Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, ба ҳайси дабири нашрияи нави «Ҳафта» дубора ба арсаи журналистика баргашт.
Ба қавли Қаюмзод, «Ҳафта» аз сиёсат, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, дину фарҳанг хоҳад гуфт ва:
-Бидуни шак мо ҳам танқид мекунем ва ҳам тавсиф. Аммо фақат ба як ҳадаф, ки танқиду тавсифамон, яъне кору амали мо натиҷаи судманд ва муфид ба бор оварад. Касеро рақиб нестем ва бо касе рақобат нахоҳем кард. Узви тозае дар ҷомеаи рӯзноманигорони азизи кишвар хоҳем буд ва бовар дорем, моро мепазиранд ва дар кору бори мо дасти кӯмак дароз мекунанд ва кӯтаҳиву камбуди моро ислоҳ месозанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳикматёри Ҳикматзод, сармуҳаррири «Ҳафта», мегӯяд, ки ин нашрия дар заминаи ҳафтаномаи «Овоза ва ҳақиқат» таъсис ёфтааст.
— Моҳи октябри соли гузашта ҳафтаномаи “Овоза ва ҳақиқат”-ро дар Вазорати фарҳанг дубора бо номи “Ҳафта” сабти ном кардем. Сармақоланависи мо журналисти маъруф Абдуқаюми Қаюмзод аст, ки дар нахустин шумора сӯҳбати ихтисосие бо Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат пешкаши хонанда кардааст. Умедворем, ки нашрия ба зудӣ хонандаи худро пайдо хоҳад кард, — иброз дошт Ҳиқматзод.
Шумораи якуми «Ҳафта» рӯзи чоршанбеи 15 январи соли 2014 бо теъдоди 1000 нусха дар ҳаҷми 16 саҳифаи андозаи А3 дар чопхонаи “Интишор” нашр шуд, ки дар он мақолаҳои рӯзноманигорони маъруф Абдуқаюми Қаюмзод, Раҷаби Мирзо, Нуралӣ Давлат, Мирзои Салимпур ва Насибҷон Амонӣ ба табъ расидаанд.
http://faraj.tj/news/4173-1178ayumzod-ba-zhurnalistika-bargasht.html