Иттифоки журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) ва Анҷумани миллии ВАО мустакили Тоҷикистон (АМВАОМТ) бо сабаби тахдид шудани хабарнигорони рўзномаи «ИмрузNews» аз тарафи рохбари КВД «Роххои охани Тоҷикистон» Амонуллои Хукуматулло изхори ташвиш намуда, чунин амали шахси мансабдори давлатиро махкум менамоянд.
Тибки хабари дар ВАО батабърасида, рўзи 29 январи соли 2014 дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз забони рохбари РОТ Амонулло Хукуматулло ба унвони рохбарият ва ходимони рўзномаи «ИмрузNews» суханони тахдидомез садо доданд, вале дар робита ба ин вокеа то хол аз тарафи макомоти хифзи конун ё дигар макомоти ваколатдори ҷумхурӣ ягон вокуниш ба амал наомадааст.
Мо итминони комил дорем, ки нишасти матбуотӣ минбар барои баробар кардани хисоб бо ВАО номатлуб ва журналистон набуда, балки майдон барои интишор додани иттилоот дар бораи корхои анҷомшуда ва баркарор намудани усулхои самарабахши хамкорӣ бо матбуот аст. Аз ин мавкеъ, тарзи гуфтор ва тахдидхои ҷаноби Хукуматулло макбули ҷомеаи демократӣ нест.
Умед дорем, ки макомоти босалохияти Ҷумхурии Тоҷикистон ба амали рохбари КВД «Роххои охани Тоҷикистон» бахои конунӣ медиханд, зеро хамкасбонамон аз рўзномаи «ИмрузNews» аллакай ба хамаи макомоти ваколатдори давлатӣ муроҷиат намудаанд.
Дар навбати худ, мо чун ҷонибдорони бо рохи пешбининамудаи конунгузории мамлакат ва меъёрхои байналмилалии аз тарафи Ҷумхурии Тоҷикистон эътирофгашта халлу фасл шудани хамаи моҷарохо дар сохаи ВАО, вокеаи мазкурро то анҷоми мантикиаш пайгирӣ менамоем. Илова бар ин, мо омодаем ба хамкасбонамон аз рўзномаи «ИмрузNews» машварат ва кўмаки хукукӣ расонем.
ш.Душанбе, 4 феврали соли 2014
Акбарали Сатторов, Раиси иттифоки журналистони Точикистон
Нуриддин Каршибоев, Раиси АМВАОМТ