Созмонҳои рӯзноманигорӣ хостори озодии фаврии Шукуров шуданд

Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон боздошти Абдураҳим Шукуров, филмбардори хабаргузории “Озодагон”, тавассути пулисро башиддат маҳкум карда ва хостори озодии фаврии ӯ шудаанд.

Масъулони ин созмонҳо ва сардабирони бархе аз нашрияҳо ҳамчунин хостори мулоқот бо вазири умури дохилӣ барои баррасӣ ва рафъи мушкили бархӯрди хашини пулис бо рӯзноманигорон шудаанд.

 Онҳо ҳамчунин эълом кардаанд, ки рӯзи 27 декабр аз соъати 08:00 то 11:00 се соъат коршиканӣ хоҳанд кард.

Иттиҳодияи Рӯзноманигрон, Шӯрои Расонаҳо, Медиё Олёнс ва Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 26 декабр бо интишори баёнияе муштарак аз мақомоти пулиси ин кишвар интиқод карда ва хостори муҷозоти омилони боздошти Абдурраҳим Шукуров шудаанд.

Оқои Шукуров рӯзи гузашта дар ҳоле ки аз таҷаммуъи тарафдорони Зайд Саидов, тоҷири саршинос ва вазири пешини саноеъи Тоҷикистон, дар наздикии боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, маҳалли баргузории ҷаласаи додгоҳӣ, филмбардорӣ мекард, тавассути пулис боздошт шуд.

Ба гуфтаи иддае аз хабарнигорон, маъмурони пулис ҳангоме ки оқои Шукуровро ба сӯи худрав мебурданд, яке аз онҳо ӯро лагад задааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки оқои Шукуров дар идораи пулис ҳам мавриди озору шиканҷа қарор гирифтааст.

Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа Би-би-сӣ гуфт: «Мо аз он нигаронем, ки таъқиб ва эъмоли хушунат алайҳи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон барои бори аввал набуда ва чунин амал барои кормандони интизомӣ маъмулӣ шудааст.»

Вай афзуд: «Мамонеъат аз кори рӯзноманигор дар ҷомеъаи Тоҷикистон, ки дар раванди демукросӣ қадам мезанад, поймол кардани ҳуқуқи инсон барои дастрасӣ ба иттилоъот арзёбӣ мегардад.»

 «Ин тарзи рафтори кормандони интизомӣ, ки рӯзноманигорро ҳангоми иҷрои вазифаи ҳирфаӣ боздошт карданд, мухолифи моддаи 162–и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон аст ваэҷоди мавонеъ дар фаъъолияти ҳирфаии рӯзноманигормаҳсуб мешавад.«

 Оқои Сатторов ҳамчунин гуфт: «Рӯзноманигор сарфи назар аз ин ки воқеъа барояш хушоянд аст ва ё не, вазифадор аст аз ин рӯйдодҳо ба ҷомеъа иттилоъ бидиҳад ва бо фаъъолияти худ ба халалдор нашудани фазои иттилоъотӣ дар кишвар ва таъмини амнияти онро дар ҷомеъа мусоъидат кунад.»

Дар баёнияи созмонҳои рӯзноманигорон аз Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хоста шуда, ки Абдураҳим Шукуров фавран озод карда шавад. Онҳо ҳамчунин хостори муҷозоти маъмурони пулисе шудаанд, ки дар боздошт ва шиканҷаи ӯ даст доранд.

Дар ин баёния омадааст: «Ин тарзи рафтори кормандони интизомӣ, ки рӯзноманигорро ҳангоми иҷрои вазифаи ҳирфаӣ боздошт карданд, мухолиф бо моддаи 162–и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон аст ва “эҷоди мавонеъ дар фаъъолияти ҳирфаии рӯзноманигор” маҳсуб мешавад.»

Созмонҳои рӯзноманигорӣ ҳамчунин рафтори хушунатбори маъмурони пулис бо ин филмбардор ба ҳангоми боздоштро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандии ӯ хонда ва маҳкум кардаанд.

Дар баёния омадааст: «Мо, ҷомеъаи рӯзномагории Тоҷикистон рафтору муносибати кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоъили Сомонии пойтахт нисбат ба рӯзноманигор Абдурраҳим Шукуровро зуҳури муносибати ғайрикасбии мақомоти ҳифзи тартибот ҳисобида, аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тақозо дорем, ки рӯзноманигори ҷабрдида базудӣ аз ҳабсу таъқиб озод карда, нисбат ба кормандони дахлдори қазияи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.»

Хабарнигорони зиёде, ки барои бозтоби судури ҳукми додгоҳ алайҳи Зайд Саидов дар наздикии боздоштгоҳи амниятӣ ҷамъ шуда буданд, шоҳиди боздошти филмбардори хабаргузории «Озодагон» буданд.

Ҳарчанд маъмурони пулис сабаби боздошти Абдураҳим Шукуровро «вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ» номидаанд, аммо шоҳидони айнӣ аз ҷумлаи хабарнигорон ва афроди дигари таҷаммӯъкарда гуфтаанд, ки оқои Шукров ҳеч амали бадеро муртакиб нашудааст.

Ҳамчунин хабаргузории «Озодагон» гуфта буд, ки оқои Шукуров пас аз боздошт тавассути маъмурони пулис мавриди «лату кӯб» қарор гирифтааст. Зафар Сӯфӣ, муассиси ин хабаргузорӣ, мегӯяд, ки дар ноҳияи чашми оқои Шукуров нишонаи лату кӯб дида мешуд ва чашми ӯ варам карда буд.

Ба гуфтаи ҳамкорони оқои Шукуров, вай дар суҳбат бо онҳо гуфтааст, ки маъмурони пулис ӯро дар идораи пулиси ноҳияи Исмоъили Сомонӣ мавриди хушунат қарор додаанд.

Зимнан, додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонӣ субҳи имрӯз ба хабаргузории «Озодагон» гуфтааст, ки дастури ҳабси оқои Шукуров дар ин додгоҳ содир нашудааст. Темур Ҳафизов, муъовини раиси ин додгоҳ гуфтааст, ки маъмурони пулис ҳақ надоранд аз пеши худ шаҳрвандро барои ҳафт рӯз ҳабс кунанд.

 http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/12/131226_zkh_arrest_massmedia_reaction.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *