Сафорати Эрон дар Тоҷикистон, имрӯз 28-уми январ дар як нишасти матбуотии ба журналистон таъйин нашудани сафири нави ин кишварро дар Тоҷикистонро шарҳ дод.
Субҳи имрӯз, 28-уми январ, Сайид Маҳмуди Садрӣ, сарпарасти сафорати Эрон дар Душанбе дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки сабаби таъйин нашудани сафири нави Эрон дар Тоҷикистон ба муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо рабт надорад.
-Баъди интихоботи раисҷумҳурӣ дар Эрон, сафирони Эрон дар 40 мамлакати мухталиф иваз карда шуданд. Ҳоло Эрон сари интихоби сафирони нав қарор дорад.
Дер таъйин шудани сафири нав маънои онро надорад, ки ҷойгоҳи Тоҷикистон барои Эрон аҳамияти худро гум кардаистодааст. Мо яке аз аввалин кишварҳое ҳастем, ки Тоҷикистонро ба расмият шинохтаем ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари бародар ва ҳамзабон барои мо дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад, — гуфт ҷаноби Садрӣ.
Вай гуфт, Эрон бояд шахсеро интихоб бикунад ва инҷо фиристад, ки мувофиқ бошад ва ҳатман сафири ҷадид рӯйи кор хоҳад омад.
Мӯҳлати сафирии Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта ба анҷом расида буд. Аз он вақт то ҳол сафорати Эронро сарпарасти сафорати Эрон идора мекунад.
Маҳмуди Садрӣ, дар шарҳи боздошти Бобаки Занҷонӣ, милиардери эронӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият густардаро ба роҳ мондааст, гуфт моҷарои Бобак Занҷонӣ ба муносиботи Эрону Тоҷикистон таъсири манфие нахоҳад расонд.
Сарпарасти сафорати Эрон дар Душанбе, қайд кард, ки Бобак Занҷонӣ мисли дигар сармоягузорон ба Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст ва ҳоло судҳои Эрон ба қазияи ӯ расидагӣ хоҳанд кард.
Ин нишаст дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳафтаномаи «Нигоҳ», дар мақолае дар шумораи ахираш таҳти сарлавҳаи«Кундӣ» азноуҳдабароии дипломатияи Душанбе ва поин рафтани муносибатҳои Тоҷикистон бо ду кишвари хушбин — Эрон ва Қирғизистон шадидан интиқод кард.
Сарпарасти сафорати Эрон дар Душанбе масъалаҳоеро, ки дар ин матлаб оварда шудаанд, дар ҳузури расонаҳои Тоҷикитон шарҳ дод.
Дар ин матлаб, гуфта мешуд, ки «аз ибтидои соли 2014 муносибати ду кишвари ба Тоҷикистон хушбин- Эрон ва Қирғизистон ба марҳилаи нав ворид гардид. Инкор кардан осон нест, ки воқеаҳои оғози соли равон ба равобити ин кишварҳо бо Душанбеи расмӣ бетаъсир монда бошад. Бахусус, қазияи 2 млрд. доллараи Бобаки Занҷонӣ, тоҷири эронӣ дар Тоҷикистон ва низоъ дар марзи Исфара бо Боткенди Қирғизистонро метавон нуқтаи ниҳоӣ барои ба кундӣ расондани муносибот номид.
Хонандагони ожонси иттилоотии TojNews имкон доранд, матни пурраи мақолаи мазкурро аз сомонаи мо берун нарафта, бо пахши ин суроға мутолиа намоянд: http://www.tojnews.org/nigoh
http://www.tojnews.tj/magolai-nigoh-boisi-nishasti-matbuiotii-saforati-eron-shud