Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба курсии президенти Тоҷикистон аз Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳ имрӯз 19-уми сентябр бо пахши як изҳорот аз мардуми тоҷик даъват кардааст, ки ба ҳар гуна туҳмату ҳангомаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо бовар накунанд.
Дар изҳороти расмӣ, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук пахш шудааст, гуфта мешавад, ки «Мехостам бароятон оиди як масъалае, ки ҳамин рӯзҳо гирди забон аст, рӯшанӣ андозам.
Вай навиштааст, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО масъалаи он, ки ӯро ҳамчун номзад набояд шинохт, чун гӯё доғи судӣ доштаам ва авф ё аминистия шудааст зиёд шудааст.
«Ҳамчун ҳуқуқшинос ба ҳамаи шумо мерасонам, ки нисбати ман моҳи октябр то ноябри соли 1993 танҳо тафтишот бурда шуда буд. Пас аз як моҳ, манро бо сабабе, ки Президенти ҶТ маров авф кардааст, озод намуданд.
Ногуфта намонад, ки афв (помилование) ва ё амнистия танҳо нисбати шахсе ки барои ӯ ҳукми судӣ бароварда шудааст дида ё эълон карда мешавад.Нисбати ман бошад,на ҷаласаҳои судӣ баргузор шуда буд ва на ҳукм бароварда шудааст. Яъне, ки танҳо суд метавонад шахсро дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор намояд», — омадааст дар изҳороти Бобоназарова.
Ин дар ҳолест, ки Ситоди интихоботии номзади ИНИТ ба мақоми президентӣ бо нашри як баёния дирӯз, 18-уми сентябр аз монеъагузориҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ дар ҷамъоварии имзо барои сабти номи номзад ба мақоми президент Ойниҳол Бобоназарова шадидан изҳори нигаронӣ намуда буд.
Ба гуфтаи сухангӯи Ситоди интихоботии ИНИТ дар баъзе ноҳияҳо барои масъулини ИНИТ, ки ба ҷамъоварии имзо барои сабти ном гардидани номзад Ойниҳол Бобоназарова машғул будаанд, ҳукуматҳои маҳал бо баҳонаҳои монанд монеа шудаанд.
http://www.tojnews.tj/izhoroti-bobnazarova-dar-borai-hangomaho-