ТАЪСИС ЁФТАНИ АКАДЕМИЯИ ВАО ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис шуд.

Бино ба иттилои Дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон дар робита ба ин, имрӯз 30-юми декабр дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат қарори дахлдор ба тасвиб расид.

Маврид ба зикр аст ,ки Эмомалӣ Раҳмон 10-уми марти соли 2012 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик ба масъалаи мазкур дахл карда, ба мақомоти дахлдор супориш дода шуда буд, ки лоиҳаи санади дахлдорро таҳия карда, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои марбута ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.

http://www.tojnews.tj/tasis-yoftani-akademiyai-VAO-dar-tojikiston

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *