Имрӯз, 27-уми август, дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даъвои намояндагони зиёиёни тоҷик алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири «Азия Плюс» дубора санҷида мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 19-уми август ба намояндагони зиёиёни тоҷик муҳлат дода буд то камбудиҳои даъвояшонро алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири «Азия Плюс» ислоҳ кунанд.
Панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳ муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб карда буданд.
Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, «Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд» кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
http://www.ozodagon.com/casia/tj/11989-dodgo-iddaoi-zieienro-alayi-tutubalina-dubora-mesanad.html