Холиқов журналистонро бо мошинаш ба сари тахта мефиристад?

Барои таҳқиқи маросимҳои сари тахта, себегаҳию ҷумъагӣ ва ҳоҷиталбон дар ноҳияи Рашт журналистонро бо мошини худам ба ин ноҳия мефиристам, — мегӯяд Абдураҳим Холиқов, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Раиси кумита, ки имрӯз, 14 январ, дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, таъкид дошт, аз ҳисоби қонуншиканиҳо ва риоя накардани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» 1 миллиону 152 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ба фоида давлат рӯёнида шуда, 67 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба вайронкунандагони қонун таҳия гардидааст.

Холиқов дар ҷавоб ба саволи хабарнигорон, ки чаро дар ноҳияҳои водии Рашт қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пурра риоя намешаваду ҳоло баргузории маросимҳое чун сари тахта, себегаҳию ҷумъагӣ ва ҳоҷиталбон ҳашамати хоса касб кардаанд, гуфт:

— Ман дар Рашт набудам ва чунин вазъиятро ҳам ба чашмонам надидам. Барои таҳқиқи ин қонуншиканӣ ман гурӯҳи журналистонро бо мошини худам, вале бе ман ба ноҳияи Рашт мефиристам. Тамоми хароҷотро худам медиҳам. Гурӯҳи корӣ ташкил мекунам ва бигзор, тамоми қонушиканиҳоро бубинанду нависанд.

http://faraj.tj/news/4154-holi1179ov-zhurnalistonro-bo-moshinash-ba-sari-tahta-mefiristad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *