«Азия-Плюс»-ро рӯзи 21-уми феврал дар суд мешунаванд

Музокироти ҷонибҳо аз рӯи парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» рӯзи 21-уми феврал идома меёбанд. Шунавидани ҷониби ҳимоя аз соати 14:00 оғоз мегардад. Бо дархости ба рӯзи дигар гузаронидани музокирот адвокати «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов ба суд муроҷиат кард ва суд дархости ӯро қонеъ намуд.

Дар ҳамин ҳол, дар ин мурофиа ба ҷониби ҳимоя маълумотнома дар бораи ҷойи кори се нафар даъвогарони хусусӣ пешниҳод гардид. Тибқи ин маълумотномаҳо, Дилбар Абдиева дотсенти яке аз кафедраҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Аскаралӣ Раҷабов муди шуъбаи таърихи санъати Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Акадаемияи илмҳои Тоҷикистон ва Ҳикмат Раҳматов ёвари раиси Иттиҳоди нависандагон аст. Қобили зикр аст, ки ташкилотҳои ахирӣ даъвогарони асосӣ ва фаъол дар ин парванда мебошанд. Рӯзи 21-уми феврал пас аз шунидани ҷониби ҳимоя суд қарор содир мекунад

Дар мурофиаи судии ҳафтаи гузашта дар суди ноҳияи Фирдасии пойтахт таҳти раёсати Сурайё Ҷобирова музокироти ҷонибҳо оид ба баррасии даъвои панҷ иттиҳодияи эҷодӣ ва се шахси воқеӣ нисбати нашрияи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина доир гардид.

Қабл аз музокирот намояндаи ҳафтавор Иноят Иноятов ба суд маълумот дод, ки ҷониби ҳимоя ба музокирот омода нест, зеро масоили зиёди ошкорнашуда боқӣ монда, бо назардошти ҳолатҳои дар мурофиаи пешин ошкоршуда, дархост намуд, ки такроран ташхиси забоншиносӣ гузаронида шавад.

Намояндаи даъвогарон Рустам Устобоев изҳори итминон кард, ки барои муайян кардани моҳияти як калима дониши олӣ доштан зарур нест ва ҳамчунин зикр кард, ки матни мақола «аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума шуда, сипас ташхис гузаронида шудааст».

http://news.tj/tj/news/aziya-plyus-ro-r-zi-21-umi-fevral-dar-sud-meshunavand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *