Фарҳангистони улум матлаби Тутубалинаро маҳкум кард

Масъулони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мақолаи ҷанҷолбарангези Олга Тутубалина, хабарнигори ҳафтаномаи ASIA-Plus зери унвони «Тасвире бефарҳанг аз фарҳангиён» таҳқири фарҳангиёни кишвар хонданд.

Кароматулло Олимов, раиси Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва осори хаттии Тоҷикистон дар ин бора гуфт: “Он ҳарфҳоеро, ки хонум Тутубалина дар мақолааш навишта, ба унвони таҳқир меҳисобем ва раёсати Фарҳангистони улуми кишвар низ ин ҳарфҳоро маҳкум мекунад.”

Ин дар ҳолест, ки ҳарчанд гурӯҳе аз фарҳангиёни кишвар ба дунболи ин матлаби хонуми Тутубалина ба додгоҳ шикоят бурданд бархе аз расонаҳои кишвар ба тарафдорӣ аз хонум Тутубалина матолибе ба нашр расониданд.

Шӯрои матбуъоти Тоҷикистон низ рӯзи чоршанбе эълом кард, ки ба дунболи ҷанҷолбарангез шудани ин матлаб, мӯҳтавои онро таҳлил карда ва ба ин натиҷа расида, ки матлаб ба касе таҳқир нашудааст.

Аммо Кароматуллоҳ Олимов рӯзи панҷшанбе гуфт: “Ончи дар Ғарб дар ҳадди меъёрҳои ахлоқӣ қабул шудааст, на ҳамеша бо чорчуби ахлоқи шарқӣ созгор аст.»

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/07/130711_zm_academy_sciences.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *