Дар Тоҷикистон «ТВ Спорт» таъсис мешавад

Дар Тоҷикистон телевизиони варзишӣ таъсис дода мешавад, мегӯяд Кумитаи телевизион ва радиои кишвар.

Самад Ҳайдаров, муовини раиси ин кумита, зимни нишасти матбуотӣ субҳи имрӯз, 20 январ, ба рӯзноманигорон гуфт, айни замон корҳои омодагии ифтитоҳи шабакаи варзишӣ дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дошта, рӯйхати таҷҳизот ва масъалаи молиявии он мавриди баррасӣ аст.

Ба иттилои ин масъули Кумитаи телевизион ва радио, ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон 28 телевизиони хусусӣ ва 17 радиои мустақил фаъолият доранд, ки 692 нафар дар ин муассисаҳо бо кор таъминанд.

http://faraj.tj/news/4225-dar-to1207ikiston-tv-sport-tasis-meshavad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *