Адвокати рӯзноманигор аз ҳукми суд шикоят кард

Садриддин Саидов, адвокати рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов, аз болои ҳукми суди ноҳияи Мастчоҳ шикояти кассатсионӣ навишт.

Дар ин бора Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигори «Фараж» иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, ҳукми суди қаблӣ алайҳи зерҳимояаш ноодилона буд ва ӯ имрӯз, 5 ноябри соли 2013, ба суди ноҳияи Мастчоҳ рафта, шикояташро ба коллегияи Суди кассатсионии вилояти Суғд супоридааст.

Ёдовар мешавем, ки суди ноҳияи Мастчоҳ 28 октябри соли 2013 рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоиловро барои тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ ба мӯҳлати 11 сол ба зиндони низомаш пурзӯр маҳкум карда буд.

Қаблан вакили дифоъи Исмоилов гуфта буд, ки тибқи қарори суд, Маҳмадюсуф Исмоилов бар замми 11 соли зиндон бояд 6 ҳазор сомонӣ пули афроди ҷабрдидаро, ки аз роҳи тамаъҷӯӣ ба даст овардааст, бозпас гардонад.

Инчунин, мувофиқи ҳукми суд, Маҳмадюсуф Исмоилов баъд аз раҳоӣ аз зиндон наметавонад, тӯли панҷ сол ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ аз cуд талаб карда буд, ки рӯзноманигор Маҳмадюсуф Исмоилов ба 14 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум карда шавад.

Маҳмадюсуф Исмоиловро бар асоси моддаҳои 250 (Тақаллубкорӣ) ва 247 (Тамаъҷӯӣ)-и КҶ ҶТ айбдор медонанд.

Тибқи иттилои сомонаи ВКД-и Тоҷикистон, 24 июни соли равон ба ШВКД дар ноҳияи Ашт сокини ин ноҳия Санавбар Аҳадова муроҷиат кардааст, ки 21 июн дар ҳудуди шаҳраки Шайдон, шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф аз ӯ бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда бо роҳи тамаъҷӯӣ 100-сомонӣ гирифтааст.

«Сипас, такроран рӯзи 24 июн Исмоилов М., барои нашр накардани ин маълумотҳо бо роҳи тамаъҷӯӣ 100 доллари амрикоӣ талаб кардааст»,- омадааст дар хабари сомона.

Ин манбаъ навишта буд, ки зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Ашт дар ҳудуди шаҳраки Шайдон шаҳрванд Исмоилов Маҳмадюсуф Абдуғаниевич баъди гирифтани маблағи пулӣ 400-сомонии бо роҳи тамаъҷӯӣ талабнамудааш дастгир карда шуда, далели шайъӣ гирифта шуд.

Дар соли 2011 Маҳмадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори маҳаллӣ ва мухбири ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ», пас аз 11 моҳи боздошт суди шаҳри Табошар бо пардохти беш аз 35 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ ӯро аз зиндон озод шуда буд. Он замон мақомоти маҳаллӣ ӯро барои «тамаъҷӯӣ, маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқир» гунаҳкор дониста буданд ва қазияи судии ин хабарнигор вокунишҳои густардаи созмонҳои дохилӣ ва хориҷиро ба вуҷуд овард. Пас аз шикояти вай, суди истинофии вилояти Суғд ҳукми суди Табошарро бетағир гузошта, ӯро тибқи қонуни «Афв» озод карда буд.

http://faraj.tj/index.php?newsid=3310

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *