Нашри дубораи “Рӯзи нав”

6-уми август аз нашри нахустин шумораи ҳафтаномаи “Рӯзи нав” 10 сол сипарӣ хоҳад шуд ва бахшида ба ин рӯз муассисон тасмим гирифтаанд, шумораи охирини онро, ки дар Бишкеки Қирғизистон нашр шуда буд, бознашр кунанд.

Дар ин бора Оҷонсии ТоjNews аз қавли  Раҷаби Мирзо, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Рӯзи нав”, овардааст:

— Рӯзи 7-уми август аз нашри нахустини «Рӯзи нав» 10 сол пур мешавад. Нашри ҳафтанома баъди як соли фаъолият боздошта шуда, то ҳол сабабҳои нашр нашудани он ба мо рӯшан нест.

Шумораи охиринро, ки мо бо душворӣ берун аз Тоҷикистон, дар Бишкек ба нашр расонида будем ва тавассути қатора ба Тоҷикистон овардем, ҳангоми ворид шудан аз тарафи мақомот боздошт шуд.

Мо ин шумораи охиринро ҳар сол дар рӯзи таъсисёбии «Рӯзи нав», дар шакли электронӣ ва чопӣ ба дасти хонандагон мерасонем. Мо умед дорем, ки замони аз нав рӯйи саҳнаи матбуот омадани “Рӯзи нав” дур нест, — гуфт Раҷаби Мирзо.

“Рӯзи нав” яке аз ҳафтаномаҳои маъруфтарини сиёсӣ дар солҳои 2003-2004 дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Шумораи нахустини “Рӯзи нав” бо теъдоди 1000 (ҳазор) шумора чоп шуда, баъдан, ҳафтанома бо тиражи то 15 000 нусха нашр мешуд.

http://www.odob.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=77%3A2013-08-06-06-41-32&catid=1%3A2011-11-19-11-50-21&Itemid=89&lang=tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *