ТВ «ПОЙТАХТ» «РАФТ», Ё РАҲБАРАШ?

Хабари ба истеъфо рафтани Абдулқодири Абдуқаҳҳор, директори ТВ “Пойтахт” як тасмими шахсӣ намешавад унвон кард. Ба назар мерасад, баробари ӯ он “Пойтахт” – е, ки ӯ асос гузошта буд, низ ба истеъфо меравад.

Аз аввалин суҳбатҳои Абдуқодири Абдулқаҳҳор бо расонаҳо маълум мешавад, ки истеъфои ӯ тасмими шахси худаш нест. Вай мегӯяд, тағйироте, ки ҳукумати шаҳри Душанбе дар барномаҳои телевизион ворид кард, мавриди қабули ӯ нестанд ва аз ин рӯ, дигар боқӣ монданаш дар ин вазифа маъно надорад. Вай гуфтааст, бо раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳам мулоқот дошт ва шаҳрдор пешниҳод намуд, ки минбаъд «Пойтахт» як шабакаи соҳавӣ бошад.

Ва гӯё Абдуқодири Абдулқаҳҳор ин “ояндаи соҳавӣ” – и “Пойтахт” – ро қабул накарда, истеъфо дод.

Соҳавӣ, яъне чӣ? Умуман, худи “Пойтахт” чӣ буд, ки боз бояд “соҳавӣ” шавад?

Ҳокимияти шаҳри Душанбе соли 1996 «Пойтахт» — ро ҳамчун телевизиони ҷамъиятӣ таъсис  дода буд. Соли 2006  бо қарори  раиси шаҳри Душанбе ба муассисаи  давлатии  «Телевизиони “Пойтахт» табдил  ёфт.

Аммо ҳеҷ гоҳ як телевизионе набуд, ки лоақал бо телевизионҳои давлатӣ, назири “Шабакаи аввал” ва “Сафина” рақобат карда тавонад. Чӣ буду чӣ набуд.

“Пойтахт” вақте “ҳаст” шуд, ки моҳи октябри соли 2012 ба фаъолияташ таҷдиди назар кард. Воқеан, нав шуд ва на фақат нав шуд, балки барои телевизионҳои давлатӣ – “Шабакаи аввал”, “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо” ба рақиби воқеӣ табдил ёфт. Бо техникаи фарсудаву “экрани хира”-е, ки аз даврони Раҳмон Остон монда буд.

Ростӣ, муҳтавои “Пойтахт” рангинтар шуд, бахусус, бо пахши клипҳои овозхонони “мамнуъ” дар шабакаҳои дигар аудиторияи бештареро ҷалб кард. Раҳбарияташ эълон кард, ки ба пахши 24 – соата мегузарад. Муҳтавои барномаҳо, ҳатто аз лиҳози техникӣ, бамаротиб аз шабакаҳои дигар заъф дошт. Аммо он чӣ дар “Пойтахт” ҳис мешуд, ин набудани сензура ва як навъ озодӣ буд.

Ин таҳаввулот дар таърихи “Пойтахт” маҳз ба раиси наваш Абдуқодири Абдуқаҳҳор рабт дошт. Аз моҳи октябри соли 2012 то 25 феврали соли 2013 “Пойтахт” метавон гуфт, барои мардум телевизиони маҳбуб шуд.

Он рӯз пахши онро “Телерадиком” – монополисти пахши радиову телевизион дар Тоҷикистон “бо сабабҳои техникӣ” қатъ кард. Албатта, тасодуфӣ набуд, ки шоми 25-уми феврал, барномаҳои “Пойтахт” ҳангоми сӯҳбати шоираи маъруф Гулрухсор қатъ шуд.

15 март муовини директори “Пойтахт” Наргис Раҳматшоева хабар дод, ки телевизион транзистори нав харидааст ва ба пахши 8 – соата шурӯъ мекунад. Мавсуф он замон инро ҳам гуфта буд, ки пас аз дарёфт кардани мавҷпароканҳои нав ба пахши 20 – соата мегузаранд.

Дар ин миён як баҳсе ҳам миёни ТВ “Пойтахт” ва рэпсарои маъруф Баха – 84 иттифоқ афтод, ки пас аз чанд муддат бо мусолиҳа анҷом ёфт. Ин баҳс ҳам то ҷое ба доираи як барномаи алайҳи ТВ “Пойтахт” далолат мекунад.

Аммо аз ҳама муҳим “Пойтахт” дигар он телевизиони аз октябри соли 2012 то марти 2013 табдил наёфт. Ҳоло ки роҳандози ин барномаи эҳёи ТВ “Пойтахт” истеъфо медиҳад ва мехоҳанд телевизион соҳавӣ шавад ба ин маънист, ки барномаи маҳор кардани он ҳам ба итмом мерасад.

Мантиқан, на Абдуқодири Абдуқаҳҳор, балки ТВ “Пойтахт” – е, ки мардум тайи 5 моҳ маҳбуби тамошобинон шуда, муаррифии наве аз як телевизиони давлатӣ ба вуҷуд оварда буд, ба истеъфо меравад. Директор фақат ҳалқаи охирини ин занҷир буд.

Ҳадсу гумонҳо дар бораи рабт доштани “эҳёи ТВ “Пойтахт” ба интихоботи президентӣ ҳам беҳуда набуданд ва ҳоло ба назар мерасад, ба ин минбар дигар шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳам намехоҳад такя кунад.

http://www.tojnews.tj/TV-poytakht-raft-yo-rohbarash

ТВ «ПОЙТАХТ» «РАФТ», Ё РАҲБАРАШ?: Один комментарий

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *