Абдурраҳим Шукуров, филмбардори хабаргузории «Озодагон», ки рӯзи гузашта тавассути маъмурони пулиси ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе боздошт шуд, пас аз пардохти ҷарима аз боздошт раҳо шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Дунё Миётувич, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар умури озодии расонаҳо, дар бораи боздошти ӯ ибрози нигаронӣ карда ва хсотори озодии сареъи ӯ шудааст.
Таманно Ашӯрова, вакили мудофеъи оқои Шукуров, ба Би-би-сӣ гуфт, ки имрӯз ӯ талошҳои зиёде барои раҳоии ин хабарнигор карда ва «бо сад ҷангу ҷанҷол» муваффақ ба озодии ӯ шудааст.
‘Ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа’
Хонуми Ашӯрова афзуд, ки оқои Шукуров дирӯз бо дастури Раҷабов Х. ном қозии додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонӣ барои ҳафт рӯз ҳабс шуда буд, аммо дар пайи шикояти ӯ барои таҷдиди назар дар ҳукми додгоҳ маъмурони пулис дар изои пардохти 320 сомонӣ ҷарима имрӯз ӯро аз боздошт раҳо кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки хабаргузории «Озодагон» субҳи имрӯз аз қавли манобеъи додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе навишта буд, ки ин додгоҳ дастури боздошти ӯро содир накарда ва пулис ҳаққи ҳабси шаҳрвандон беш аз се рӯзро надорад.
Дар ҳукми боздошти оқои Шукуров, ки додрас Раҷабов дирӯз содир карда, омадааст, ки оқои Шукуров «бо маслиҳати пешакӣ» бо як гурӯҳ аз пайвандони Зайд Саидов «ҳамроҳ шуда, наворбардорӣ намуда, ба талаботҳои қонунии кормандони милитсия ҳангоми таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» итоъат накардааст.
Дар ин санад ҳамчунин зикр шуда, ки ин хабарнигор ҳамчунин «оромию осоиштагии шаҳрвандон Раҳимбердиев Эмомалӣ ва Каримова Амина ва дигаронро халалдор намуда, таваҷҷуҳи ҷомеъаро ба мурофиъаи «Зайд Саидов» ҷалб намуда, дар роҳи мошингарди кӯчаи М. Турсунзода Шарқ ҳаракати муштараки воситаи нақлиётро дар роҳ халалдор намудааст.»
Ин дар ҳолест, ки шоҳидони айнӣ, аз ҷумла хабарнигорони ҳозир дар маҳалли воқеъа, мегӯянд оқои Шукуров оромона ба филмбардорӣ машғул буд. Вай ҳамчунин ҳеч гуна даъво ё муноқишаи лафзӣ бо кормандони пулис надошта ва то ҷое хомӯшу ором будааст, ки бисёре аз ҳозирон аз боздошти ӯ базудӣ огоҳ нашуданд ва ин хабарро замоне шуниданд, ки маъмурони пулис ӯро ба фосилае дуртар бурда буданд.
Интиқоди САҲУ
Озодии оқои Шукуров дар изои пардохти ҷарима дар ҳолест, ки созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон имрӯз бо пахши баёнияе аз мақомҳои пулиси Тоҷикистон хостори озодии фаврии ӯ ва муҷозоти маъмурони пулисе шуда буданд, ки гуфта мешуд дар боздошт ва озору шиканҷаи ӯ даст доранд.
Масъулони ин созмонҳо ва сардабирони бархе аз расонаҳо ҳушдор доданд, ки дар сурате ки оқои Шукуров озод нашавад ва вазири умури дохилӣ бо намояндагони расонаҳо дар мавриди бадрафтории пулис бо рӯзноманигорон мулоқот накунад, рӯзи 27 декабр ба муддати се соъат коршиканӣ хоҳанд кард.
Ҳамчунин, рӯзи панҷшанбе Дунё Миётувич, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) дар умури озодии расонаҳо, бо интишори баёнияе аз боздошти оқои Шукуров ибрози нигаронӣ карда ва хостори озодии бечуну чарои ӯ шудааст.
Хонуми Мётувич дар ин баёния гуфт: «Мо бавижа аз он нигаронем, ки оқои Шукуров аз миёни ҳозирон ҷудо карда ва боздошт шуд, ҳарчанд рӯшан буд, ки вай ба унвони як хабарнигор кори худро анҷом медод. Ман нигаронам, ки бо ин кор мақомҳои интизомӣ талош доштанд рӯзноманигорони дигарро аз пӯшиши қазия (-и Зайд Саидов) мунҳариф созанд.»
Ин намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо афзуд: «Ман дархости озодии фаврии Шукуровро мекунам ва мақомотро ҳушдор медиҳам, ки аз боздоштҳои худсаронаи рӯзноманигорон парҳез кунанд ва бигзоранд, ки онҳо вазоифи худро ба наҳви аҳсан анҷом диҳанд.»
Оқои Шукуров рӯзи гузашта ҳангоме ки таҷаммуъи тарафдорони Зайд Саидов, тоҷири маҳкумшударо филмбардорӣ мекард, тавассути маъурони пулис боздошт ва ба идораи пулис бурда шуд.
Шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки ҳангоми боздошт яке аз маъмурони пулис ӯро лагад задааст. Шаби гузашта хабаргузории «Озодагон» хабар дода буд, ки оқои Шукуров дар идораи пулис ҳам мавриди озору шиканҷа қарор гирифта ва осори шиканҷа «дар сураташ намоён буд.»
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/12/131226_ea_azadagan_shukurov_released.shtml