Фаъолияти нашрияи “Ҳафта”, ки муҳарририи онро Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, бар дӯш дошт, баъд аз як нашри нахустин шумораи он манъ карда шуд.
Муҳаррири нашрияи “Ҳафта” ин иқдоми Вазорати фарҳангро сирф сиёсӣ ва беинсофӣ хонда, мегӯяд, масъулини вазорат метавонистанд, дар аввал бо додани огоҳӣ ин хатои онҳоро ислоҳ кунанд. Шумораи нахустини нашрияи нави “Ҳафта” рӯзи 15 январи соли ҷорӣ аз чоп баромада буд. Ин ҳафтанома дар гузашта бо номи “Овоза ва Ҳақиқат” ба табъ расида, моҳи октябри соли 2013 дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тағйири ном ва дубора фаъолияти худро бо номи “Ҳафта” аз сар гирифт.
Дар нахустин шумораи он мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори шинохта бо Муъмин Қаноат, шоири халқии Тоҷикистон, бо номи “Метарсам, таркиш нашавад” чоп шуда буд, ки баъдан боиси баҳсҳои зиёд ва ҳатто интиқоди Муъмин Қаноат дар баъзе аз расонаҳои давлатӣ шуд. Соҳибназарон тоҷик бо таваҷҷуҳ ба ин масъала мегӯянд, сабаби аслии баста шудани нашрияи “Ҳафта” маҳз ҳамин нашри мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод бо шоири халқии Тоҷикистон мебошад, ки дар он аз вази кунунии кишвар нигаронӣ ва аз мақомот шадидан интиқод шудааст.
http://www.ozodagon.com/14918-afta-i-ayumzod-bad-az-nashri-yak-shumora-basta-shud.html