Карим Азизов, муовини аввали раиси Телевизиони давлатии «Сафина», дар бораи баҳси судии шабакаҳои давлатии телевизион ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар робита ба намоишҳои сиёҳкунандаи ин ҳизб гуфт, ҷонибҳо дар мурофиаи судӣ ба мувофиқа расидаанд.
-Ин маводҳо аз ҷониби журналистони ТВ «Сафина» тайёр нашуда, балки аз мақомоти амниятӣ оварда шудаанд. Мо муассисаи давлатӣ ҳастем ва он чизе ки аз ҷониби мақомоти амниятӣ пешниҳод мешавад, пахш мекунем ва ба мақомоти амниятӣ истинод мешавад.
Агар ин сиёсати давлатӣ бошад, пас он аз ҳама шабакаҳои давлатӣ пахш мешавад, — мегӯяд, Карим Азизов.
Дар бораи баҳси суди миёни шабакаҳои давлатӣ ва ҲНИТ, Азизов гуфт, Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ин қйазияро ҳаллу фасл кард.
-Гунаҳкор будан, ё набудани моро муайян кард. Суд қатъномаи худро баровард ва ҷонибҳоро ба мувофиқа расонд. Зиёда аз ин пахши ин гуна мавод ягон ҳадафӣ ниҳоӣ надошт, -мегӯяд Азизов.
Ёдрас мекунем, дар пайи як қатор намоишномаҳои телевизионӣ, ки дар онҳо узви ҳизби наҳзати исломӣ будани гумонбарон таъкид мешуд, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 19-уми сентябри соли гузашта Кумитаи телевизион ва радио ва се шабакаи телевизионӣ, аз ҷумла “Сафина»-ро,барои “фаъолиятҳои сиёҳкунанда” бар зидди ин ҳизб ба суд кашид.
ҲНИТ аз Суди ноҳияи Исомили Сомонӣ тақозо мекард, то ҷониби ҷавобгарро ба манъи ташвиқоту тарғибот алайҳи ҲНИТ ва узрхоҳии расмӣ водор кунад.
http://www.tojnews.tj/azizov-hnit-va-televizionhoi-davlati-ba-muvofiqa-rasidaand