НАЗДИКОНИ ЗАЙД САИД БАЁНОТ ДОДААНД БО ВАО СУҲБАТ НАКУНАНД

Суд аз наздикони Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва раиси боздоштшудаи Гуруҳи Ташаббускори Таъсиси «Ҳизби Тоҷикистони нав» баёнот дар бораи ошкор накардани иттилоъ дар бораи муроофиаҳои додгоҳӣ гирифтаанд. 

Тибқи ин баёнот онҳо дигар наметавонанд бо хабарнигорон дар бораи ҷузъиёти рафти мурофиаҳои судӣ нисбати Зайд Саидов иттилоъ диҳанд.

Дирӯз, 16-уми сентябр судя Шавкат Абдулхайров аз наздикони Зайд Саидов, — онҳое, барои вуруд ба мурофиа судӣ иҷоза гирифтаанд, дар бораи ифшо накардани ҷузъиёти мурофиа баёнот гирифтааст.

Гуфта мешавад, бо сабаби «муҳри махфӣ»-и парвандаи Зайд Саидов, танҳо писар ва бародари Зайд Саидов ба мурофиаи дирӯза роҳ дода шудаанд.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов, ба TojNews гуфт дар мурофиаи дирӯза, Зайд Саидов суханронӣ карда, гуфтааст дар ягон ҷинояте, ки муттаҳам мешавад худр гунаҳгор намеҳисобад.

Судя дархости онҳоро барои ба таври кушода баргузор намудани мурофиа бори дигар дирӯз рад кардааст.

Ёдрас мекунем, мурофиаҳои судӣ нисбат ба соҳибкори шинохта, 12-уми сентябр дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар пойтахт оғоз шуд.

Суд баъд аз баргузории ду мудофиа иҷозат дод, ки наздиконаш дар мурофиа иштирок намоянд.

Дирӯз 16-уми сентябр дар мурофиа Хайрулло Саидов, писар ва Файзиддин Шеров, бародари Зайд Саидов иштирок доштаанд.

Мурофиаи имрӯзӣ 17-уми сентябр соати 9:00-и субҳ шуруъ шуда, феълан паси дарҳои баста идома дорад.

http://www.tojnews.tj/nazdikoni-zaid-sad-bayonot-dodaand-bo-vao-suhbat-nakunand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *