СУД ТУТУБАЛИНАРО 30 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА КАРД

Суди ноҳияи Фирдавсӣ Олга Тутубалина ва гурӯҳи расонаҳои «Азия-плюс»-ро муфаззаф кардааст, ки ба ҳар кадоми даъвогар Раҳмонов, Раҷабов ва Абдиева 10 ҳазорӣ дар маҷмӯъ 30 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ пардохт кунанд.

Судя ҳамчунин «Азия-плюс»-ро мувазаф кардаст дар давоми ду ҳафта дар ҳафтанома ба матлаби ин рӯзноманигор, ки ба иддаои даъвогарон шаъни онҳо — яъне зиёиёнро паст зада, наҷосат номидааст, раддия нашр кунанд.

Аммо Иноят Иноят, вакили дифоъи Тутубалина гуфт, қарори суд ноодилона буда, онҳо аз болои ин қарор ба суди болоӣ шикоят хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, моҳи майи соли гузашта дар «Азия-Плюс» мақолае бо номи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») ба нашр расид.

Олга Тутубалина дар матлабаш роҷеъ ба бозгашти шоири тоҷик Бозор Собир ба Ватан суханони Ленин, асосгузори давлати Шӯравиро, мисол меовард, ки зиёиёнро наҷосат номида буд.

Дар моҳи августи соли гузашта созмонҳое, ки худро зиёӣ ва таҳқиршуда донистанд, — Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон, Академияи илмҳои кишвар бо аризаи даъвогӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат карданд. Онҳо аз журналист барои таҳқир ва паст задани шаъни зиёиён 200 ҳазор сомонӣ талаб карданд.

Зиёиён ҳамчунин талаб кардаанд, суд амволи журналистро мусодира намояд.

Иттиҳодияҳои эҷодии Тоҷикистон дар мақолаи Тутубалина таҳқири зиёиҳоро дидаанд, вале муаллиф мегӯяд, вай бо овардани иқтибос аз Ленин касеро таҳқир накардааст ва баҳси судӣ ақидаашро дар бораи зиёиён тағйир надодааст.

Дар таърихи 13-уми ноябри соли гузашта суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташхиси мақолаи Олга Тутубалинаро бар ӯҳдаи Кумитаи забон ва истилоҳот гузошт.

http://www.tojnews.tj/sudya-tutbalinaro-30-hazor-somoni-jarima-kard

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *