Мақомот барои ҷалби тамошобин ба шабакаҳои давлатии телевизионӣ маҷбур шуд, ки ба мардум антеннаҳои рақамӣ тақдим кунанд. Худи мардум аз афташ ба харидории дастгоҳе, ки имкони тамошои телевизионҳои ақди Асадулло Раҳмоновро медиҳанд, шитобу майл надорад. Ҳоло аввалин шуда масъулини ҳокимияти маҳалӣ дар ноҳияи Қубодиён ба 5 ҳазор аҳолии ӯзбактабор чунин антеннаҳоро арзонӣ доштаанд.
Тавре Саъдулло Бекназаров, раиси ноҳияи Қубодиён ба хабарнигори радиои «Озодӣ» гуфтааст: «Телевизионҳои Тоҷикистонро аксарият тамошо намекунанд. Ба ҳамаашон антеннаҳои хитоӣ додем, ки шабакаҳои кишвари худамонро тамошо карда, забони тоҷикиро омӯзанд, бо забони давлатӣ гап зананд. Кӯшиш мекунем, ки ҷавонон ҳам бо забони давлатӣ таҳсил кунанд, онро хуб балад бошанд. Ояндаи наздик боз 5 ҳазор адад аз чунин антеннаҳоро дастрас карда, ба мардуми маҳаллӣ мерасонем.
Аз моҳи январ сар карда, ҳамин антенна мавҷи 14 канали телевизиониро ба тамошогар дастрас хоҳад кард». Бегуфтугў, сарфи назар аз натиҷаи ин тарҳ ки чигуна анҷом хоҳад ёфт, дар саҳифаи таърихи салтанати Асадулло Раҳмонов дар Кумитаи радио ва телевизион ҳамчун «антеннаҳои бекназаровӣ» сабт хоҳад шуд.
Пеш аз ҳама, сарфи назар аз баҳонаи Бекназаров, ки мегўяд, барои омўзондани забони тоҷикӣ бардошт аз ин хабар чунин буда метавонад, ки мақомот барои ҷалби тамошобин аз беҳ намудани сифати барномаҳои телевизионӣ сарфи маблағи ҳангуфтро авло донистаанд.
Ҳеч не, агар қиммати як «антеннаи бекназаровӣ» ба 40 сомонӣ (ба ҳисоби камтарин) баробар бошад, барои тақдими антенна ба 10 ҳазор аҳолӣ бояд 400 000 сомонӣ харҷ шавад. Пас ҳисоб кунед, барои ҷалби тамошобинони ғайритоҷик аз Ҷиргатолу Мурғоб то Панҷакент, аз Ҷарбулоқи Ашт то Айвоҷи Шаҳритусу ким кадом минтақаи Фархор чи қадар маблағ бояд масраф шавад?
Зимнан, дар ин масъала тоҷик будан, маънои онро надорад, ки ў ҳатман тамошобини шабакаҳои телевизионии Асадулло Раҳмонов аст. Пас ҳукумат ногузир барои ҷалби тоҷикон низ бояд антенна тўҳфа намояд. Дар сурати ғайр, лоиҳаи «антеннаҳои бекназаровӣ» боис ба ҷудокунии шаҳрвандони як кишвар мегардад.
Ҳамчунин, ин тарҳро мешавад, дар доираи барномаҳои ҳукумат дар самти «амнияти иттилоотӣ» муаррифӣ кард. Ин дар ҳолест, ки ба бовари коршиносон мафҳуми «амнияти иттилоотӣ» аз ҷониби ҳукумат хато ба кор бурда шуда, мушкил на дар амният аст, балки Асадулло Раҳмонов бо командааш мушкилофар мебошанд.
Умуман, роҳи халосӣ аз мушкилоте, ки дар тасаввури ҳукумат вуҷуд дорад ва онро ҳифзи «амнияти иттилоотӣ» ном мебарад ва роҳи ҳали мушкилоти расонаии Тоҷикистон якто аст. Он ҳам беҳ намудани сифати барномаҳои радиотелевизионӣ, боло бурдани сатҳи касбии кормандони расонаҳо барои рақобатпазир будан.
Бешубҳа, Асадулло Раҳмонов пеш аз ҳама ҳамчун соҳибкасб ва баъдан, раиси Кумита албатта аз худ суол мекунад, чаро мардум барои тамошои шабакаи телевизионии Русия, Ўзбакистон ва ҳатто Афғонистон маблағ сарф намуда, дар хонаҳояшон анетаннаҳои моҳвораӣ насб мекунанд, аммо барои тамошои телевизионҳои Тоҷикистон омода нестанд, ки маблағ сарф кунанд? Дар посух ба ин суол Асадулло Раҳмонов ду роҳ дорад: аввал, ҳоло ҳам дер нашудааст, ки инқилобе дар муҳтаво ва сифати барномаҳо биорад (воқеан, ў тавонист, ки шумораи шабакаҳои радио ва телевизионро зиёд кунад); дуюм, дари кабинеташро барои охирин бор аз берун пўшад.