Беш аз 40 рӯзноманигор ва сардабири расонаҳо бо имзои баёнияе хостори озодии фаврии се рӯзноманигори шабакаи хабарии Алҷазира шудаанд, ки дар Миср таҳти боздошт ба сар мебаранд.
Мақомоти Миср Питер Грист, Муҳаммад Фаҳмӣ ва Боҳир Муҳаммад, аз рӯзноманигорони шабакаи Алҷазира дар Қоҳираро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи Ихвонулмуслимин дар 29 декабр боздошт карданд.
Ин баёния илова бар дархости озодии фаврии ин се нафар хостори озодии сойири хабарнигороне шудааст, ки баъзе аз онҳо беш аз панҷ моҳ аст, ки дар Миср таҳти боздошт ба сар мебаранд.
Рӯзноманигорони аршади Би-би-сӣ, Ню-йурк тоймз ва СиЭнЭн дар миёни имзокунандагони ин баёния ҳастанд.
Дар бахше аз ин баёния омада аст: «Боздошти ин хабарнигорон мавзуъи озодии расонаҳо дар Мисрро зери савол бурдааст.»
Имзокунандагони ин баёния дар идома навиштаанд: «Мо эътиқоди росих дорем, ки риъояти ҳуқуқи рӯзноманигорон ва иҷозаи ҷараён пайдо кардани озоди иттилоъот ба нафъи мисриҳо ва тамоми ҷаҳон аст.»
Ҷереми Буэн, сардабири масоили Ховари Миёна ва Лиз Дусет, хабарнигори аршади байналмилалии Би-би-сӣ, ҳамчунин Кристиян Амонпур, хабарнигори СиЭнЭн ва Ҷузеф Хон, сардабири масоили байналмилалии рӯзномаи Ню-йурк тоймз дар миёни имзокунандагони баёния ҳастанд.
Нашри акозиб
Дар қисмате аз баёния навишта шудааст, ки оқоён Грист, Фаҳмӣ ва Муҳаммад «таҳти шароити бисёри сахте дар зиндон» ба сар мебаранд.
Хабарнигорони боздоштшуда, ки барои бахши инглисии шабакаи хабарии Алҷазира кор мекарданд, авохири соъоти корӣ рӯзи якшанбе (29 декабр) боздошт шуданд.
Вазорати кишвари Миср бо судури баёнияе гуфт, ки дурбинҳо ва дигар таҷҳизоти ин афрод аз чанд утоқи ҳутеле дар Қоҳира забт шудааст.
Дар ин баёния хабарнигорони боздоштшуда ба «нашри акозиб» ва «садама задан ба амнияти миллии» Миср муттаҳам шуданд.
Ҳамчунин гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки додситонҳо дар Миср ин се нафарро ба узвият ба гурӯҳи ғайри қонунӣ ва терруристии Ихвонулмуслимин ва тарвиҷи аҳдофи онҳо муттаҳам кардаанд.
Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон мегӯяд дастикам 5 рӯзноманигори дигар дар тайи панҷ моҳи гузашта дар Миср боздошт шудаанд.
Ғассон Абуҳусайн, сухангӯи шабакаи Алҷазира гуфтааст, ки «боздошти ин хабарнигорон талоше барои бадномии мо ва эҷоди хушунат алайҳи гузоришгарон аст.»
Мақомоти Миср шабакаи Алҷазираро муттаҳам кардаанд, ки аз замони барканор шудани Муҳамад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии пешин тавассути артиш ин шабака ба ҷонибдорӣ аз гурӯҳи Ихвонулмуслимин пардохтааст.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/01/140113_l16_l43_egypt_journalist.shtml