Чопхонаи Қурғонтеппа дорои таҷҳизоти мудерн шуд

Ҳукумати вилояти Хатлон ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ барои танҳо чопхонаи шаҳри Қурғонтеппа аз як ширкати ҳиндӣ таҷҳизоти ҷадид харидорӣ кардааст.

Ин чопхона ба далели кӯҳна ва фарсуда будани таҷҳизоташ, ки аз замони шӯравӣ боқӣ монда буд, фақат бархе аз нашрияҳои «кампулро» бо кайфияти поин чоп мекард, дар ҳоле ки аксари нашрияҳои вилоят дар пойтахт мунташир мешуданд.

Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон аз сардабирони нашрияҳои минтақаи Қурғонтеппа даъват кард, минбаъд аз ин чопхона барои чопи нашрияҳояшон бо каифияти хуб истифода кунанд.

Ӯ ваъда дод, ки барои чопхонаи ноҳияи Восеъ, ки нашрияҳои маҳаллии минтақаи Қӯлоб онҷо чоп мешаванд, низ таҷҳизотҳои ҷадид харидорӣ кунад ва «бо инмушкили чопхонаҳои Хатлон ҳал мешавад.»

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/09/130919_sq_ak_rln_printhouse_khatlan.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *