Раиси ширкати ‘Роҳи оҳани Тоҷикистон’ аз симаташ барканор шуд

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз симаташ барканор ва Асадулло Зойиров кафили риёсати ин ширкат таъйин шудааст.

Дар мусаввабаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 4 феврал дар мавриди барканории оқои Ҳукуматуло содир шуда, омадааст, ки вай «бо сабаби ба нафақа (бознишастагӣ) баромаданаш аз вазифаи Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» озод карда шавад.»

Манобеъи ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» низ гуфтанд, ки суҳри рӯзи сешанбеи 4 феврал расми муъаррифии раиси ҷадиди ин ширкат баргузор шудааст. Гуфта мешавад, ки кафили риёсати ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то ин замон дар минтақаи роҳсозии Қурғонтеппа фаъъолият доштааст.

Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, ки ҳудуди 63 сол дорад, дар нишасти матбӯъотии худ дар ҳафтаи гузашта хитоб ба хабарнигорон гуфта буд, ки «мемонед, то нафақа (бознишастагӣ) кор кунам?» Вай гуфта буд, ки моҳи май бознишаста хоҳад шуд.

Ҳамакнун, барканории оқои Ҳукуматуллоҳ се моҳ қабл аз замони бознишастагии ӯ сурат мегирад.

Нишасти матбӯъотии ахири ӯ ҳамчунин бисёр ҷанҷолбарангез тавсиф шудааст. Дар ин нишаст оқои Ҳукуматуллоҳ бо хабарнигори рӯзномаи “ИмрӯзNews” ба лаҳне, ки бисёриҳо онро «таҳдидомез» арзёбӣ карданд, суҳбат карда ва гуфтааст, ки «ба ҷони худ ҷабр накунед.»

Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 4 феврал бо пахши баёнияе аз ин иқдоми раиси ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» шадидан интиқод карда ва изҳор доштаанд, ки «нишастаҳои матбӯъотӣ наметавонад минбари ситезу киноя бо хабарнигорон ё расонаҳои нолоиқ бошад.»

Ин созмонҳо ҳамчунин хостаанд, ки ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ба чунин вокуниши як мақоми давлатии кишвар “баҳои ҳуқуқӣ” бидиҳанд.

Тайи ним соли ахир номи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ба сурати густарда расонаӣ шудааст. Дар поёни соли гузашта бо ширкати Расули Амонуллоҳ, писари 16-солаи оқои Ҳукуматуллоҳ, дар ҷоддаи марказии шаҳри Душанбе сонеҳае рух дод, ки боъиси марги се нафар дар худрави дигар шуд.

Рӯзи пас аз ин ҳодиса Расули Амонуллоҳ, барои мудово ба Олмон сафар карда ва баъд аз муддате ба Душанбе баргашт. Пулиси Тоҷикистон то ҳол бозрасии ин парвандаро идома медиҳад.

Дар пайи ин ҳодиса модари Расули Амонуллоҳ барои нақзи қонуни масъулияти волидон 120 сомонӣ ё ҳудуди 25 дулор ҷарима шуд. Дар вокуниш ба ин, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ бо тамасхур навиштанд, ки арзиши се инсон дар Тоҷикистон муъодили ин маблағ аст.

Зимнан, худи оқои Ҳукуматуллоҳ гуфта, ки асли қазия дигар аст ва додгоҳ бояд натиҷагирӣ кунад.

Соли 2012 расонаҳо аз боздошти писари дигари оқои Ҳукуматуллоҳ дар Русия ба гумони даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир гузоришҳое мунташир карда буданд.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/02/140204_if_hukumov_resign.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *