Рӯзномаи «ИмрӯзNews» бо ирсоли мактуби расмӣ ба унвони раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва норизоӣ аз натиҷагирии мониторинги ахири ин созмон талаб кардааст, «калаванда» номидани ин рӯзномаро шарҳ бидиҳад.
Бино ба иттилои роҳбарияти ин рӯзнома, дар ин мактуб, ки аз номи ҳайати эҷодии рӯзномаи «ИмрӯзNews», ирсол шудааст, гуфта мешавад, ки натиҷаҳои ин мониторингро эътироф намекунанд ва дар баробари ин, онро шадидан маҳкум мекунанд.
-Мо чунин мешуморем, ки натиҷаҳои ин мониторинг на мунсифона, балки муғризона ҳастанд. Барои ин далелеро ҳам пешниҳод мекунем.
Вақте коршиносони Шӯрои ВАО дар зимни омодасозии мониторинг дар бораи кӣ навиштани худро намедонанд, бояд иқрор шаванд, ки кори худро дуруст анҷом намедиҳанд.
Барои мисол, Шӯрои ВАО дар сомонаи расмияш менависад, ки Назири Нусрат сармуҳаррири рӯзномаи «Нигоҳ» аст.
Назири Нусрат ҳеч гоҳ сармуҳаррири рӯзномаи «Нигоҳ» набуд ва аслан, дар Тоҷикистон бо номи «Нигоҳ» рӯзномае вуҷуд надорад.
Назири Нусрат: Дар бораи ислоҳ кардани ин хатои дағали коршиносони Шӯрои ВАО мо телефонӣ огоҳ карда будем. Дар баробари ин, дар Тоҷикистон танҳо як рӯзномаи мустақил ҳаст ва он ҳам «ИмрӯзNews».
Рӯзнома тасмим гирифтааст, узвияташро дар Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон қатъ кунад.
Назири Нусрат мегӯяд, — Дар назар аст ҳафтаи оянда мо дар робита ба ин тасмим ариза ба Шӯрои ВАО ва пресс-релиз барои расонаҳои хабарӣ ирсол кунем.
Илова бар ин, рӯзномаи «ИмрӯзNews» аз Шӯрои ВАО расман талаб дорад, ки дар асоси чӣ меъёр «калаванда» муқаррар кардани рӯзномаро шарҳ диҳад.
Дар баробари ин, «ИмрӯзNews» барномаи махсусеро ҷиҳати ошкор ва яктарафаву муғризона будани мониторингҳои Шӯрои ВАО ба роҳ мемонад.
Ёдрас мекунем, Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, натиҷагирии мониторинги расонаҳоро аз нимаи дуюми моҳи июл то охири моҳи декабри соли гузашта, вобаста ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», нашр кард.
Тавре аз Шӯрои ВАО ба TojNews иттилоъ доданд, пайгирии мазкур 43 нашрияи чопӣ ва 10 нашрияҳои электрони (интернетӣ)-ро, ки миёнашон нашрияҳои ҳукуматӣ (давлатӣ), ҷамъиятӣ, ҳизбӣ ва хусусӣ буданд, дар бар гирифтааст.
Муаллифони ин мониторинг менависанд: «аксари ВАО-и «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро эътироф карда, дар риояи меъёрҳои касбӣ бе тафовут ҳастанд.
Рӯзномаву ҳафтанома ва маҷаллаҳои кишвар ҳангоми инъикоси ҳодисаву воқеаҳо, ахбору гузоришҳо бинобар ба эътибор нагирифтани Одобномаи касбии худ ба камбудиҳо, аз қабили мавриди санҷиш қарор надодани мавод, бидуни таҳрир рӯи чоп овардани ахбор, дарки касбият накардани нигорандагон, риоя накардани ҳамрайъии касбӣ, паст задани шаъну шараф, фош кардани шахсияти ноболиғ, нодида гирифтани иффат ва фарҳангӣ миллӣ, таблиғи фисқу фуҷур, асардуздӣ, беэътиборӣ дар нисбати сарчашмаи итттилоот, сареҳияти ахбор, таърифи ноҷо, хатоҳои забониву имлоӣ ва амсоли инҳо, роҳ додаанд».
