳои тарафи ҳимоя — дар бораи «даъвогарони номувофиқ», беҳаракат мондани даъво, дар бораи пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи зиёӣ будани даъвогарон, таъини ташхиси такрории забоншиносии мақола дар муассисаи беғарази ташхисиро рад намуд.

Бале, мо метавонистем судяро рад кунем, вале аз ин кор худдорӣ намудем, зеро тибқи қонунҳои мурофиавию-граждании мо масъалаи рад кардани судяро худи судяи баррасикунандаи парванда дида мебарояд.

Масъалаи дигар. Бо вуҷуди ҳамаи масъалаҳои номбаршуда, мо умедвор будем, ки баррасии парванда боадолатона сурат мегирад.

Судя ҳамагӣ як тавсияи мо – дар бораи барои додани гувоҳӣ ба суд ҳозир шудани намояндагони ду даъвогар – собиқ президенти Академияи илмҳо М.Илолов ва раиси Иттифоқи нависандагон Меҳмон Бахтиро қонеъ гардонд. Судя ба намояндагони даъвогарон супориш дод, ки ба ҷанобони мазкур хабар расонанд, ки ба суд ҳозир шаванд. Вале дар шаш моҳи давом кардани мурофиаи судӣ онҳо ба суд ҳозир нашуда, бо ҳамин восита қарори судро нодида гирифтанд. Мо судро дар ин бора чанд маротиба хотиррасон кардем.

Минбаъд.  Судя дар назди коршиносоне, ки ташхиси забоншиносӣ гузаронданд, вазифа гузошт, ки ба се саволи мушаххас посух гӯянд, вале онҳо ба ягон савол посухи саҳеҳ надоданд. Онҳо дар суд низ натавонистанд ба саволҳо ҷавоби саҳеҳ диҳанд. Илова бар он, ташхисро одамоне гузаронданд, ки мутахассиси забони русӣ набуданд. Коршинос М.Муродов мутахассиси филологияи тоҷик аст, коршинос Х. Шодиев мутахассиси шарқшиноси, бо ихтисоси забони урду аст. Ҳамаи масъалаҳои мазкур воқеӣ будани ташхисро таҳти шубҳа қарор медиҳад, вале судя таъин намудани ташхиси такрориро рад намуд.

Қайд мекунем, ки дар қарори суд вай танҳо ба хулосаи ташхиси забоншиносӣ такя карда, далелҳои пешниҳоднамудаи моро ба эътибор нагирифтааст…

Акнун дар бораи хулосаҳои суд.

Хулоса дар бораи он, ки гӯё андешаи субъективии шахсии журналист дар шакли таҳқиркунандаи «зиёиён мағз не, саргини миллатанд» ифода шудааст, асоснок нест. Хулосаи суд амалан ба ҳолати воқеии парванда хилоф аст, дар амал бошад тамоми далелҳои тасдиқкунандаи андешаи В.И.Ленин будани он мавҷуд аст. Ҳатто ҳамон ташхиси забоншиносие, ки танҳо ба судя истинод мекунад, инро тасдиқ менамояд. Ҳамин даъворо дар суд коршиносоне ҳам тасдиқ намуданд, ки судя ба онҳо ишора мекунад…

Судя талаботи моддаи 74 прим. 1 Кодекси граждании ҶТ-ро амалан нодуруст тафсир менамояд. Дар амал, дар мақолаи мазкур сухан дар бораи таҳқири шахси мушаххас меравад, вале дар ҳамин меъёр талабот дар бораи таҳқири «шахсони ҳуқуқӣ» ё «таҳқири касб ё фаъолият» намеравад». Дар андешаи танқидӣ номи даъвогарони иловагӣ Абдиева, Раҷабова ва Раҳматов мавҷуд нест, дар он иттилоот дар бораи сифатҳои шахсӣ ва касбии одамони мазкур мавҷуд нест. Агар дар мақола иттилооти мушаххаси дар бораи даъвогарон мавҷуд набошад, чӣ тавр метавонад ба шаъну шарафи онҳо дахл кунад? Ба ин савол дар қарори суд ҷавоб мавҷуд нест.

Судя ба моддаи 14 Конститутсия ишора кардааст, вале вай барои чӣ ба меъёри асосии Конститутсия дар бораи фаъолияти ВАО ва журналистон аҳамият намедиҳад? Сухан дар бораи моддаи 30 меравад, ки он озодии сухан, матбуот, ҳуқуқ ба истифодабарии ВАО-ро кафолат дода, дар он сензураи давлатӣ манъ аст ва барои танқид таъқиб кардан низ манъ аст. Барои чӣ вай ба моддаи 19 Пакти Байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аҳамият намедиҳад, ки дар он кафолат дода шудааст, ки ҳар шаҳрванд ҳуқуқ дорад андешаи худро дошта бошад, ба баёни озодонаи андешаи худ ҳуқуқ дорад?

Ба фикри мо, вай тактикаи «истифодаи интихобии қонунҳо»-ро интихоб кардааст. Хулосаи суд дар бораи он, ки гӯё дар мақолаи чопшуда иттилооти пастзанандаи шаъну шарафи даъвогарон мавҷуд аст, комилан асос надорад. Судя худаш дар назди коршиносон савол гузоштааст: «оё дар маводи журналист иттилооти пастзанандаи шаъну шараф ва эътибори даъвогарон мавҷуд аст?». Вале коршинсон ба саволи мазкур ҷавоб надодаанд. Ҳамин тариқ, дар асоси кадом далелҳо суд ба чунин хулоса расидааст?

Боз як масъалаи дигар. Судя дар қарори худ зуд-зуд ба қарори пленуми СО таҳти №7 аз 23.12.2011 ишора мекунад, вале ба таври муадабона танҳо ба баъзе бандҳои қарор, ки онҳоро ба манфиати даъвогарон тафсир намудан мумкин аст, ишора менамояд. Дар баробари он вай ба банди 1.9 қарори мазкури пленум ишора намекунад, ки он ҳуқуқи журналистонро ҳимоя менамояд. Дар банди 1 қарор нишон дода шудааст, ки судяҳо бояд ба риояи моддаи 30 Конститутсия дар бораи риояи озодии сухан, ҳуқуқ ба танқид ва манъ будани сензура ва таъқиб барои танқид аҳамият диҳанд. Вай махсус банди 9 қарори мазкурро номбар накардааст, ки дар он ба таври саҳеҳ нишон дода шудааст, ки андешаҳои баҳодиҳӣ, андешаҳо ва фикрҳо мавзӯи баррасии судӣ шуда наметавонанд.

Ба андешаи мо, ҳолатҳои мазкур объективӣ будани судяро таҳти шубҳа қарор медиҳанд.

Созмонҳои байналмиллии САҲА, филиали Институти Ҷомеаи Кушодаи Фонди Сорос ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо, намояндагиҳои дипломатии монанди сафорати ИМА ва Британияи Кабир, созмонҳои журналистӣ – Шӯрои матботи Тоҷикистон. Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Медиа-Алянси Тоҷикистон, Бюрои оид ба ҳуқуқи башар ва риояи қонуният, ТҶ «Хома» ва журналистони маъруфи мамлакат низ ташвиши худро оиди қарори мазкури суд баён карданд.

«Мо чунин меҳисобем, ки қарори суд озодии сухан ва байни андешаро, ки барои ҷомеаи демократӣ номатлуб аст, маҳдуд месозад. ӯҳдадориҳои ба зиммагирифта дар бораи иҷрои меъёрҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ бояд бешубҳа риоя гарданд ва ба ҳукумати мамлакат имконият диҳанд, ки онҳоро риоя намояд. Тамоми мурофиаи мазкур сарсарӣ ва ғайриқонунӣ буд. Худи факти пешниҳод кардани аризаи даъвогӣ асоснок набуд. Журналист О.Тутубалина андешаи худашро навишта, ба он ҳуқуқи пурра дошт, зеро онро қонунгузории мамлакат пешбинӣ намудааст».

Қарори суд аз рӯи даъво қабул шуд: минбаъд чӣ? (чанд маслиҳат)

Шумо бо қарори суд розӣ нестед ва онро ғайриқонунӣ ва беасос мешуморед. Дар ин ҳолат аз болои он шикоят кардан зарур аст. Бо ин мақсад маслиҳатҳои зерин зарур мегарданд:

Маслиҳати 1. Ба қарори ба дасти Шумо додашудаи қарори суд беаҳамиятӣ накунед, махсусан агар он ба манфиати Шумо набошад. Ҳар қадаре, ки Шумо онро зудтар дастрас кардед Шумо ҳамон қадар имконияти зиёдтари аз болои он шикояти кассатсионӣ кардан доред.

Маслиҳати 2. Протоколи маҷлиси судиро бодиққат омӯзед ва агар Шумо дар он нишондодҳои шоҳидии ба воқеият мувофиқнаоянда, ҷараёни нодурусти баррасии судӣ, тавсияҳои ба протокол вориднашуда ва ғайраҳоро пайдо кардед, эродҳоятонро барои ба протокол ворид намудан омода созед ва онҳоро ба канселярияи суд супоред. Эродҳои мазкур бояд бо иштироки ҳамон тарафҳои суд ва судя баррасӣ гарданд ва аз рӯи онҳо бояд қарори алоҳида бароварда шавад.

Маслиҳати 3. Инчунин маводи парвандаро бодиққат омӯзед. Эҳтимол ҳуҷҷатҳое пайдо мешаванд, ки онҳо дар ҷараёни мурофиаи судӣ баррасӣ нашудаанд ё баръакс, ҳуҷҷатҳое гум шудаанд, ки онҳо баррасӣ гашта буданд. Дар ин бора судяро бо аризаи алоҳида огоҳ созед.

Маслиҳати 4. Ба мӯҳлати аз болои қарори суд ба мақомоти гуногун шикоят кардан аҳамият диҳед ва онро риоя кунед. Агар эҳсос кунед, ки Шумо ҳақ ҳастед ва ба адолат боварӣ доред, ҳамаи микониятҳоро барои аз болои қарори суд шикоят кардан истифода баред.

 

ҚАЗИЯИ РУСТАМ ҲУКУМОВ

ЗИДДИ  «ИМРӯЗNEWS»

Тафсири воқеаҳо

Рӯзи 29 январи соли 2013 ба идораи рӯзномаи «ИмрӯзNews» аз суд даъватнома ва нусхаи аризаи даъвогии Рустам Ҳукумов, писари роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ворид шуд. Рустам Ҳукумов ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо аризаи даъвогӣ оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибор аз болои рӯзномаи «ИмрӯзNews» муроҷиат намуд. Ҳукумов дар аризааш аз суд пурсидааст, ки аризаашро дар паси дарҳои пӯшида омӯхта, аз идораи рӯзнома барои расондани зарари маънавӣ 50 ҳазор сомонӣ (беш аз 10 ҳазор доллари ИМА) ҷуброн ситонда шавад.

Мақолаи дар рӯзнома батабърасида дар мавзӯи «Ҳукумов ва Боқиев дарди сари падаронашон гаштаанд» («ИмрӯзNews», №182 (492) аз 16 октябри соли 2012) сабаби аризаи даъвогӣ гаштааст. Дар мақола хабар дода шудааст, ки мақомоти ҳифзи қонуни мамлакатҳои дигар писари собиқ президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев – Максим ва роҳбари КВД РОТ Амонулло Ҳукумов – Рустамро дастгир намудаанд.

Рустам Ҳукумов соли 2010 дар Россия бо ҷурми иштирок кардан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба муддати 9,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда буд. Моҳи декабри соли 2011 суди Россия аз рӯи қазияи мазкур қарор қабул кард, ки тибқи он Р.Ҳукумов сафед карда шуд. Ҳамон вақт аксари коршиносон сафед шудани Р.Ҳукумовро ба масъалаи дар Тоҷикистон аз маҳкама озод кардани летчики рус Владимир Садовничий ва ҳамкори эстониаш Алексей Руденко, ки моҳи ноябри соли 2011 бо ҳукми суди шаҳри Қӯрғонтеппа ба 8,5 сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд, алоқаманд медонистанд. Сарнишинони ширкати ҳавопаймоии Rolkan Investments Ltd ба ҷурми қочоқи қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймоҳо, вайрон кардани қоидаҳои боркашонии ҳавоӣ ва ғайриқонунӣ убур намудани марзи давлатӣ айбдор карда шуда буданд.

Рӯзи 11 феврали соли 2013 мурофиаи авали судӣ аз рӯи қазияи мазкур барпо гашта, дар он судя Шерзод Низомов далелҳои даъвогарро шунида, эълон намуд, ки мурофиа дар паси дарҳои пӯшида мегузарад. Баъд аз муроҷиати адвокат, ки ба андешаи вай сухан дар бораи шаъну шараф ва этибори зерҳимояи вай меравад, судя ба ҳуҷраи машваратӣ рафт. Баъд аз он суд эълон намуд, ки мурофиаи судӣ дар паси дарҳои пӯшида мегузарад. Ин қарорашро суд бо меъёрҳои Конститутсияи ҶТ ва Кодекси мурофиавии маъмурии ҷумҳурӣ асоснок намуд.

Дар баробари он, муассиси рӯзномаи «ИмрӯзNews» Рустами Ҷонӣ барои дар паси дарҳои пӯшида гузарондани мурофиаи судӣ ягон асос намебинад. Адвокати ҷавобгар Гулчеҳра Холматова бо ибтикори Бюрои оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар ҶТ таъин гаштааст. Ба андешаи вай, «дар бораи қазияи мазкур ҳама аллакай огоҳанд», «дар қазияи мазкур сухан пеш аз ҳама на дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибори шахс» меравад. Адвокат инчунин талаб намуд, ки мурофиа кушода барпо гардад.

Тавре адвокат гуфт, даъвои Ҳукумов дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ асос надорад. «Дар бораи дастгир шудани Ҳукумов бо маводи мухаддир аксари ВАО рус навиштаанд, — қайд намуд вай. —  Аз ин рӯ «ИмрӯзNews» ба ҷомеаи Тоҷикистон ягон хабари нав нарасонда, танҳо он чизеро такрор кардааст, ки ВАО дигар навиштаанд».

Рӯзи 12 феврали соли 2013 дар мусоҳибааш ба хабаргузории «Азия-Плюс» муҳаррири рӯзномаи «ИмрӯзNews» Назири Нусрат хабар дод, ки сабаби даъво тахминҳои дар яке аз маводҳои рӯзномаи «ИмрузNews» батабърасида дар бораи талаби Душанбе аз Русия дар бораи озод намудани Рустам Ҳукумов бар ивази сарнишинони дар Тоҷикистон дастгиршудаи ширкати ҳавопаймоии рус мебошад. Вале, тавре Назири Нусрат гуфтааст, дар мақола, мутаасифона, ба ягон коршиноси  манбаъ ишора нашуда, он мавзӯи баҳси судӣ гаштааст. Вале ин ҳанӯз масъалаи асосӣ нест. Он факт муҳим аст, ки дар дасти мо қариб 1000 саҳифа маводе мавҷуд аст, ки аз рӯи мазмун ва ифода ба ҳам монанд буда, моли ВАО рус мебошанд. Дар феҳристи мазкур маводи нашрияҳои «Коммерсант», «Независимая газета», «Комсомольская правда» низ маҳфуз аст», — қайд намуд муҳаррири рӯзнома.

Тавре вай гуфт, дар мурофиаи судӣ, ки бо хоҳиши адвокати даъвогар Руҳумбой Худоёров дар паси дарҳои баста гузашт, асосан тарафҳо якдигарро шуниданд. Мурофиаи навбатии судӣ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шуда мегузарад. Дар мусоҳибааш Н.Нусрат хабар дод, ки ба мурофиаи навбатии суд 7 нафар коршиносон даъват шудаанд. «Мо ҳоло мушаххасан намедонем, ки киҳо даъват шудаанд. Вале маълум аст, ки дар баробари мақолаи монанд дар мурофиаи судӣ онҳо дар бораи он гуфтугӯ хоҳанд кард, ки то кадом андоза ҳолати бо Рустам Ҳукумов дар ФР рӯйдода ба муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия таъсир расондааст».

Рӯзи 18 феврал дар суди даъвогии Рустам Ҳукумов аз болои рӯзномаи «ИмрӯзNews» судя Шерзод Низомов қарор қабул намуд, ки мақолаи «Ҳукумов ва Боқиев дарди сари падаронашон шуданд» ташхиси забоншиносӣ карда шавад. Ташхис бояд муайян намояд, ки оё дар мақола нисбати даъвогар калимаҳои таҳқиркунанда мавҷуд аст ё не. Дар ин бора ба хабаргузории «Азия-Плюс» хабар дода, муҳаррири рӯзномаи «ИмрӯзNews» Назири Нусрат қайд намудааст, ки адвокати нашрия Гулчеҳра Холматова ба суд дар бораи гузарондани ташхиси забоншиносӣ муроҷиат кардааст, вале адвокати даъвогар Руҳумбой Худоёров аз суд пурсидааст, ки талаби мазкур қонеъ гардонда нашавад.

«Худоёров эътироф намуд, ки аз ду сар ташхис калимаҳои таҳқиркунанда пайдо намекунад. Вай инчунин қайд намуд, ки мақола дар маҷмӯъ шаъну шарафи ва эътибори зерҳимояаашро паст мезанад. Судя қарор намуд, ки тарафи даъворо қонеъ гардонда, ташхиси забоншиносӣ гузаронда нашавад. Чунин суханони номафҳуми адвокати Ҳукумов ва қарори судя моро ба ҳайрат гузошт», — гуфт муҳаррири рӯзнома.

Коршиносони даъватшуда қайд намуданд, ки мақола ба ҳамаи меъёрҳои журналистӣ ҷавобгӯ аст ва «дар он ягон лаҳзаи пастзанандаи шаъну шараф ва эътибори Ҳукумов мавҷуд нест». Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мақоларо таҳлил намуда, арз дошт, ки ҳолатҳои ба Р.Ҳукумов алоқаманд дар он рӯзҳо хосияти воқеан сиёсӣ доштанд ва дар ин бора ҳамаи ВАО гуфтугӯ кардаанд, аз он ҷумла нашрияҳои рус. Ҳуқуқшинос қайд намуда, ки ҳарчанд дар сатҳи расмӣ дар ин бора касе чизе нагуфт, вале тахмин дар бораи таъсири ҳолатҳои дар ФР ба Ҳукумов алоқаманд ба муносибатҳои дутарафаи Тоҷикистон ва Россия дар ҳар сурат ҷой дошт. Суханони ӯро инчунин дигар коршиносон – раиси Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев ва намояндаи созмони байналмилалӣ Иззатманд Саломов низ дастгирӣ карда, қайд намуданд, ки шакли баён ва худи мақола ба меъёрҳои журналистӣ пурра мувофиқ аст.

Бо вуҷуди он, адвокати тарафи ҷавобгар дар бораи иваз кардани судя Ш.Низомов ба суд муроҷиат намуд ва ин муроҷиати худро бо он асоснок сохт, ки судя ҳамаи далелҳои тарафи даъворо қонеъ гардонда, ягон маротиба хоҳиши тарафи ҷавобгарро ба эътибор нагирифтааст. Ин тавсияи тарафи ҷавобгар низ рад карда шуд.

Рӯзи 25 феврали соли 2013 суд аризаи даъвогии Рустам Ҳукумовро қонеъ гардонда, рӯзномаи «ИмрӯзNews»-ро ӯҳдадор намуд, ки ба даъвогар дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ пардохт кунад.

Рӯзи 4 марти соли 2013 рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар робита ба қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз рӯи даъвои Рустам Ҳукумов изҳорот интишор дод, ки он ба 12 нафар шахсони мансабдор ва сохторҳои байналмилалӣ нигаронда шудааст. Дар изҳорот омадааст, ки қарори судя Шерзод Низомов дар бораи қонеъ гардондани аризаи даъвогии Ҳукумов ноадолатона ва ғайриқонунӣ аст. Роҳбарияти рӯзнома изҳороташро бо он асоснок намудааст, ки аз замони маҷлиси авали судӣ то охир судя аризаи даъвоиро яктарафа, ба манфиати тарафи Р.Ҳукумов баррасӣ намудааст. Чанд маротиба рад шудани тавсияҳои зарурии тарафи ҷавобгар, ба андешаи муҳаррир Назири Нусрат, инро собит мегардонад. Дар изҳорот қайд шудааст, ки дар паси дарҳои пушида гузаштани мурофиаи судӣ, чанд маротиба рад шудани тавсияҳо ва худи қарори суд адолатнокии баррасии судиро дар Тоҷикистон зери суол қарор медиҳад. Изҳороти мазкур ба раиси Суди олии Тоҷикистон, вазири адлияи Тоҷикистон, роҳбари намояндагии СММ дар Тоҷикистон, роҳбари Бююрои СаҲА дар Тоҷикистон, роҳбарони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон, сафирони ИМА, Британияи Кабир, Ирон ва Россия дар Тоҷикистон, инчунин намояндагони созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи байналмилалии дар Тоҷикистон сабти номшуда нигаронда шудааст.

Рӯзи 7 марти соли 2013 рӯзномаи «ИмрӯзNews» аз болои қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба суди болоӣ шикоят пешниҳод намуд. Рӯзнома талаб кардааст, ки қарори суд Шерзод Низомов лағв карда шавад ва қазияи мазкури судӣ дар мақоми болоии судӣ баррасӣ гардад.

Рӯзи 10 июни соли 2013 суди шаҳри Душанбе шикояти рӯзномаи «ИмрӯзNews»-ро қонеъ нагардонд. Судяи суди шаҳри Душанбе М.Исоев қайд намуд, ки коллегияи судӣ бо далелҳои судя Шерзод Низомов, ки рӯзи 25 феврали соли ҷорӣ аризаи даъвогии Рустам Ҳукумовро қонеъ гардондааст, шинос шуда, қарори суди ноҳияи Исмоили Сомониро бетағйир гузошт. Дар қарори судя Низомов қайд шудааст, ки рӯзнома фактҳои тасдиқкунандаи дурустии мавзӯи дар мақолаи «Ҳукумов ва Боқиев дарди сари падарон»-ро пешниҳод карда натавонист.

Роҳбарияти рӯзномаи «ИмрӯзNews» қарор баровард, ки таъиноти мақоми суди кассатсионии шаҳри Душанберо бо тартиби назоратӣ рад кунад. Тавре муҳаррири рӯзномаи «ИмрӯзNews» Назири Нусрат гуфт, дар саҳифаи худаш дар Facebook, дар матни аризаи шикоятӣ ба мақоми назоратӣ қайд намудааст, ки қарори коллегияи судии шаҳри Душанбе ва суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ беасос ва ғайриқонунӣ мебошанд. «Мо тахмин мекунем, ки маҳз дахолати падари даъвогар, роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов ба ҷараёни мурофиаи судӣ сабаби он гашт, ки суд ба нафъи Рустам Ҳукумов қарор қабул кард», — гуфтааст муҳаррири рӯзнома.

Дар хабар қайд шудааст, ки Рустам Ҳукумов бо аризаи худ дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибораш ҳангоми мурофиаи судӣ диққаташро маҳз ба воқеаи соли 2008 дар Москва рухдода ҷалб намуд. «Баҳси судии мо бо шахсе,ки соли 2008 бо 9,5 кг героин дастгир шудааст, дар ягон ҳолат наметавонад усули сафед кардани вай гардад. Аз тарафи дигар, ягон суд ҳуқуқ надорад, ки манфиати одамеро, ки дар маҳбас барои тиҷорати маводи мухаддир ҳабс шудааст, ҳимоя карда, аз манфиатҳои рӯзнома ё мухбир боло гузорад. Ба ғайр аз ин, агар падари Рустам Ҳукумов қудои роҳбари Суди олӣ бошад, ин ҳолат ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳама чиз дар дасти онҳост», — қайд кардааст муҳаррири рӯзнома.

Директори генералӣ ва муассиси рӯзномаи «ИмрӯзNews» Рустами Ҷонӣ низ дар мусоҳибааш бо радиои «Озодӣ» арз намуд, ки идораи рӯзнома ният дорад ҳақ буданашро дар марҳилаҳои минбаъдаи судӣ ҳимоя кунад. Ба саволи мухбири радиои «Озодӣ» дар бораи он, ки ба андешаи вай, мурофиаи судӣ чӣ тавр мегузарад, сармуҳаррир қайд намуд, ки баъд аз ширкат дар маҷлисҳои судӣ ба хулосае  омад, ки «ҳамаи судҳо тибқи як қоида амал мекунанд».

— Мо худамонро беҳимоя эҳсос намудем, — қайд кард Рустами Ҷонӣ. – Баъзан мо медидем, ки судя ба суханронии мо аҳамият намедод, баъзан метавонист аз толори суд баромада равад. Ин ҳолат собит месохт, ки онҳо то замони шунидани андешаи мо аллакай қарорашонро аз рӯи қазияи мо бароварда буданд.

Дар вақти маҷлисҳои судӣ, тавре Рустами Ҷонӣ гуфт, худи даъвогар – Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иштирок намекард, ба ҷои вай намояндааш адвокат менишаст.

 

Рӯзи 18 июли соли 2013 рӯзномаи «ИмрӯзNews» аз болои қарорҳои судҳои марҳилаи аввал ва кассатсионӣ ба Президиуми Суди шаҳри Душанбе шикоят кард, зеро қарори онҳоро дар бораи қонеъ гардондани даъвои Рустам Ҳукумов аз болои рӯзнома ғайриқонунӣ ҳисоб мекунад. Вале аз нав баррасӣ гаштани қарорҳои судҳои поёнӣ анҷом дода нашуд…

Тавсияҳо

— Бо мақсади роҳ надодан ба даъвоҳои судӣ дар бораи ҳимояи шаъну шараф ва эътибори шахс то ҳадди имкон принсипҳои боадолатӣ, беғаразӣ ва саҳеҳиро риоя намуда, танҳо фактҳои саҳеҳ истифода бурдан зарур аст;

— Дар мақола манбаъҳои ишорашавандаро нишон додан зарур аст: дар мақолаҳо, сужетҳо фактҳо ва маълумотро аз андеша, баҳои субъективӣ, хулосаҳои журналистӣ ва тафсирҳо ҷудо кардан лозим аст;

— Манфиатҳои худро дар суд ҳимоя намуда, Шумо бояд тамоми имкониятҳоро истифода баред, ки барои ин кор пешбинӣ шудаанд: пешниҳод намудани далелҳои исботсозанда, нишондодҳои шоҳидон, ба маводи парванда илова кардани мавод ва ҳуҷҷатҳои дигари собитсозандаи беасос будани талабҳои даъвогар, ҷалби мутахассисон у коршиносон ва ғайра.

— Ҷараёни мурофиаи судиро бодиққатона сабт кунед, беҳтараш ба воситаи диктофон, бо маводи парвандаи судӣ сари вақт шинос шавед;

— Бо мақсади минбаъд дарк намудани мантиқи судя ва қарори вай бо протоколи маҷлиси судӣ шинос шавед.

— дар маҷмӯъ, дар мурофиаи судӣ мавқеи ҳимояро ихтиёр накунед, балки фаъол ва ҳамлагар бошед.

 

АСКАР ҲАКИМ ДАР МУҚОБИЛИ

РӯЗНОМАИ «САМАК»

Шоири тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аскар Ҳаким аз болои рӯзномаи «Самак» ба суд аризаи даъвогӣ бурда, ба ҳайси ҷуброни маънавӣ барои паст задани шаъну шараф ва эътибори корӣ 150 ҳазор сомонӣ ($1=4,75 сомонӣ) ҷуброни маънавӣ талаб намуд. Сабаби даъво мақолаи «Зиёиёни бемушкили тоҷик» аст, ки он 27 марти соли 2013 дар рӯзнома ба табъ расидааст. «Дар маводи зерин мо дар бораи Иттифоқи рассомон навишта будем. Вале бо сабаби техникӣ дар мақола ба ҷои Иттифоқи рассомон Иттифоқи нависандагон чоп шудааст. Воқеае, ки дар мақола сухан дар бораи он меравад ба замони сарвари Иттифоқи нависандагон будани Аскар Ҳаким рост меояд», — қайд намуд муҳаррири рӯзномаи «Самак» Ҷасур Абдуллоев.

Таърихи аризаи шикоятӣ

Мақолаи Шаҳбози Нур (Шодӣ Малахов) таҳти сарлавҳаи «Зиёиёни бемушкили тоҷик» дар рӯзномаи «Самак» рӯзи 27 марти соли 2013 (№13) ба табъ расид.

Дар мақола қайд гаштааст, ки «Дар баробари ин саволи раиси Иттифоқи рассомон, ки ба президенти мамлакат дода шуд, нисбатан бамавқеъ ва рӯзмарра шуморида мешавад. Вай дар муқоиса бо мӯҳтарам Атахон Сайфуллоев оид ба он ки бо сабаби мавҷуд набудани маблағ ва шароит мушкилот пайдо шуд,  норозигии худро рӯирост баён намуд. Ба иттилои Президент, бинои собиқи Иттифоқи нависандагонро раиси собиқи он фурӯхт ва маблағи бадастомадаро ҷаноби мазкур азхуд намуд. Бо ҳамин сабаб раиси ҳозираи иттифоқ дуруст қайд намуд, ки дар он замон вай ҳанӯз роҳбар ва шахси масъул набуд…».

Минбаъд дар ҳамон сархат унвони «Иттифоқи нависандагон» боз як маротиба такрор шудааст. Вале аз матни сархати мазкур маълум кардан мумкин аст, ки бо сабаби бо воқеаи Иттифоқи рассомон шурӯъ шудани ҷумла, дар рӯзнома ҳам сухан маҳз дар бораи Иттифоқи рассомон меравад.

Дар ҳамин ҷумла номи Аскар Ҳаким, шоир, раиси собиқи Иттифоқи нависадагони Тоҷикистон навишта нашудааст. Бо вуҷуди он шоир чунин ҳисоб кардааст, ки азбаски сухан дар бораи замони роҳбари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будани вай рафтааст, пас хулоса кардан мумкин аст, ки дар мақола ҳам сухан дар бораи ӯст. Азбаски вай ҳаргиз бинои Иттифоқи нависандагонро нафурӯхтааст дар ҷумлаи мазкур шаъну шараф ва эътибори кории вай поймол гаштааст.

Аскар Ҳаким дар раддияаш, ки он дар саҳифаҳои рӯзномаи «Самак» (№16 аз 17 апрели соли 2013) таҳти сарлавҳаи «Зиёиён ва ватандӯстони асил чӣ мехоҳанд?!» ба табъ расидааст, қайд намудааст, ки дар ҷумлаи мазкур якбора якчанд иттилои носаҳеҳ ҷой дорад. Аввалан, президент дар ин бора ягон сухан нагуфтааст, яъне рӯзнома дидаю дониста президентро тӯҳмат намудааст. Дуюм, бинои собиқи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро Аскар Ҳаким фурӯхта наметавонист, зеро он замон Аскар Ҳаким раиси Иттифоқи нависандагон набуд. Ҳамин даъво таҳқир мебошад.

Дар раддияи Аскар Ҳаким инчунин қайд шудааст, ки муаллифи мақолаи «Зиёиёни бемушкили тоҷик» бе ягон далел тамоми зиёиёни тоҷикро ба ватандӯст ва зиёӣ набудан айбдор намудааст, ки он таҳқири аксари адибони маъруфи ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Моддаи 18 Қонун ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО» «Ҳуқуқ ба навиштани ҷавоб» рӯзномаро вазифадор намудааст, ки «шахси воқеӣ ва (ё) ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ӯ маълумоти халалдоркунандаи ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаашро нашр кардааст, ҳуқуқ дорад дар ҳамон воситаи ахбори омма ҷавоби худро нашр кунад. Ҷавоб баъди ба редаксияи воситаи ахбори омма расидан бояд на дертар аз шумораи навбатии он нашр карда шавад. Мутобиқи меъёри моддаи 21 ҳамон қонун: «Дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма рад кардани нашри раддия ва ё риоя накардани мӯҳлати барои нашри чунин мавод муқарраршуда, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад дар муддати то як соли баъди нашри мақола ба суд муроҷиат намояд».

Дар мавриди Аскар Ҳаким аллакай дар шумораи навбатии рӯзномаи «Самак» (№14 аз 3 апрели соли 2013) тасҳеҳ ба табъ расида, дар он қайд шудааст, ки дар мақолаи «Зиёиёни бемушкили тоҷик», ки дар шумораи №13 аз 27 март ба табъ расидааст, хатои техникӣ ҷой дорад. Ҷумлаи «Ба иттилои Президент, бинои собиқи Иттифоқи нависандагонро раиси собиқи он фурӯхта, маблағи бадастомадаро ҳамон ҷаноб азхуд намудааст» хамчун «Ба иттилои Президент, бинои собиқи Иттифоқи рассомонро раиси собиқи он фурӯхта, маблағи бадастомадаро ҳамон ҷаноб азхуд намудааст» хонда шавад.

Мутобиқи қонун ба ҳолати бамиёномада дар ҳамин ҷой нуқта гузоштан мумкин буд. Рӯзнома хато карда, тасҳеҳ чоп намуд, илова бар он раддияи дар натиҷаи чопи мақола зарардида, роҳбари собиқи Иттифоқи нависандагон Аскар Ҳакимро низ ба табъ расонд.

«Хатои андак…?!»

Бо вуҷуди он, баъд аз ду моҳи ба табъ расидани мақола Аскар Ҳаким аз болои рӯзномаи «Самак» ва муаллифи он Шодӣ Малахов ба суд аризаи даъвогӣ навишта, талаб намуд, ки барои таҳқири шаъну шараф ва эътибори кориаш ба вай 150 ҳазор сомонӣ ($1=4,76 сомонӣ)  маблағи зарари маънавӣ ҷуброн намоянд.

Дар масоҳибааш бо рӯзномаи «Азия-Плюс» аз 18 июни соли 2013 шоир қайд намудааст, ки рӯзнома («Самак») аризаи ӯро чунон тавзеҳ додаст, ки вай гӯё барои кадом як «хатои техникӣ» аризаи даъвогӣ навишта бошад. Вале худи шоир чунин ҳисоб намекунад.

«Аввалан, он хатои техникӣ набуда, балки бадқасдона, бо мақсади паст задани шаъну шараф ва эътибори одам роҳ дода шудааст. Инро ман дар мақолаам «Зиёиён ва ватандӯстони асил чӣ мехоҳанд»!», ки дар ҳамон рӯзнома рӯзи 14 апрел ба табъ расид, пурра исбот намудаам. Дуюм, рӯзномаи «Самак» на ин ки хомӯш истад, балки бояд дар бораи чи гуна «хатои техникӣ» будани он гуфтугӯ кунад. Дар ҳамон мақола гуфта шудааст, ки ман гӯё бинои собиқи Иттифоқи нависандагонро фурӯхта маблағи бадастомадаро азхуд намудаам. Ана, хатои андак?! Илова бар он, гӯё ин суханонро президенти мамлакат дар мулоқоти бо аҳли зиёи ҷумҳурӣ моҳи март барпошуда гуфта бошад. Вақте ин далел бо суханони худи президент тасдиқ карда мешаванд ба он чӣ тавр бовар накардан мумкин аст?! Муаллиф ва рӯзнома бо мақсади маро бештар айбдор намудан суханони ногуфтаро ба забони вай часпондаанд. Гуфтан бамаврид аст, ки ҳарфи ногуфтаро аз забони президент гуфтан ҳам тибқи қонун ҷазо дорад», — гуфтааст А.Ҳаким.

Шоир инчунин гуфтааст, ки аз болои рӯзнома ва муаллифи он ба суд на танҳо барои ин суханони тӯҳматомез, балки барои суханони пастзанандаи шаъну шараф ва эътибораш аризаи даъвогӣ навиштааст.

«Масалан, бо кадом сабаб муаллифи мақола калимаи зиёиёнро дар нохунак гирифта, сипас номи нависандагон, аз он ҷумла маро номбар кардааст. Ман дар мақолаи муаллиф чор хато пайдо кардам, агар бодиққат мутолиа кунам хатои бештар пайдо кардан мумкин буд. Чӣ тавр зиёиёнро шахсе танқид карда метавонад, ки худаш нозукиҳои забони тоҷикиро намедонад», — қайд намудааст А.Ҳаким.

Даъвогар инчунин қайд намудааст, ки рӯзномаи «Самак» узр напурсида, танҳо ба хатояш иқрор шудааст. «Ман танҳо баъд аз ду моҳи ба табъ расидани мақолаи мазкур ба суд аризаи даъвогӣ навиштам, зеро аз идораи рӯзнома ягон хел узрхоҳӣ надидам, ҳол он ки онҳо рақами телефонамро медонистанд, ақаллан як маротиба занг мезаданд кофӣ буд. Аммо бояд қайд намоям, ки чунин даъвоҳои тӯҳматомез ва паст задани шаъну шараф ва эътибори ман бахшиданӣ нест», — ҳисоб мекунад А.Ҳаким.

Баррасии судӣ

Мурофиаи аввалин аз рӯи аризаи даъвогии шоир Аскар Ҳаким аз болои рӯзномаи «Самак» дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 20 сентябри соли 2013 таъин гашта буд. Раисикунандаи мурофиаи судӣ судя Махфиратҷон Азимова таъин гашт. Вале муроифаи мазкур барпо нагашт. Сармуҳаррири рӯзномаи «Самак» Хуршеди Ниёз хабар дод, ки бо сабаби ҳузур надоштани тарафҳо мурофиа ба вақти дигар гузаронда шуд.

Мурофиаи нахустини судӣ аз рӯи парвандаи мазкур рӯзи 24 сентябри соли 2013 барпо гашт. Суд маҷлиси аввали судиро бо шарҳи риояи расмиёти пешниҳод намудани аризаҳои даъвогӣ оғоз намуд. Бо сабаби он ки дар аризаи даъвогӣ талабот дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 150 ҳазор сомонӣ мавҷуд аст, суд шарҳ дод, ки тибқи қонун даъвогар вазифадор аст пешакӣ дар тӯли 10 шабонурӯз ба буҷаи давлат дар ҳаҷми 0,7% (1500 сомонӣ) аз ҳаҷми маблағи ҷуброни талабшуда боҷи давлатӣ пардохт намояд.

Ба андешаи адвокати рӯзномаи «Самак» Иноят Иноятов, талаби шоир асоси қонунӣ надорад. Тавре ӯ гуфт, дар мақолаи «Зиёиёни бемушкили тоҷик» иттилооти беасоси пастзанандаи шаъну шараф ва эътибори шахс мавҷуд нест, бо ҳамин сабаб дар ҳаҷми 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб намудан ҳам асос надорад. Ба андешаи адвокат, мақсади аризаи даъвогии шоир фишор овардан ба озодии сухан мебошад.

Рӯзи 4 октябри соли 2013, баъд аз гузаштани мӯҳлати муқарраргаштаи даҳрӯза, суди ноҳияи Фирдавсӣ баррасии аризаи даъвогии шоири тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аскар Ҳаким аз болои рӯзномаи «Самак»-ро беҳаракат боқӣ гузошт.

Тавре адвокати рӯзномаи «Самак» Иноят Иноятов хабар дод, аризаҳои даъвогие маъмулан беҳаракат гузошта мешаванд, ки тибқи хулосаи судя онҳо аз ҷиҳати шакл ё мазмун ба талаботи муқарраргашта ҷавобгӯ нестанд, ё ба онҳо ҳуҷҷатҳои зарурӣ замима нашудаанд. Тибқи суханони адвокат, мақсад аз беҳаракат гузоштани аризаи даъвогӣ ба даъвогар фароҳам овардаи имконият барои ислоҳ намудани камбудиҳои расмии аризаи даъвогӣ мебошад.

«Бо ҳамин сабаб ҳанӯз рӯзи 24 сентябр судя Махфиратҷон Азимова ба Аскар Ҳаким барои ислоҳи камбудиҳои мазкур 10 рӯз мӯҳлат муқаррар намуд, вале то рӯзи 4 октябр даъвогар камбудиҳои аризаи даъвогиро ислоҳ нанамуд. Бо ҳамин сабаб аризаи даъвогиаш беҳаракат боқӣ гузошта шуд. Ин ҳолат чунин маъно дорад, ки аризаи даъвогӣ гӯё ҳаргиз пешниҳод нашудааст», — шарҳ дод Иноят Иноятов.

Тавре адвокат гуфт, илова бар ин Аскар Ҳаким боҷи давлатиро дар ҳаҷми 0,7% аз ҳаҷми маблағи барои ҷуброни зарари маънавӣ талабнамудаашро пардохт нанамуд.

Ба андешаи адвокат, бо вуҷуди беҳаракат боқӣ мондани аризаи даъвогӣ Аскар Ҳаким ҳуқуқ дорад аз болои рӯзномаи «Самак» ба суд бо аризаи даъвогии такрорӣ муроҷиат намояд.

Хулоса

Аризаи даъвогии собиқ раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аскар Ҳаким бо сабаби камбудиҳои расмӣ ва аз тарафи даъвогар пардохт нагаштани боҷи давлатӣ бо қарори суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе беҳаракат гузошта шуд. Бо вуҷуди ин, даъвои мазкур бори дигар собит месозад, ки ҳамкасбони мо – журналистон аксар вақт ба ӯҳдадориҳои касбии худ аҳамият намедиҳанд, саҳеҳияти иттилоотро намесанҷанд, ному насаби қаҳрамонони мақолаҳояшонро аниқ намекунанд. Ҳамин ҳолат дар мисоли мақолаи рӯзномаи «Самак» ба таври возеҳ мушоҳида шудааст, ки оқибати он ба суд кашида шудани рӯзнома ва муаллиф мебошад.

Ба дасти шумо даъвоҳои тосудӣ расид: амалҳои минбаъдаи шумо (тавсияҳо)

Талаб дар бораи рад намудани иттилооти дар ВАО батабърасида унсури ҳатмии то суд танзим намудани баҳсҳо аз рӯи аризаҳои даъвогӣ дар бораи поймол гаштани шаъну шараф ва эътибори кории шахс мебошад.

Агар ба дасти Шумо ё идораи ВАО дар бораи рад намудани иттилооти дар ВАО батабърасида аризаи даъвогӣ расад, ё дар аризаи мазкур талаби ҷуброни зарари маънавӣ ё зарари моддӣ мавҷуд бошад, наҳаросед. Шумо имкон доред, ки ба айбҳои пешбинигашта ҷавоби муносиб гардонед. Дар поён чанд қадамеро нишон медиҳем, ки Шумо аз онҳо ҳангоми ба дастатон расидани аризаи даъвогӣ метавонед истифода кунед:

Қадами 1. Аҳамияти расмиёти то суд танзимсозии масъаларо кам нашуморед, вақтро ба манфиати худ ва манфиати идораи нашрия истифода баред. Агар ягон нафар андеша дошта бошад, ки ба аризаи даъвогии талаби раддия чоп кардан дошта аҳамият додан лозим нест, комилан хато мекунад. Аз як тараф, расмиёти танзимсозии тосудӣ – кори маъмулӣ аст, аз тарафи дигар – он ишораи саҳеҳе аст, ки бо як мақсад – оид ба эҳтимолан поймол шудани ҳуқуқу манфиатҳои нафаре ба шумо равона гаштааст.

Аксар вақт иштироккунандагони норозии баҳсҳои иттилоотӣ ҳатто намедонанд, ки кай ва дар кадом вазъият онҳо метавонанд чопи раддияро талаб кунанд. Одамон, маъмулан, дар байни фактҳо ва андешаҳо, маълумот ва ташреҳ фарқ намегузоранд, аз ин рӯ талабот дар бораи рад намудани андешаи номуносиб, баҳои субъективӣ дар бораи нафаре ё чизе хеле зиёд вомехӯранд. Якмоҳа мӯҳлатеро, ки қонунгузор бо мақсади то суд баррасӣ намудани даъвоҳо пешбинӣ намудааст, барои он истифода бурдан мумкин ва зарур аст, ки ба даъвогар фактҳои зерини ба чашм намоёнро фаҳмонед:

  • Аризаҳои даъвогӣ оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори корӣ аксар вақт заминаи қонунӣ надоранд: аксар вақт даъвогарон таҳти таъсири эҳсосот ва хоҳиши «адаби журналистро додан» амал мекунанд.
  • Дар талабот дар бораи рад кардан ба исботи факту маълумоте, ки онҳоро бо осонӣ мушаххас намудан мумкин аст, хеле кам вомехӯранд: аксар вақт талаб менамоянд, ки маҳз чизи манфӣ, номатлуб ё баҳо ва андешаи бетарафона рад карда шаванд.
  • Даъвогарон алоқаи сабабу-оқибатии байни замони ба табъ расидани мавод (намоиши сужет) ва ҳолатҳои номусоиди бизнес, ҳаёт, мансабро, ки онҳо метавонистанд ҳатто то замони интишори иттилооти мазкур ҷой дошта бошанд, хеле кам намоиш медиҳанд; даъвогарон аксар вақт оқибатҳои маводи чопиро «таххаюл менамоянд», «тасаввур мекунанд» ё «аз ҳад зиёд мебинанд», ҳол он ки онҳо метавонанд ҳаргиз ба амал наоянд. Даъвогарон кӯшиш мекунанд, ки ҳамон ҳолати пешбиникардаашонро ба чопи мавод алоқаманд созанд.

Дар маҷмӯъ, ҳар як даъвогарро ба беасос будан, нозарур ва бемантиқ будани иқдомаш нисбат ба Шумо ҳамчун журналист ва ба идораи ВАО бовар кунондан мумкин аст.

Қадами 2. Яке аз натиҷаҳои эҳтимолии баррасии талабот дар бораи чопи раддияро дар чорчӯбаи танзимсозии тосудӣ интихоб кунед: чоп накардани раддияро бо далелҳо исбот кунед, ё раддияро дар ВАО ба табъ расонед.

 Оқибатҳои ду амали дар боло нишондодашуда чунин аст:

  • Дар ҳолати рад намудани чопи раддия – арзкунанда ба суд бо аризаи даъвогӣ дар бораи поймол гаштани шаъну шараф ва эътибори корӣ муроҷиат мекунад ва, маъмулан, талаботи худро боз ҳам «гаронтар» намуда, аз шумо ҷуброни зарари маънавӣ ё моддӣ талаб мекунад;
  • Дар ҳолати ба табъ расондани раддия, агар чоп шудани раддияро оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои поймолгаштааш нокофӣ шуморад,  арзкунанда метавонад ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуда, талаби ҷуброни зарари маънавӣ ё моддӣ кунад.

ҚАЗИЯИ ТӯЛКАШИДА:
ТУРАҶОНЗОДА ЗИДДИ ТВ «СУҒД»
Суди шаҳри Хуҷанд рӯзи 31 июли соли 2013 таҳти раисии судя Матлуба Ҳабибуллоева аризаи даъвогии арбоби маъруфи дин ва сиёсатмадор Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро нисбати ходимони дини Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, Ҳоҷӣ Насруллохон Азизов, Ҳоҷӣ Мақсудҷон Урунов ва мухбири ТВ «Суғд» Тоҳирҷон Искандарзодаро, ки беш аз якуним сол тӯл кашида буд ниҳоят баррасӣ намуд.
Ҳамаи ҷавобгарон аз рӯи қазияи мазкур тибқи андешаи адвокат Файзинисо Воҳидова, дар мавҷи телевизиони вилоятии «Суғд» моҳи феврали соли 2012 дар сӯҳбати «гирди миз» иштирок карда, ба андешаи Тураҷонзода ба унвони вай суханони пастзанандаи шаъну шараф ва эътибори вай ва оилаашро баён кардаанд.

Тафсилоти баррасии судӣ

Қайд намудан зарур аст, ки қазияи мазкури гражданиро суди шаҳри Хуҷанд ҳанӯз баҳори соли 2012 оғоз намуда буд. Раиси суд судя Ҳабибуллоева Матлуба таъин гардид. Вале бо сабабҳои гуногун суд муддати дароз тӯл кашид. Баррасии қазия бо сабабҳои гуногун ба вақти дигар гузаронда мешуд.

Рӯзи 18 марти соли 2013 суди шаҳри Хуҷанд ниҳоят ба баррасии такрории даъвои сиёсатмадор ва ходими маъруфи дин Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода нисбати Шӯрои уламо ва телевизиони вилояти Суғдро оғоз намуд. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода дар аризаи даъвогии худ тасдиқ намудааст, ки ходимони мазкури дин ва журналисти телевизиони вилояти Суғд Тоҳири Искандарзода шаъну шарафи вай ва аъзои оилаашро ҳангоми барномаи «Сӯҳбати озод», ки моҳи феврали соли 2012 намоиш дода шудааст, таҳқир намудаанд.

Файзинисо Воҳидова – адвокати Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода хабар дод, ки дар намоиш гуфта шудааст, ки «Тураҷонзода бо истифода аз ВАО иғво меангезад ва вазъи мамлакатро муташаниҷ мегардонад. Ходимони дин, ки дар барнома иштирок доштанд, дар бораи оилаи Тураҷонзода ошкоро маълумоти бардурӯғ паҳн кардаанд».

Адвокат ҳамон вақт қайд намуда буд, ки зерҳимояи вай моҷарои мазкурро бо роҳи сулҳхоҳона ҳаллу фасл намудан мехост, вале пешниҳоди вай дар бораи узр пурсидан ва интишор додани радия аз тарафи ходимони дини вилояти Суғд ва намояндагони телевизиони «Суғд» қабул нагардид.

Барандаи барномаи телевизион Тоҳир Искандарзода қайд намуд, ки вай на ҳамаи мавзӯъҳоро худаш интихоб мекунад. «Дар барномаи «Сӯҳбати озод» мавзӯи «Ошуро» баррасӣ гашта, он идеяи ман набуд, зеро мавзӯи сиёсӣ аст, гуфт Т.Искандарзода. – Роҳбарияти телевизион аз ман хоҳиш кард, ки коршиносонро аз рӯи мавзӯи мазкур даъват кунам ва бо онҳо сӯҳбат гузаронам».

Дар айни замон раиси Кумитаи оид ба телевизион ва радиошунавонии вилояти Суғд Аюбҷон Асадуллоев қайд намуд, ки барнома фармоишӣ набуд. «Касе аз мақомоти қудратӣ ва шахсони мансабдор ба мо фармон надодааст, — гуфт А.Асадуллоев. – Коршиносон агар дар суханрониашон ягон сухани ноҷо гуфта бошанд, худашон дар назди суд ҷавоб мегӯянд».

Рӯзи 30 августи соли 2012 судя навори сабтшудаи барномаро ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузарондани ташхис равон кард. Пажӯҳишгоҳ мебоист масъалаи дар барномаи телевизионӣ мавҷуд будан ё набудани таҳқирро муайян намояд. Вале бо сабаби он, ки ҳуқуқи гузарондани ташхиси забоншиносӣ ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ дода шудааст, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт парвандаро ба суди шаҳри Хуҷанд баргардонд. Рӯзи 19 ноябр суд дар мурофиаи навбатии худ аз рӯи қазия қарор кард, ки маводи он ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ барои гузарондани ташхис равон карда шавад.

Мурофиаи навбатии судӣ аз рӯи аризаи даъвогии Тураҷонзода зидди уламои дини вилояти Суғд ва мухбири телевизиони «Суғд» рӯзи 29 июли соли 2013 таъин гардид. Вале бо сабаби ба суд ҳозир нашудани даъвогар ва адвокати вай суд мурофиаро ба рӯзи 31 июли соли 2013 мавқуф гузошт.

Суди шаҳри Хуҷанд рӯзи 31 июл парвандаро баррасӣ намуда, даъвои Хоҷӣ Акбар Тураҷонзода бар зидди се нафар ходимони дини Суғдро рад намуда, онро беасос номид. Матлуба Ҳабибуллоева раиси суди шаҳри Хуҷанд ва раисикунандаи мурофиаи судӣ қарори судро хонда, арз намуд, ки дар ҷараёни барномаи телевизионии «Сӯҳбати озод» телевизиони давлатии «Суғд» (СТВ) шаъну шараф ва эътибори Тураҷонзода паст зада нашудааст.

Тавре адвокат гуфт, дар ҷараёни мурофиаи судӣ факти рӯзи 2 декабри соли 2011 дар масҷиди ноҳияи Ваҳдат аз тарафи оилаи Тураҷонзода гузарондани оини динии «Ошуро» муқаррар карда нашуд. Гӯё онҳо оинномаи масҷидро вайрон кардаанд. Ҷавобгарон гуфтанд, ки онҳо дар бораи оилаи Тураҷонзода сухан гуфта, на даъвогар Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода балки бародари вайро дар назар доштаанд, вале дар мавҷ чунин сабт паҳн гаштааст, ки дар он сухан дар бораи тамоми оила меравад. Баъд аз анҷоми мурофиаи судӣ адвокат Файзинисо Воҳидова арз намуд, ки онҳо ният доранд аз болои қарори суд ба суди болоӣ шикоят мекунанд.

Қайд намудан зарур аст, ки оини «Ошуро» яке аз оинҳое аст, ки ба хотири набераи кушташудаи пайғамбар Муҳаммад – имом Ҳусейн барпо карда мешавад. Ҳамон рӯз иштирокчиёни оин худро ба занҷирҳо зада хуншор мекунанд, ки он хилофи Қуръон ва мазҳаби Ҳанафӣ аст. Сокинони Тоҷикистон қариб аксар пайрави мазҳаби мазкур мебошанд. Оини мазкурро асосан пайравони мазҳаби Шиа дар Ирон барпо мекунанд.
Қарори суд
Суди шаҳри Хуҷанд рӯзи 31 июли соли 2013 таҳти раисии судя Ҳабибуллоева Матлуба дар мурофиаи навбатӣ аризаи даъвогии ходими намоёни дин ва сиёсатмадор Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода бар зидди ходимони дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, Ҳоҷӣ Насруллохон Азизов, Ҳоҷӣ Мақсудҷон Урунов ва мухбири ТВ «Сугд» Тоҳирҷон Искандарзодаро баррасӣ намуд. Дар қарори суд қайд шудааст, ки моҳи феврали соли 2012 аз тариқи телевизиони вилоятии Суғд таҳти рубрикаи «Сӯҳбати озод» барномае дар мавзӯи «Ошуро аз назари мазҳаби Имоми Аъзам»-ро пахш намуд. Барномаро мухбири телевизиони мазкур Тоҳирҷон Искандарзода таҳия намуда, дар он Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, Ҳоҷӣ Насруллохон Азизов, Ҳоҷӣ Мақсудҷон Урунов иштирок кардаанд. Дар барномаи телевизион ҳамаи масъалаҳое баррасӣ гаштаанд, ки ба оини динии «Ошуро», ихтилофҳои оини мазҳаби шиа дар ҷомеаи Тоҷикистон алоқаманд мебошанд. Дар қарори суд қайд гаштааст, ки оини мазкур дар Тоҷикистон васеъ қайд карда намешавад. Бо ҳамин сабаб, оини рӯзи 2 декабри соли 2011 барпошуда ба мазҳаби Ҳанафӣ, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистон пайравони он мебошанд, хилоф аст.
Ба андешаи адвокат Файзинисо Воҳидова, мухбир Тоҳирҷон Искандарзода дар суханони зерини муқаддимавиаш шаъну шараф ва эътибори зерҳимояи вайро паст задаст: «Ба ҳама маълум аст, ки Тураҷонзода, бо истифода аз ВАО, иғво меангезад ва вазъи мамлакатро ноором мегардонад, манфиатҳои миллӣ ва давлатиро эҳтиром накарда, манфиатҳои бегонаҳоро ҳимоя мекунад». Ба андешаи адвокат, журналист дар суханронии худ бе ягон асос зерҳимояи вайро барои иғвоангезӣ ва муташаниҷ гардондани вазъи мамлакат, манфиатҳои миллӣ ва давлатиро эҳтиром накарда, манфиатҳои бегонаҳоро ҳимоя кардан айбдор сохта, бо ҳамин ба ӯ тӯҳмат зада, шаъну шарафи оилаашро паст задаст.
Ба андешаи иштирокчиёни дигари барнома уламои вилояти Суғд, идеяҳои равияҳои бегонаи динӣ вориди Тоҷикистон мешаванд. Ҳамаи баромадкунандагони барномаи мазкур далел меоранд, ки гӯё рӯзи 2 декабри соли 2012 дар масҷиди ҷомеъи ба номи Халифа Абдукарими ноҳияи Ваҳдат оини «Ошуро» барпо гаштааст, ки он ба исломи анъанавии мо ва оинномаи масҷиди номбаршуда хилоф аст.
Ба андешаи адвокат, суханони ҷавобгарон дар бораи оилаи Тураҷонзода ки ба воситаи телевизион садо додаанд, суди марҳилаи аввал арзёбӣ накард. Ҷавобгарон ҳама дар суханрониҳояшон дар суд қайд намуданд, ки онҳо вақте дар бораи оилаи Тураҷонзода сухан гуфтанд, бародари калони вай Нуриддин Тураҷонзодаро дар назар доштанд. Ба андешаи адвокат, бо ҳамин васила онҳо шаъну шарафи оилаи зерҳимояи вайро таҳқир кардаанд, зеро оилаи Тураҷонзода аз якчанд бародар иборат буда, ҳамаи онҳо дар байни аҳолии ҷумҳурӣ маъруфанд.
Суд парвандаро баррасӣ намуда, ба хулоса омад, ки уламои вилояти Суғд дар суханрониашон қонунро вайрон накардаанд, онҳо суханони таҳқиркунандаи шаъну шараф ва эътибори Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва оилаи вайро ба забон наовардаанд. Бо вуҷуди он, ба андешаи даъвогар, амалҳои онҳо аз тариқи телевизиони вилоятӣ шаъну шараф ва эътиборашро паст задаанд.
Ба андешаи суд, озодии сухан кори шахсии ҳар як шаҳрванд аст ва одамон дар интихоби дин озоданд ва касе ҳуқуқ надорад, ки одамро барои қабул кардани ин ё он дин, риоя кардани расму оини динӣ маҷбур кунад. Суд хулоса кард, ки уламои дар барномаи телевизионӣ суханроникарда андешаи шахсиашонро дар бораи расму оини мазкур дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки он ҳуқуқи қонуниашон аст.
Суд далелҳои тарафҳоро пурра баррасӣ намуда, қарор кард, ки даъвои  Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва адвокати вай Файзинисо Воҳидова бар зидди Ҳоҷӣ Ҳусейн Мусозода, Ҳоҷӣ Насруллохон Азизов, Ҳоҷӣ Мақсудҷон Урунов ва мухбири ТВ «Сугд» Тоҳирҷон Искандарзода рад карда шавад.
Аризаи шикояти аз болои қарори суд
Ба андешаи даъвогар Тураҷонзода ва адвокат Файзинисо Воҳидова, суди марҳилаи аввал ба ҳамаи далелҳои ариза баҳои нодуруст дода, ҳамаи далелҳои исботкунандаро насанҷид, ба ташхиси забоншиносии аз тарафи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодашуда баҳои ҳуқуқӣ надод, бо ҳамин сабаб онҳо бо қарори суди марҳилаи аввал розӣ набуда, қарор додаанд, ки аз болои он ба суди болоӣ – коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суғд аризаи шикоятӣ нависанд. Дар аризаи шикоятиаш Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва адвокат Файзинисо Воҳидова талаб кардаанд, ки суди марҳилаи касатсионӣ қарори қабулнамудаи суди марҳилаи аввал оид ба ҳимояи шаъну шараф ва эътибори кориро лағв созад ва онро қонеъ гардонад.
Инчунин барномаи телевизионии аз тариқи телевизиони вилояти Суғд дар барномаи «Сӯҳбати озод» пахшгардидаро аз нуқтаи назари мазҳаби динии Имоми Аъзам пастзанандаи шаъну шараф ва эътибори кори даъвогар Тураҷонзода Ҳоҷӣ Акбар дониста, ҷавобгаронро ӯҳдадор созад, ки дар бораи маълумоти паҳнкардаашон раддия интишор диҳанд.

Тавсияҳо

Қайд кардан бамаврид аст, ки Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ҳанӯз моҳи декабри соли 2011 аз болои раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аризаи даъвогӣ навишта буд. Сабаби баҳси судии мазкур боз ҳамон мавзӯи оини динии «Ошуро» дар масҷиди ҷомеъи ноҳияи Ваҳдад гардид. Вале суди ноҳияи Фирдавсӣ даъвои Тураҷонзодаро қонеъ нагардонд.

Ин ду мисоли баҳсҳои болоӣ аниқ намоиш медиҳанд, ки мавзӯи динӣ, ки журналистони тоҷик дар бораи он менависанд, хеле нозук аст. Хатои андак метавонад боиси баҳсҳои тӯлонии судии амсоли моҷарои Тураҷонзода ва телевизиони «Суғд» гардад. Бо ҳамин сабаб ба журналистон тавсия дода мешавад, ки мавзӯъҳои нозукро ба таври босалоҳият навиштан зарур буда, дар он андешаи коршиносонро овардан зарур буда, ба иззати нафси динии шаҳрвандон расидан зарур нест.

 

САБАҚҲОИ ЯК МУРОФИАИ СУДӣ: ПАРВАНДАИ МАЪМУРӣ ЗИДДИ АМРУЛЛО НИЗОМОВ

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти раисии судя Рухшона Ҳакимова дар ҷаласаи навбатии судӣ, ки рӯзи 19 феврали соли 2013 барпо гашт, қарор кард, ки журналисти хабаргузории «TojNews» ва рӯзномаи «Нигоҳ» Амрулло Низомовро дар ҳаҷми 280 сомонӣ (қариб 58 доллари амрикоӣ) ҷарима баста шавад.

Пофишории журналист ё майдаавбошӣ?

Суди ноҳиявии шаҳри Душанбе журналисти тоҷикро ҳангоми ба қабули раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов даромадан дар майдаавбошӣ айбдор донист.

Рӯзи 12 январи соли 2013 журналист Амрулло Низомов бо мақсади бо муовини раиси кумитаи мазкур Ғиёсов вохӯрдан ва аз вай оид ба ҷарима бастани донишҷӯ барои намозгузорӣ ба Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Дар назди дари кумитаи оид ба корҳо дин ӯро посбонон боздошта, гуфтанд, ки Ғиёсов ҳанӯз ба кор наомадааст. Журналист хоҳиш намуд, ки иҷозат диҳанд то бо ҳуқуқшиноси кумитаи мазкур вохӯрда, ба саволаш посух гирад, вале ба ӯ гуфтанд, ки ҳуқуқшинос дар рухсатии меҳнатӣ аст. Журналист истодагарӣ намуда хоҳиш кард, ки бо раиси кумита вохӯрад. Посбонон бо мақсади аз роҳбарият иҷозат пурсидан ба қабулгоҳи раиси кумита занг заданд. Ба посбонон хабар доданд, ки раис ба дастгоҳи Президенти ҷумҳурӣ рафтааст. Журналист аз ин хабар ошуфта гашта, гуфт, ки раис дар ҷои кораш аст. Посбонон ҳамоно мехостанд ӯро бовар кунонанд, ки раис нест ва то омаданаш мунтазир шавад ё ягон рӯзи дигар ояд. Тавре посбонон мегӯянд, Амрулло Низомов дар ҳамин ҳангом асабонӣ шуда, бо онҳо бо алфози дурушт гуфтугӯ кардааст ва бо пойҳояш ба рӯи барфи ҳавлии кумита сахт кӯфта, бо ҳамин восита ба атрофиён халал расонда, ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ додааст. Ҳамин вақт ба назди вай роҳбари дастгоҳи кумитаи оид ба корҳои дин З.Х. Шокиров баромада, аз журналист хоҳиш намудааст, ки рӯзи душанбе, вақти дар кор будани раис ояд. Бо ҳамин ҳодиса анҷом ёфт ва журналист бинои кумитаро тарк намуд.

Кӯшиши ходимони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил оид ба дастгиркунии ғайриқонунии журналист

Рӯзи 16 январи соли 2013 ба идораи хабаргузории “TojNews” ва рӯзномаи «Нигоҳ» чор нафар ходимони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, кӯшиш намуданд, ки журналист Амрулло Низомовро бо зӯрӣ дастгир карда бо худ гирифта раванд. Онҳо талаб намуданд, ки журналист бо онҳо ба идораи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ равад.

Баъд аз воқеаи мазкур сармуҳаррири хабаргузории “TojNews” Фаридун Раҳнавард ва сармуҳаррири рӯзномаи «Нигоҳ» Саймуддин Дӯстов ба Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон бо мактуб муроҷиат карданд.

Дар мактуб қайд шудааст, ки субҳи рӯзи 16 январи соли 2013 ба идораи хабаргузории “TojNews” ва рӯзномаи «Нигоҳ» чор нафар ходимони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ҶТ омада, кӯшиш намудаанд, ки журналист Амрулло Низомовро дастгир карда бо худ баранд. Онҳо қатъият талаб кардаанд, ки журналист аз паи онҳо ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои мутшаккилонаи ВКД ҶТ равад.

Бо сабаби бо худ надоштани ҳуҷҷати расмии милитсия дар бораи дастгир намудани журналист, роҳбарияти нашрия ва журналист талаби коркунони милитсияро иҷро накарданд. Тавре аз забони яке аз милитсионерон маълум гаштааст, аз болои журналист на ба шӯъбаи корҳои дохилӣ ва на ба раёсати ВКД ариза ворид нашудааст. Ба онҳо раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ ба таври шифоҳӣ муроҷиат намудааст.

Муаллифони мактуб тахмин мекунанд, ки коркунони милитсияро бо сабаби хусумати шахсӣ ба идораи нашрия раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ Абдураҳим Холиқов равона кардааст, зеро дар бораи фаъолияти кумитаи мазкур дар рӯзнома чанд маротиба мақолаҳои танқидии Амрулло Низомов ба табъ расидааст.

Муаллифони мактуб Ф.Раҳнавард ва С.Дӯстов бовар  доранд, ки ташрифи ғайриинтизори коркунони милитсия ба идораи нашрияи онҳо бо мақолаҳои танқидии таҳти сарлавҳаи «Ҷарима барои намозхонӣ», ки дар рӯзномаи «Нигоҳ» (№42 аз 16 январи соли 2013) ба табъ расидааст, рабт дорад.

Ф.Раҳнавард ва С.Дӯстов инчунин хабар додаанд, ки ба журналист Амрулло Низомов хатар таҳдид дорад. Бо ҳамин сабаб онҳо аз созмонҳои журналистии мамлакат хоҳиш намудаанд, ки оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои касбии ҳамкорашон тадбирандешӣ кунанд, зеро аз рафтори коркунони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил саволе бармеояд, ки «оё фаъолияти журналистӣ ҷинояти муташаккилона аст, ки бо он Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил машғул гаштааст?».

Баррасии судӣ

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 23 январи соли 2013 дар нисбати Амрулло Низомов барои таҳқири коркунони Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ тибқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «майдаавбошӣ» парванда кушод. Мурофиаи авали судӣ аз рӯи парвандаи мазкур рӯзи 29 январи соли 2013 таъин гардид. Раисикунандаи мурофиаи судӣ судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Рухшона Ҳакимова бо сабаби он, ки журналист Амрулло Низомов барои муқаррар намудани қонунӣ будани даъвои зидди вай оғозшуда ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат намуда буд, рӯзи барпошавии мурофиаи судиро ба вақти дигар гузаронд.

Мурофиаи судӣ аз рӯи аризаи даъвогии коркунони Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ аз болои журналист Амрулло Низомов тибқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ «майдаавбошӣ» рӯзи 19 феврали соли 2013 таҳти раисии судя Рухшона Ҳакимова барпо гашта, ба журналист дар ҳаҷми 280 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Коршиносони соҳаи ВАО қайд намуданд, ки сабаби айби ба Амрулло Низомов барои ҳимояи ҳуқуқи касбиаш оид ба дастрасӣ пайдо кардан ба манбаи хабари расмӣ пофишорӣ намудани вай мебошад. Адвокат Абдураҳмон Шарифов аз ҷумла қайд намуд, ки бо мақсади аз масъалаи асосӣ – дастрасӣ ба манбаи хабар ба масъалаҳои дигар ҷалб намудани диққати  суд шахсони мансабдори кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ ҳуқуқвайронкунии маъмуриро фикр карда баровардаанд.

Адвокат Абдураҳмон Шарифов баъд аз мурофиаи судӣ арз намуд, ки вай ва зерҳимояи вай бо қарори суди марҳилаи ибтидоӣ розӣ нестанд ва аз болои он ба суди марҳилаи болоӣ шикоят мекунанд.

Коллегияи кассатсионии суди шаҳри Душанбе оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ рӯзи 27 марти соли 2013 аризаи шикоятии Амрулло Низомов аз болои қарори суди ноҳияи Шоҳмансурро баррасӣ намуда, онро бетағйир боқӣ гузошт.

Ба Амрулло Низомов хабар доданд, ки вай дар ҳолати бо қарорҳои судҳои марҳилаҳои поёнӣ розӣ набудан дар асоси талаботи моддаи 136 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқ дорад ба судҳои марҳилаи болотар бо шикоят муроҷиат кунад.

Аризаи Амрулло Низомов ба Прокуратураи генералии ҶТ

Амрулло Низомов дар аризааш ба Прокуратураи генералӣ хоҳиш намудааст, ки қонунӣ будани амалҳои шахсоне муайян карда шавад, ки журналистро хостаанд бо роҳи истифода аз зӯри аз бинои Кумитаи оид ба корҳои дини Тоҷикистон рондаанд. Амрулло Низомов талаб намудааст, ки сабти видеоии рӯзҳои 12 то 19 январи соли 2013 бо асбобҳои сабткунандаи кумитаи мазкур иҷрошударо таҳлил намоянд, то ин ки сабт тоза карда нашавад. Журналист аз Прокуратураи генералӣ инчунин талаб кардааст, ки қарори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои мутшаккилонаи ВКД ҶТ лағв карда шавад.

Журналист дар номааш ба Прокуратураи генералӣ қайд кардааст, ки коркунони Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ ва коркунони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ барои таҳқир айбдор намудани вай асос надоштанд, зеро вай ният дошт вазифаи касбиаш оид ба дастрасӣ ба манбаи хабарро иҷро кунад.

Журналист инчунин хабар додаст, ки раиси Кумитаи оид ба корҳои дин Абдураҳим Холиқов бо ҳамин усул мехоҳад барои мақолаи «Фатвои Шӯрои уламо 80 сомонист, фатво-да биё, бача!» ва мақолаи «А. Холиқов, мардумро бо каҷфаҳмию камфаҳмии худ гумроҳ накунед!» ва мақолаҳои дигари қаблан батабърасондааш, ки дар ҳамаи онҳо фаъолияти мақоми мазкури ваколатдори давлатӣ танқид шудааст, қасд ситонад. Бо ҳамин сабаб, вай чунин меҳисобад, ки аризаи даъвогии ходимони Кумитаи оид ба корҳои дин ғаразнок аст.

Дар мактубаш ба Прокуратураи генералӣ журналист хабар расондааст, ки коркунони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона кӯшиш намудаанд ӯро дар маҳалли кораш дастгир кунанд. Ронанда ва роҳбари дастгоҳи Кумитаи оид ба корҳои дин аз ваколатҳои худ гузашта, бар хилофи Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» амал намуда, дар масъалаи дастрасӣ ба манбаи ахбор монеа эҷод кардаанд.

Мухбир ба ғайр аз ин аз Прокурори генералӣ хоҳиш намудааст, ки ҳамаи сабтҳои бо дастгоҳҳои видеосабткунии Кумитаи оид ба корҳои динро аз рӯзхои 12 то 19 январи соли 2013 аз назар гузаронад.

Амрулло Низомов аз Прокурори генералӣ инчунин хоҳиш кардааст, ки айби Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона аз рӯи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ «майдаавбошӣ» ба вай гузошташуда лағв карда шавад.

Вале Прокуратураи генералӣ ғайри чашмдошти журналист ва адвокати вай, аризаи А.Низомовро барои тафтиш ба Хадамоти бехатарии ВКД ҶТ равона кард.

Ба андешаи журналист Амрулло Низомов, Прокуратураи генералӣ ба хотири этикӣ тафтиши ариза дар бораи амалҳои коркунони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ҶТ-ро бояд ба Хадамоти бехатарии ВКД ҶТ равона намекард.

Амрулло Низомов ва роҳбарияти хабаргузории «ТоjNews»  чунин меҳисобанд, ки дар амалҳои раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ ва коркунони масъули Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ҶТ аломатҳои ғаразнокӣ ва аз ваколатҳои худ зиёд амал кардан мушоҳида шуда, онҳо бо ҳамин сабаб ба воситаи фишор овардан ба журналист табдил ёфтаанд.

Аризаи шикоятии Амрулло Низомов аз болои қарори суди ноҳияи Шоҳмансур

Амрулло Низомов бо қарори суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе розӣ нашуда, қарор кард, ки аз болои он ба марҳилаи болоии судӣ шикоят кунад. Бо ҳамин мақсад вай ва адвокат А.Шарифов аз болои қарори суди марҳилаи аввал ба суди шаҳри Душанбе аризаи шикоятӣ навиштанд. Дар аризаи шикоятиаш А.Низомов ба як қатор камбудиҳое ишора кардааст, ки суд гӯё ҳангоми баррасии онҳо роҳ додааст. Аз ҷумла, қарори Роҳбари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ҶТ Зоиров Ч.М. аз 22 январи соли 2013 ва Протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки онро сардори шӯъбаи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ҶТ мураттаб сохтааст. Ба андешаи журналист, ҳуҷҷатҳои мазкур бо хоҳиши раиси кумитаи оид ба корҳои дин дар асоси ғарази шахсии раис ба журналист мураттаб шудаанд, зеро Амрулло Низомов то ин вақт аллакай якчанд маротиба дар саҳифаҳои рӯзнома дар бораи фаъолияти Кумитаи оид ба корҳои дин мақолаҳои танқидӣ ба табъ расонда буд.

Илова бар он, суд ҳолати мураттаб сохтани қарор ва протоколи коркунони милитсияро ба эътибор нагирифтааст. Амрулло Низомов ва адвокати вай чунин меҳисобанд, ки мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи ҳуқуқвайронкуниро бояд милитсияи қитъавӣ якбора баъд аз ба амал омадани воқеа тартиб диҳад, ё дар ҳолатҳои дигаре, ки тафтиш талаб мекунанд, бояд дар мӯҳлати як шабонарӯзи баъди воқеа тартиб дода шавад. Протокол дар бораи ҳуқуқвайронкунии гӯё содирнамудаи Амрулло Низомов бошад баъд аз гузаштани 10 шабонарӯз тартиб дода шудааст, ки онро суди марҳилаи аввал ба эътибор нагирифтааст. Илова бар он, дар аризаи шикоятиаш Амрулло Низомов нишон додаст, ки суд инчунин он ҳолатеро ба эътибор нагирифтааст, ки протоколро на милитсионери қитъавӣ балки шахси мансабдор тартиб додаст.

Амрулло Низомов инчунин нишон додаст, ки тибқи талаботи диспозитсияи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар маҳалҳои серодам, масалан дар кӯчаҳо ва хиёбонҳо, боғҳо, театрҳо, кинотеатрҳо, ҷойҳои истироҳати оммавии аҳолӣ ба амал меояд. Бинои Кумитаи оид ба корҳои дин бошад маъмурӣ буда, журналист дар он тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда наметавонист.

Мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ инчунин он вақт шуморида мешавад, ки агар одам ба одамони дигар ҳуҷум карда бошад, ки журналист ин корро накардааст ва дар суди марҳилаи аввал ҳам исбот нашудааст.

Ба андешаи Амрулло Низомов, суди марҳилаи аввал амалҳои ҳангоми баҳси байни вай ва посбонон анҷомдодаи вайро нодуруст арзёбӣ намудааст.

Бо ҳамин далелҳо Амрулло Низомов аз коллегияи кассатсионии суди шаҳри Душанбе пурсидааст, ки қарори суди марҳилаи аввалро лағв намуда, парвандаро барои баррасии нав ба Коллегияи суд оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии шаҳри Душанбе супорад, инчунин парвандаи маъмурӣ дар нисбати вай қатъ карда шавад.

Вокуниши Шӯрои адлияи ҶТ ба мақолаи дар рӯзномаи «Нигоҳ» батабърасида

Баъд аз дар рӯзномаи «Нигоҳ» чоп шудани мақола дар бораи суди журналист Амрулло Низомов аз рӯзи 6 марти соли 2013 Шӯрои адлияи ҶТ дар сомонаи худ (www.shuroiadliya.tj)  ҷавобе ба табъ расонд. Дар он қайд шудааст, ки Шӯрои адлия мақоларо санҷида хабар мерасонад, ки парвандаро суд аз рӯи моҳият баррасӣ намудааст ва қарори аз рӯи он қабулшуда дуруст аст. Бо вуҷуди он, айбдоршавандае, ки бо қарори суд розӣ нест аз болои он метавонад ба суди болоӣ шикоят кунад.

Шӯрои адлия инчунин нишон додаст, ки мақола дар бораи баррасии судӣ дар рӯзномаи «Нигоҳ» пеш аз ба ҳукми қонун даромадани қарори суди марҳилаи аввал чоп шудааст. Ин ҳолат вайрон кардани қисми 3 моддаи 7 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 26 Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аст ва он фишор овардан ба фаъолияти суд дониста мешавад. Бо ҳамин сабаб Шӯрои адлия тавсия медиҳад, ки ВАО талаботи қонунро риоя намоянд.

Хулоса

Парвандаи журналист Амрулло Низомов бори дигар собит мегардонад, ки масъалаи дастрасӣ ба манбаи расмии ахбор барои Тоҷикистон рӯзмарра аст. Аввалан, он намоиш медиҳад, ки журналистон дар мубориза бо сохторҳои ҳукуматӣ осебпазиранд. Дуюм, аз парванда бармеояд, ки шахсони мансабдори сохторҳои мухталифи ҳукумат ба хотири ҳимояи манфиатҳои худ якдилона амал мекунанд, ё бо тарзи дигар гӯем, «шарафи мансаби худро» ҳимоя мекунанд ва дар баробари он ҳуқуқи журналистон барои дастрасӣ ба манбаи ахборро поймол мекунанд.

Аз тарафи дигар, парвандаи мазкур барои худи журналистон омӯзанда аст, зеро бо вуҷуди зуд-зуд вайрон шудани ҳуқуқи дастрасӣ ба ахбор онҳо барои бо роҳи қонунӣ ҳимоя намудани ҳуқуқашон ба дастрасӣ ба ахбор на ҳамеша омодаанд.

Тавсияҳо

— дар семинарҳо барои журналистон камбудиҳоеро нишон додан зарур аст, ки журналист Амрулло Низомов ва рӯзномаи «Нигоҳ» ҳангоми инъикос намудани масъалаи баҳсталаби дар суд баррасишаванда роҳ додаанд;

— ба журналистон усулҳои қонунии муносибат бо шахсони мансабдорро омӯзондан зарур аст;

— ба журналистон истифодаи ҳуқуқии воситаҳои дастрасӣ ба ахбори расмиро омӯзондан зарур аст.

 

ҲАБСИ НАВОРБАРДОРИ «ОЗОДАГОН»:

ТАСОДУФ Ё ҚОНУНИЯТ?

Дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан ва озод намудани наворбардори хабаргузории «Озодагон» Абдураҳим Шукуров бо нақзи меъёрҳои қонунгузории мурофиавии мамлакат анҷом дода шуд. Дар парвандаи мазкур саволҳо нисбат ба ҷавобҳо зиёданд, зеро парванда ба анҷоми мантиқӣ нарасидааст.

Як шабонарӯз дар паси панҷара

Рӯзи 25 декабри соли 2013 ходимони ШКД ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт зимни иҷрои вазифаи хизматӣ наворбардори хабаргузории «Озодагон» Абдураҳим Шукуровро дастгир намуданд. Абдураҳим Шукуров бо супориши хабаргузорӣ ба кори наворбардории одамони назди СИЗО-и КАМ ҶТ барои дастгирии соҳибкори маъруф Зайд Саидов гирдомада машғул буд.

Ҳуқуқшиноси тоҷик Ойниҳол Бобоназарова, ки дар маҳалли воқеа қарор дошт, кӯшиш намуд, ки ба наворбардор дар лаҳзаи дастгиршавӣ кӯмак расонад. Тавре ҳуқуқшинос гуфт, вай кӯшиш намуд, ки ба милисаҳо фаҳмонад, ки Шукуров қонунро вайрон накардааст.

— Онҳо ба ман гӯш надоданд, гуфтанд, ки мо ӯро мебарем, сипас раҳо мекунем, — қайд намуд Бобоназарова. – Ин усули тарсондан аст ва таври пештара онро ходимони милитсия истифода мебаранд, ки ба он роҳбарияти ВКД бояд аҳамият диҳад.

Ходимони хабаргузории «Озодагон» барои муқаррар намудани сабабҳои дастгиршавии наворбардор ба ШКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ омадан.д. Тавре намояндагони хабаргузории «Озодагон» гуфтанд, вақте онҳо ба ШКД Исмоили Сомонӣ омаданд, дар рӯи Абдураҳим Шукуров изи лату кӯбро диданд. Тавре худи А.Шукуров гуфт, ӯро аллакай вақти дастгир намудан лату кӯб намуда буданд. Бо талаби роҳбарияти хабаргузории «Озодагон» ходимони милитсия гӯё Шукуровро барои ташхиси тиббӣ бурданд. Аммо баъдтар муовини сардори ШКД Хуршед Раҳмонов ба журналистони «Озодагон» хабар дод, ки  ба Абдураҳим Шукуров барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба мӯҳлати 7 шабонарӯз ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабс таъин гаштааст. Тавре ӯ гуфтааст, Абдураҳим Шукуров тартиботи ҷамъиятиро халалдор намудааст.

Субҳи рӯзи дигар ходимони хабаргузории «Озодагон» бо мақсади муқаррар намудани қонунӣ будани қарори ШКД бо муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Темур Ҳафизов вохӯрданд. Судя ба онҳо хабар дод, ки ходимони милитсия ҳуқуқи ба мӯҳлати 7 шабонарӯз ба ҳабс гирифтани шаҳрвандро надоранд.

«Онҳо метавонанд барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба мӯҳлати се шабонарӯз одамро бе қарори суд дар ҳабс нигоҳ доранд», — гуфт судя. Дар шӯъбаи умумии суд ҳам ба қайд гирифта шудани Шукуровро рад карданд.

Рӯзи дуюми баъди ба ҳабс гирифтани Шукуров – шоми 26 декабри соли 2013 наворбардори хабаргузории «Озодагон» Абдураҳим Шукуров аз ҳабс озод карда шуд.

Вокуниши созмонҳои журналистӣ

Рӯзи 26 декабри соли 2013 Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон, Шӯрои матбуоти Тоҷикистон инчунин як қатор муҳаррирони воситаҳои ахбори оммаи мустақил бо изҳороти муштарак баромад карда, дар он аз роҳбарияти ВКД талаб намуданд, ки наворбардори хабаргузории «Озодагон», ки ба мӯҳлати 7 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шудааст, озод карда шавад ва мувофиқи имкон бо вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов вохӯрии созмонҳои журналистони Тоҷикистон барпо карда шавад.

«Мо ба изҳорот имзогузоштагон – роҳбарони созмонҳои журналистӣ, ВАО ва ТҒД ба вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов муроҷиат намуда, талаб дорем, ки барои ҳаллу фасл намудани масъалаи ғайриқонунӣ дастгир шудан, лату кӯб шудани журналисти хабаргузории «Озодагон» Абдураҳим Шукуров моро ба ҳузур пазирад», — қайд шудааст дар изҳорот.

Дар ҳуҷҷат инчунин қайд гаштааст, ки Абдураҳим Шукуров рӯзи 25 декабр ҳангоми пароканда кардани одамони назди СИЗО-и КАМ Тоҷикистон дастгир шудааст, ки дар он ҷо ба соҳибкори маъруф Зайд Саидов ҳукм бароварда мешуд ва наворбардор А.Шукуров дар баробари дигар намояндагони ВАО ба иҷрои вазифаҳои касбии худ машғул буд.

«Мо боварӣ дорем, ки вай дастгир шуда, дертар ғайриқонунӣ ҳукм гирифтааст, зеро тартиботи ҷамъиятиро вайрон накардааст, ки дар ин бора шоҳидони зиёд гувоҳӣ медиҳанд. Илова бар он, ҳангоми дастгир намудан ба муқобили вай аз тарафи ходимони ШКД ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт зӯрӣ истифода шудааст, ки дар ин бора ҳам шоҳидон мавҷуд мебошанд», — гуфта шудааст дар изҳороти журналистон.

Журналистон дар изҳороти худ ба Вазири корҳои дохилӣ ваъда доданд, ки рӯзи 27 декабр ба мӯҳлати 3 соат коршиканӣ мекунанд.

Дастгир шудани наворбардори хабаргузории «Озодагон» журналистони вилояти Суғдро низ ба ташвиш овард. Рӯзи 27 феврал онҳо гирди ҳам омада, оид ба масъалаи дастгир шудани Абдураҳим Шукуров изҳори ташвиш карданд. Иштирокчиёни гирдиҳамоӣ қайд намуданд, ки «ҳар журналист метавонад дар ҷойи наворбардор қарор дошта бошад».  Журналистони вилояти Суғд ба хабаргузории «Озодагон» тавсия доданд, ки дар бораи ҷуброни зарари маънавиии ба журналист расида аризаи даъвогӣ нависанд. Онҳо инчунин аз ВКД ҶТ талаб карданд, ки воқеаи мазкурро бодиққатона тафтиш кунад ва дар нисбати коркунони милитсия, ки ба дастгиркунӣ ва лату кӯби ғайриқонунии журналист ва монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои касбиаш роҳ додаанд, чораҳои қатъӣ андешида шавад.

Вокуниши созмонҳои байналмилалӣ

Рӯзи 26 декабр намояндаи САҲА оид ба масъалаҳои озодии ВАО Дуня Миятович оид ба масъалаи ҳабси Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории «Озодагон» дар Тоҷикистон изҳори ташвиш кард.

«Ҳолати аз байни иштироккунандагон ҷудо карда дастгир кардани Шукуров боиси ташвиши махсус аст, ҳарчанд маълум аст, ки вай вазифаи касбиашро иҷро менамуд, — қайд кардааст Дуня Миятович. – Ман боз бо он сабаб ташвиш дорам, ки эҳтимол, ин ҳодиса кӯшиши мақомоти қудратӣ оид ба дилхунук кардани журналистони дигар аз мурофиаи мазкури судӣ аст.

Дуня Миятович инчунин талаб намуд, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон наворбардорро ҳарчи зудтар озод кунанд.

Воқеаи мазкур аз назари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ пинҳон намонд. Баъди чанд рӯз, саҳеҳтараш рӯзи 13 январи соли 2014 намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон изҳороте пахш намуда, ба ҳабс гирифтани наворбардорро маҳкум намуд. Намояндагии «Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар робита ба масъалаи ба ҳабс гирифтан ва лату кӯби Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории «Озодагон» изҳори ташвиш менамояд», гуфта шудааст дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 13 январ пахш гардид.

— Озод шудани ӯро аз ҳабс дастгирӣ намуда, намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал меоварад, ки таҳқиқи амиқи парвандаи мазкурро ҳарчи зудтар анҷом диҳад, то ин ки гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо инчунин аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалиаш барои таъмин кардани иҷрои вазифаҳои хизматии журналистон ва аз иҷрои вазифа наҳаросидани онҳо тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шаванд.

Андешаи адвокат

Тавре адвокати хабаргузории «Озодагон» Таманно Ашӯрова гуфт, ходимони милитсия ҳуқуқи Абдураҳим Шукуровро ба истифода аз  ҳимоятгар поймол кардаанд.

Адвокат қайд намуд, ки суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шабона гузашта, наворбардор  адвокат надошт.

Дар қарори судя Раҷабова аз 25 декабр гуфта шудааст, ки «Шукуров Р. Рӯзи 25.12. 2013 соати 15.00 дар назди СИЗО №1, ки дар кӯчаи Турсунзода воқеъ гаштааст тибқи маслиҳати пешакӣ ҳозир шуда, ба гурӯҳи хешовандони Зайд Саидов пайваста, навори видеоӣ сабт менамуд, ба талаби ходимони милитсия, ки тартиботи ҷамъиятиро таъмин менамуданд, гӯш надод».

Дар асоси шикояти Абдураҳим Шукуров ва суханронии адвокат Т.Ашӯрова рӯзи 26 декабр коллегияи кассатсионии суди шаҳри Душанбе дар ҳайати судяҳо Ф.Додоматов, А.Қосимов ва А.Одинаев тибқи моддаи 460 Кодекси ҶТ «Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ» дар бораи иваз кардани қарори ҳабс бо ҷарима ба маблағи 320 сомонӣ қарор баровард.

Абдураҳим Шукуров баъд аз озод шудан хабар дод, ки суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ӯро мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҶТ «Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ» 320 сомонӣ ҷарима кард. Шукуров худро айбдор намедонад, зеро ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дастгир ва ҳабс шудааст.

Вокуниши ҳамкасбон

Муассиси хабаргузории «Озодагон» Зафари Суфӣ рӯзи 31 декабр мақолае ба табъ расонд, ки он ба масъалаи дастгир шудани Абдураҳим Шукуров бахшида шудааст. Зафари Суфӣ дар мақолааш қайд намудааст, ки милитсия ба хотири рӯпӯш намудани айби ходими худ тамоми имкониятҳоро истифода бурда, арзишҳои ахлоқӣ ва инсониро ба эътибор намегирад.

Зафари Суфӣ инчунин меҳисобад, ки суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба нақзи ҳамаи қонунҳои мамлакат роҳ дода, наворбардори хабаргузории «Озодагон»-ро ҳафт шабонарӯз ба ҳасб маҳкум намуд. Танҳо тавассути амали ҳамкоронаи ҷомеаи журналистон ва роҳбарони ВАО дар ШКД ноҳия ба ташвиш афтоданд ва тамоми қувваашонро истифода бурда, Абдураҳим Шукуровро маҷбур намуданд, ки ба суди шаҳри Душанбе дар бораи иваз кардани чораи ҷазо ариза нависад.

Тавсияҳо

— Парвандаҳои маъмурӣ дар нисбати ВАО ва журналистон аксар вақт кушода шуда, бо вайрон кардани меъёрҳои протсессуалӣ баррасӣ мегарданд, аз ин рӯ ба журналистон ва муҳаррирони ВАО зарур аст, ки меъёрҳои қонунгузории ҶТ-ро бодиққатона омӯзанд ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро дар амал истифода баранд.

— Ба ягон хел протокол бе ширкати адвокат ё дигар намояндаи қонунии ҳимоякунанда имзо нагузоранд.

 

ЧАНД ҚОИДАЕ, КИ РИОЯИ ОНҲО ХАТАРИ БА МОҶАРОИ СУДӣ КАШИДА ШУДАНАТОНРО КАМ МЕГАРДОНАД

(Ба ҷои охирсухан)

Рӯзнома бо мақолаи шумо аз чоп баромад, сужет дар мавҷ пахш гардид, Шумо бошед дар интизори вокуниши шахсоне нишастаед, ки фактҳои дар мақола овардаатон ба онҳо дахл доранд. Маъмулан, пеш аз ҳама шахсоне вокуниш нишон медиҳанд, ки манфиат ва ҳуқуқҳои онҳо дар маводи паҳнгашта дахл карда шудааст. Вокуниши онҳо аксаран лаҳзагӣ буда, обуранги эҳсосотӣ дорад, ё бо суханони қаноатмандона ба шумо ташаккур мегӯянд ё  шумо ва воситаи ахборро таҳти таъқиб қарор медиҳанд. Чанд қоидае мавҷуд аст, ки онҳоро дар хотир доштан зарур буда, онҳо, эҳтимолан, имкон намедиҳанд, ки дар байни шумо ва қаҳрамононатон моҷарои судӣ аланга занад.

 

 

Қоидаи 1. Ҳар гуна эрод оид ба паҳн сохтани иттилооти чӣ шахсони воқеӣ ва чӣ шахсони ҳуқуқӣ бояд хаттӣ навишта шуда бошанд.

Агар қаҳрамони маводи чопшуда ба воситаи телефон занг зада, мехоҳанд бо шумо ҳисобашро баробар кунад, ба вай маслиҳат диҳед, ки ҳамаи далелҳояшро дар шакли хаттӣ нависад ва ба идораи воситаи ахбор фиристад. Ба вай фаҳмонед, ки қонунгузорӣ идораи воситаи ахбори оммаро ӯҳдадор намудааст, ки ба мактубҳо ва ҳар хабари дигар эҳтиёткорона муносибат намоянд, аз ин рӯ эроди хаттии онҳо ҳатман дар муддати муқарраргашта баррасӣ карда мешавад ва аз рӯи он посухи хаттӣ фиристода мешавад.

Қоидаи 2. Эродҳои хаттиро дар намуди (1) мактуби оддӣ, муроҷиат, дархост ба идораи ВАО, дар намуди (2) талаб дар бораи чоп кардани ҷавоб дар ВАО ва дар намуди (3) талаб дар бораи радия навиштан мураттаб сохтан мумкин аст. Ба эроди хаттӣ ҳатман дар муддати муқарраршуда ҷавоб гардондан зарур аст.

Ҳар як эроди хаттӣ аз ВАО оид ба паҳн кардани ахбор, ҳар талаботе ки онҳо пеш нагузошта бошанд, онҳо бояд дар мӯҳлати муқарраргашта баррасӣ гарданд ва ба муаллифи онҳо дар бораи чораҳои андешидашуда ҷавоби хаттӣ гардондан зарур аст. Ба эрод ҷавоб нагардондан ё ҷавоби сатҳӣ гардондан кори хуб нест ва барои ВАО хатар дорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксари баҳсҳои иттилоотии ба суд расидаро дар марҳилаи тосудӣ ҳал намудан мумкин буд ва бо ҳамин восита журналист ва ВАО  вақту маблағашонро сарфа мекарданд.

Қоидаи 3. Барои чопи ҷавоб ё раддияе, ки аризадиҳандагон талаб кардаанд, шитоб накунед. Пеш аз қабули қарор дар бораи масъала дар бораи оқибатҳои он андеша кунед.

Фарқ байни талаб дар бораи дар ВАО чоп кардани ҷавоб ё раддия аён аст: дар ҳолати аввал аз шумо мепурсанд, ки хатои дар иттилооти чопшуда роҳдодашуда, ё хатои техникӣ ислоҳ карда шавад ва бо ҳамин восита онҳо норозигии худро аз ВАО баён мекунанд. Дуюм, талаби рад кардани маълумот. Бо чунин амал ба он ишора мекунанд, ки шумо маълумоти нодуруст чоп кардаед ва бо ҳамин васила шаъну шараф ва эътибори вайро паст задаед. Чопи ҷавоб ягон оқибати манфӣ надорад, вале чопи раддия ҳамеша ҳамчун айби журналист ва ВАО арзёбӣ мегардад ва он факти паст задани шаъну шараф ва эътибори кориро исбот менамояд. Ин ҳолат ҳамеша боиси даъвои судӣ пеш овардан аз болои муаллиф ва идораи ВАО мегардад ва ҷуброни зарари маънавӣ талаб карда мешавад.

Манбаъ: www.medialawca.org

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *