Гавҳар Шарофова, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз ифшои хулосаи Кумита дар бараи матлаби Олга Тутубалина, муҳарири нашрияи Asia-Plus, боиси ба суд кашидани журналист шуда буд, худдорӣ кард.
Вай гуфт, мақолаи мақолаи Олга Тутубалинаро, ки боиси ба суд кашидани муаллиф аз ҷониби гуруҳи чанд созмони эҷодӣ шуд, мавриди ташхис қарор дода, хулосаи онро ба суди ноҳияи Фирдавсӣ пешниҳод кардаанд.
Гавҳар Шарофова аз ифшои натиҷаҳои ташхисаши ин матлаб худдорӣ карда гуфт, бо анҷоми баҳси судӣ ба расонаҳо фош хоҳанд кард.
Дар Суди ноҳияи Фирдавсӣ аз шарҳи ин мавзуъ худдорӣ мекунанд.
Ёдрас мешавем, моҳи майи соли гузашта дар «Азия-Плюс» мақолае бо номи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» («Неинтеллигентно об интеллигенции») ба нашр расид.
Олга Тутубалина дар матлабаш роҷеъ ба бозгашти шоири тоҷик Бозор Собир ба Ватан суханони Ленин, асосгузори давлати Шӯравиро, мисол меовард, ки зиёиёнро наҷосат номида буд.
Дар моҳи августи соли гузашта Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон, Академияи илмҳои кишвар бо аризаи даъвогӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат карда, аз журналист барои таҳқир ва паст задани шаъни зиёиён 200 ҳазор сомонӣ талаб карданд.
Зиёиён ҳамчунин талаб кардаанд, суд амволи журналистро мусодира намояд.
Иттиҳодияҳои эҷодии Тоҷикистон дар мақолаи Тутубалина таҳқири зиёиҳоро дидаанд, вале муаллиф мегӯяд, вай бо овардани иқтибос аз Ленин касеро таҳқир накардааст ва баҳси судӣ ақидаашро дар бораи зиёиён тағйир надодааст.
Дар таърихи 13-уми ноябри соли гузашта суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташхиси мақолаи Олга Тутубалинаро бар ӯҳдаи Кумитаи забон ва истилоҳот гузошт.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷиистон ҳамчунин иилоъ дод, ки дар соли 3013 69 ҳолати нақзи қонуни забон ба қайд гирифта шуда, ба 5 нафар огоҳӣ додаанд ва 64 нафарро ҷарима кардаанд. Маблағи умумии ҷарима 37 ҳазору 600 сомониро ташкил кардааст.
http://www.tojnews.tj/anjomi-tashkhisi-magolai-olga-tutubalina-az-jonibi-kumitai-zabon