Муаллифони мониторинг гуфтаанд, дар даврае, ки аз ҷониби Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мониторинг бурда мешуд, ВАО-и чопии кишвар бо се намуд зуҳур намуданд: «ВАО-и солим», «калаванда» ва «носолим».
1. ВАО-и солим, ки бо назардошти «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» амал мекунанд: («Нигоҳ», «Рӯзгор», «Фараж», «Озодагон», «Адабиёт ва санъат», «Азия-плюс», маҷаллаҳои «Бонувон», «Чашма», «Навниҳол» ва ғ.);
2. ВАО-и калаванда, ки гоҳо рӯ ба меъёрҳои ахлоқи касбӣ меоваранду гоҳе аз он берун мераванд (рӯзномаҳои «Садои мардум», «Народная газета», «Имрӯз-News», ҳафтаномаҳои «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Чархи гардун», «СССР», «Миллат», «Ману ту»);
3. ВАО-и носолим, ки ғутавари фисқу фуҷур, фаҳш ва пастзанандаи шаъну шараф ва ҳайсиятанд (аз қабили рӯзномаи «Ҷумҳурият», ҳафтаномаҳои «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард» ва амсоли инҳо.
Мо ҳамчунин иқрор бар он ҳастем, ки дар натиҷаи пайгирии ВАО, ҳафтаномаҳое чун «Чархи гардун», «Тоҷикистон», рӯзномаи «Имрӯз-News», пас аз эродҳо маҷрои худро тағйир дода, ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» пардохтанд.
Вале сад афсӯс, ки ҳафтаномаҳое чун «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард», барои ислоҳи хеш накӯшиданд. Балки онҳо аз шумора то шумораи навбатиашон чунон илҳом мегиранд, ки қиссаҳои бофтаву дуруғинашон аз пештара бештар дар гирдоби фисқу фуҷур ғӯтаваранд.
Чунин маводро чанд сол пештар дар ҳафтаномаи «Крим-инфо» рӯи чоп меоварданд ва доираи хонандагони ин ҳафтаноам он қадар доманадор набуд. Лек имрӯз намедонем аз чӣ бошад, ки нашрияҳои номбурда аз фисқу фуҷур менависанду саҳнаҳои номатлубро таблиғ менамоянд,-мегӯяд манбаъ.
Шарифзода: Суҳбати телефоние, ки Рустами Ҷонӣ, муассиси рӯзномаи «ИмрӯзNews», бо банда дошт, аз эрод дида, ба ҳақорат монандтар буд.
Қироншо Шарифзода, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар шарҳи ин моҷаро гуфт: -Албатта норозӣ будан аз натиҷагирии Шӯрои ВАО ин ихтиёри ҳар як муассис ё худ сардабири дилхоҳ рӯзнома ё маҷалла аст.
Вале он лаҳни суҳбати телефоние, ки Рустами Ҷонӣ, муассиси рӯзномаи «ИмрӯзNews», ки бо банда дошт, аз эрод дида ба ҳақорат монандӣ дошт.
Шикояти хаттии Назири Нусрат, сармуҳарири рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба дасти мо расид. Аммо ман феълан дар ин маврид чизе гуфта наметавонам, зеро ин чиз дар салоҳияти ман нест.
Ин масъала дар ҷаласаи навбатии Шӯро, ки аз 9 нафар иборат аст, баррасӣ намуда, хулосаи худро пешниҳод хоҳем кард.
Ҳар арзу шикояте, ки хоҳ хаттӣ бошад хоҳ шифоҳӣ, унвонии Шӯрои ВАО ирсол мегардад, дар ҷаласаи якҷояи Шӯро баррасӣ мегардад.
http://www.tojnews.tj/mojaroi-zhurnalisti-imruz-new-ziddi-shuroi-vao-tojikiston