Дар ҷаласаи кории ҳукумати шаҳри Душанбе, ки 17 феврал доир гардид, масъалаи баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон дар дастгоҳу сохторҳои шаҳрӣ, вокуниши босареъият ба матлабҳои воситаҳои ахбори омма ва воқеияту самаранок истифодашавии воҳидҳои корӣ дар ташкилоту идораҳои буҷетии шаҳр баррасӣ шуд.
Дар ин зимн Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт, ба муовинаш Б.Назаров дастур дод, ки то 15 апрели соли ҷорӣ дар таносуби ҳар кадом субъекти хоҷагидори буҷетии шаҳр истифодашавии воҳидҳои кориро мавриди санҷиш қарор диҳад.
Маркази матбуотии шаҳрдорӣ мегӯяд, дар рафти ҷаласа Убайдуллоев бо инобати мусоидии боду ҳаво таваҷҷуҳи масъулин ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидориро ба ваъзи дарахтшинонӣ дар кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳои шаҳр нигаронида, дастур дод, ки шинонидан ва нигоҳубини дарахтон танҳо тибқи барномаву нақшаҳои шаҳрдорӣ зери назорати қатъии дендрологҳо амалӣ карда шаванд.
Раиси шаҳр изҳори итминон кард, ки таҷрибаи шаҳрдорӣ оид ба дарёфту шинонидани ниҳолҳои баркамоли ороишию сояафкан баҳри хуррамию боғшаҳргардонии Душанбе бар ивази дарахтони зимни таъмиру азнавсозӣ ва сохтмони роҳҳо, инчунин бунёди дигар иншооти нақшавӣ бартарафшаванда самараи хуб хоҳад дод ва ояндаи наздик ҳар сокину меҳмони шаҳр аз он баҳраманд хоҳад гашт.
Ба иттилои манбаъ, бо дахли масоили омодагиҳо ба Наврӯзи байналмилалӣ, ки ин навбат дар соли ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро сазовор гардидани Душанбе истиқбол карда мешавад, Убайдуллоев бо тарҳрезии тасмимоти шаҳрдорӣ оид ба бошукуҳу мутантан пазироӣ намудани иди миллӣ муқаррар сохт, ки соли ҷорӣ он чун Наврӯзи ободии ҳар хонадон, ки маҷмуан ба шукуфоии пойтахт нигаронида шудааст, таҷлил карда шавад.
Дар иртибот ба тақвияти чораҳои дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ минбаъд баргузор намудани чорабиниҳои оммавии шаҳр дар ҷаласа қарор гардид, ки аз таҷрибаи мактаби волонтёрӣ ба таври васеъ истифода ва тавассути он кадрҳои лаёқатманд барои хизмати давлатӣ ҷалб карда шаванд.
http://faraj.tj/news/4574-ubaydulloev-ba-mavodi-vao-vokunish-talab-kard.html