Баррасии парвандаи «Самак» мавқуф гузошта шуд

Баҳси судии шоир Аскар Ҳаким ва ҳафтаномаи «Самак», ки бояд соати 10-и 14 феврал дар Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт баргузор мегардид, бинобар наомадани адвокати тарафи даъвогар ба рӯзи душанбеи 17 феврал мавқуф гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки 10 феврали соли равон Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аризаи даъвогии шоир Аскар Ҳакимро нисбат ба ҳафтаномаи «Самак» аз нав ба баррасӣ гирифт.

Ба иттилои Ҷасур Абдуллоев, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Самак», Аскар Ҳаким боҷи давлатиро пардохт кардааст ва ҳамакнун бо талаби шоир баҳси судӣ бояд идома ёбад.

Мурофиаи пешакӣ бо даъвои шоир Аскар Ҳаким нисбат ба нашрияи «Самак» ҳанӯз 24 сентябри соли 2013 дар суди ноҳияи Фирдавсӣ доир шуда буд, ки он ҳангом, баъди шинос намудани тарафҳо бо маводи судӣ аз ҷониби судя Азимова Махфиратҷон, вакили ҳимояи нашрияи «Самак» Иноятулло Иноятов ба суд дархост дар бораи бебаррасӣ монондани парвандаи даъвогӣ пешниҳод кард.

Дар дархост гуфта мешуд, ки бинобар талаботи қонунгузориҳои амалкунанда, дар сурати ба ҳисоби пулӣ ифода ёфтани даъво, ҷониби даъвогар боҷи давлатиро бояд пардохт намояд, аммо дар дохили маводи парванда расиди боҷи давлатӣ дида намешавад.

Суд баъди омӯзиши моҳияти масъала дар хонаи машваратӣ бо таъинот аризаи даъвогиро беҳаракат мононда, барои ислоҳи камбудӣ ба ҷониби даъвогар 10 рӯз муҳлат дод. Аммо ба сабаби ислоҳ нашудани камбудиҳо аз ҷониби шоир Аскар Ҳаким 7 октябри соли 2013 бо қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ парванда алайҳи ҳафтаномаи «Самак» қатъ гардид.

Аскар Ҳаким соли гузашта баъди нашри як мақола бо унвони «Зиёиёни бе мушкили тоҷик» дар ҳафтаномаи «Самак» худро таҳқирдида ҳисобида, бо талаби 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар бо аризаи даъвогӣ аз болои муаллиф ва нашрия ба суд муроҷиат карда буд.

Нашрияи «Самак» ҳафтаномаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 2011 нашр мешавад.

http://faraj.tj/news/4552-barrasii-parvandai-samak-mav1179uf-guzoshta-shud.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *