Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро барои ба қайд гирифтани телевизиони ин ҳизб интизор аст.
Асадулло Раҳмонов, раиси ин Кумита, имрӯз, 12-уми июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз ҷониби ин ҳизб танҳо як ариза барои фаъол намудани телевизион омадааст.
“Дар сурати ворид гардидани дигар ҳуҷҷатҳо оид ба фаъол намудани телевизион, мо тибқи муқаррароти Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи довталабро қонеъ хоҳем кард”, — гуфт Асадулло Раҳмонов
Ёдрас мешавем, 18-уми декабри соли гузашта Воҳидхони Қосиддин, сардори дастгоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, барои сабти номи шабакаи телевизион ва радио ба Кумитаи телевизион ва радиои ҶТ бо як ариза муроҷиат кард.
Саидалӣ Сиддиқ, муовини аввали Кумита, дар бораи роҳу равиши қайди шабака ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани литсензия маълумот дода, таъкид карда буд, ки агар комиссияи литсензионие, ки дар назди Кумитаи телевизион ва радио фаъолият мекунад, чунин рухсатро ба ҲНИТ диҳад, пас аз муддате ҳизб соҳиби шабакаи худ мегардад.