Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нашрияи тозатаъсиси сиёсии «Ҳафта»-ро, ки тавонист ҳамагӣ як шумора нашр шавад, бастааст.
Бино ба иттилои Абдуқаюми Қаюмзод, масъули ин нашрия, 14-уми феврал Вазорати фарҳанг бо ирсоли як мактуб фаъолияти ҳафтаномаи “Ҳафта” баста ва шаҳодатномаи бақайдгирии он беэътибор дониста шудааст.
Абдуқаюми Қаюмзод, мегӯяд, Вазорати фарҳанг тасмимашро бо сабаби вуҷуд доштани як қатор камбудиҳо, аз қабили хилофи оинномаи ҳафтанома асоснок кардааст.
-Якум Вазорати фарҳанг иддао дорад, ки мо ҳафтаномаро бо рақами 01 (01) баровардем, ҳол онки “Ҳафта” тағйири номи газетаи “Овоза ва ҳақиқат” аст.
Ба навиштаи мактуби Вазорати фарҳанг бояд мо рақами ҳафтаномаи “Овоза ва ҳақиқат”-ро низ менавиштем. Дуюм, дар оинномаи ҳафтанома ҳафтанома ҳамчун газетаи сиёсӣ навишта нашудааст, вале мо онро ҳамчун газетаи сиёсӣ-ҷамъиятӣ муаррифӣ кардем.
Сеюм мо муассисро иваз кардем, аммо дар ин бора ба Вазорати фарҳанг хабар надодем. Бо ҳамин сабабҳо, нашри ҳафтаномаи “Ҳафта” қатъ карда шуд, -мегӯяд, Абдуқаюми Қаюмзод.
Масъулини нашрия мегӯянд, баста шудани “Ҳафта” характери сиёсӣ дорад, ва ин тасмим дар шитобзадагӣ қабул шудааст ва ба ғайр аз Вазорати фарҳанг дигар идораҳо низ дар он даст доранд.
-Вазорати фарҳанг дар ҳоли ошкор шудани чунин камбудиҳо метавонист аввал ба мо огоҳинома фиристад, дар ҳоли ислоҳ нашудан, баъд метавҷонист ҳафтаномаро бандад, — илова кард Қаюмзод.
«Ҳафта», ки ҳамагӣ як шумораи он 15-уми январ ба нашр расид, дар асоси ҳафтаномаи «Овоза ва ҳақиқат» бунёд гардидааст:
Муаассиси нашрияи нав ҶДММ “Марям-2011”, моҳи октябри соли гузашта ҳафтаномаи “Овоза ва ҳақиқат” дар Вазорати фарҳанг дубора бо номи “Ҳафта” сабти ном намуда буданд.
Шумораи аввалини ҳафтанома бо теъдоди 1000 адад дар ҳаҷми 16 саҳфаи А3 дар чопхонаи “Интишор” нашр шуд.
http://www.tojnews.tj/vazorati-farhang-nashriyai-haftaro-bast