Муътаризон ба мақолаи ҷанҷолбарангези “Тасвире бефарҳанг аз фарҳангиён”, ки як моҳе қабл дар нашрияи “Asia-Plus” нашр шуда буд, шикояти худро алайҳи муаллифи ин матлаб бори дувум ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол карданд.
Нашрияи “Asia-Plus” гузориш кардааст, ки шокиён алайҳи мақолаи Олга Тутубалина, сардабири нашрияи русизабони “Asia-Plus” Фарҳангистони Улум, Иттиҳодияи нависандагон, Иттиҳодияи наққошон, оҳангсозон, меъморон ва се муттахасиси умури пизишкӣ ва таърих ҳастанд.
Қарор аст нахустин ҷаласаи додгоҳ барои баррасии ин шикоят рӯзи 19-уми август баргузор шавад.
Шокиёни ин парванда аз додгоҳ тақозои пардохтани 200 ҳазор сомонӣ ғаромат ва мусодираи амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалинаро кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки маблағи пардохташуда ба парваришгоҳҳои ятимон хайр карда хоҳад шуд.
Гурӯҳе аз фарҳангиён ба дунболи бознашри бахше аз навиштаҳои Олга Тутубалина аз веблоги ин рӯзноманигор дар сойти расмии хабаргузории “Asia-Plus” алайҳи ӯ эътироз карданд.
Ӯ дар навиштаҳои худ гуфта Влодимир Ленин, пешвои инқилоби булшевикон “равшанфикронро мағзи миллат не, гӯҳи миллат” хонда буд ва меафзояд, «Замоне пешвои инқилоби октябр чунин гуфта буд ва ман низ замоне, ки дар мавриди бозгашти шоъир Бозор Собир ба ватан мехонам, мехоҳам ҳамин ҳарфро бигӯям…”
Шокиёни парванда тақозои бозрасии забоншиносии матни мақолаи хонуми Тутубалинаро кардаанд.
Нахустин шикояти ин гурӯҳи фарҳангиён пештар ба додгоҳи иқтисодии кишвар ирсол шуда буд, аммо ин додгоҳ гуфт, ки баррасии ин шикоят дар салоҳияти додгоҳи иқтисодӣ шомил намешавад.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/08/130815_sq_asuaplus_media.shtml