Барои нахустин бор радиои «Имрӯз» пахши барномаҳои худро бо забони помирӣ оғоз кардааст.
Aзорабек Азорабеков, як масъули радиои «Имрӯз» рӯзи 15-уми январ ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки барномаҳо бо ин забон дар студияи марказӣ дар шаҳри Душанбе омода шуда ва пахш мешаванд. Ба гуфтаи оқои Азорабеков, дар ҳоли ҳозир, шунавандагони радио ин барномаҳоро метавонанд рӯи мавҷи 107.4FM дар шаҳри Хоруғ бишнаванд.
Оғози пахши барномаҳои радиои «Имрӯз» ба забонҳои помирӣ дар ҳолест, ки аз ин қабл дар таърихи 19 ба 20-уми декабри соли гузашта ин радио ба пахши барномаҳои худ дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб оғоз карда буд. Ба қавли масъулони радиои «Имрӯз», дар минтақаи Кӯлоб мисли дигар минтақаҳои Тоҷикистон барномаҳои радиои мазкур ба таври мустақим пахш мешавад. Ҳамакнун сокинони ин минтақа метавонанд ба таври шабонарӯзӣ рӯйи мавҷи 107.4FM аз барномаҳои радиои «Имрӯз» баҳравар шаванд.
Дар моҳи сентябри соли гузашта ин радио пахши мустақими барномаҳои худро дар вилояти Бадахшон роҳандозӣ карда буд. Масъулони радиои имрӯз мегӯянд, дар ҳоли ҳозир мавҷи ин радио ба ҷуз навоҳии минтақаи Рашт, дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ва навоҳии наздисарҳадии Узбакистон ҳам дастрас аст. Ин радио дар шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии атрофи Қӯрғонтеппа, вилояти Бадахшон ва ноҳияҳои тобеъи марказ рӯйи мавҷи 107.4FM қобили шунидан буда, танҳо дар вилояти Суғд рӯйи мавҷи 103FM пахш мешавад.
Радиои мустақили «Имрӯз» аз соли 2007 фаъолият мекунад.