Арзиш ва суръати интернет дар Тоҷикистон қобили қабул аст

Ширкатҳои ироъакунандаи хадамоти интернетии кишварҳои Осиёи Миёна ахиран гузоришҳо дар бораи фаъъолиятҳои худро мунташир кардаанд.

Бар асоси ин манбаъ, суръати интернет дар Тоҷикистон 12,57 Мбит дар 1 сония буда ва ин кишвар аз рӯйи ин нишондод дар феҳрасти ҷаҳонӣ мавқеъи 57-умро касб кардааст.

Суръати интернет дар Қазоқистон 13,93 Мбит дар 1 сония (мавқеъи 52) ва дар Қирғизистон 8,45 Мбит дар 1 сония (мавқеъи 81) будааст.

Аз лиҳози арзиши интернет дар телефунҳои ҳамроҳ низ вазъи Тоҷикистон дар муқоъиса бо бархе аз кишварҳои минтақа беҳтар будааст. Қимати як мегобойт интернети телефуни ҳамроҳ дар Тоҷикистон ним сенти омрикоӣ унвон шудааст, ки дар муқоъиса бо арзишҳои Қирғизистон то се маротиба камтар унвон мешавад.

Дар Туркманистон ин қимат 3,52 сент ва дар Ӯзбакистон то 1,35 сент арзёбӣ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки корбарони шабакаи ҷаҳонии интернет дар Тоҷикистон пайваста аз суръати кунди интернет ва гарон будани арзиши он изҳори назар мекунанд.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/02/140210_if_internet.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *