БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ИНИТ ҚАБУЛ НАШУД

Тарҳи Барномаи амали Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) пазируфта нашуда, номзади воҳиди мухолифони ҳукумати феълӣ дар интихоботи президентӣ муайян нагашт.

Дар ҷаласаи навбатии Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), ки рӯзи шанбе, 10-уми август дар қароргоҳи ҲНИТ баргузор гашт, тарҳи Консепсияи пешазинтихоботии ин иттиҳоди нав мавриди баррасӣ қарор дод.

Ин санади дусаҳфагӣ, ки гуфта мешавад, аз ҷониби аҳзоби мухталиф ва созмонҳои аъзои ИНИТ иншо шудааст, бинобар муқаддимаи он «бояд меҳвари барномаи интихоботии номзади ягона» қарор гирифта, дар сурати интихоб шудани номзади мухолифин ба мансаби президентиТоҷикистон пурра амалӣ гардад.

Дар қисмати «Барномаи амалӣ»-и санади мазкур, аз ҷумла, омадааст, ки «номзад дар давоми ду сол ду агрегати НБО-и «Роғун»-ро ба истифода дода, низоми андозбандию боҷситонӣ ва сиёсати давлатии муҳоҷиратро «аз нав дида  барояд».  Дар баробари ин, «пули саҳмияҳое, ки аз ҷониби давлат ва бонкҳо аз аҳолӣ гирифта шудаанд, ба мардум баргардонаду аз пулакӣ кардани роҳҳо бе таъмини роҳҳои алтернативӣ қонтеъона даст кашад».

Ҳамчунин, дар ин санад ислоҳоти конститутсионӣ пешбинӣ шудааст, ки мӯҳлати президентӣ ба ду чорсола маҳдуд шуда, тақсими салоҳиятҳои идораи давлат байни президент, сарвазир ва парламент амалӣ шавад. Номзади ягона бояд парлумони якпалатагӣ таъсис дода, интихоби 90 вакили мардумӣ ва 60 вакил аз рӯйхати ҳизбҳоро таъмин созаду интихобӣ шудани раисони вилоят, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳоро таъмин намояд.

Баъд аз ироаи барнома ҷонибҳо ба баррасии бахшҳои он шуруъ карда, ба хулоса омаданд, ки бо такмили чанд банд дар барнома онро дар ҷаласаи навбатӣ, ки қарор аст, рӯзи шанбе, 17-уми август  баргузор шавад, қабул кунанд.

Ҳамин тариқ, ҷаласаи навбатии ИНИТ барномаи амали номзади воҳиди мухолифони ҳукумати феълиро дар ҳамин шакл напазируфта, бархилофи интизориҳои ҷомеаи маданӣ ному насаби номзадро барои иштирок дар интихоботи президентии моҳи ноябр маълум накард.

Маврид ба зикр аст, ки Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон рӯзи 27-уми июл аз сӯи аҳзоби мухолиф – ҲНИТ, ҲСДТ, созмонҳои дигари ҷамъиятӣ ва шахсиятҳои шинохта ташкил шуда, мақсадаш аз он иборат аст, ки то дар интихоботи президентии моҳи ноябр номзади ягона ва барномаи пешазинтихоботии ӯро пешбарӣ кунад.

http://tojnews.tj/barnomai-peshazintikhobotii-init-kabul-nashud

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *