Рӯёрӯии гурӯҳе аз фарҳангиёни Тоҷикистон бо Олга Тутубалина, хабарнигори нашрияи русизабони Asia-Plus дар як ҳафтаи ахир, аз мавзӯъест, ки тақрибан ҳамаи нашрияҳои ин ҳафтаи Душанбе дар мавриди он гуфтание доштанд.
Гурӯҳе аз фарҳангиён дар пайи нашри як мақолаи ин хабарнигори русизабон, ба вижа аз иқтибосе, ки ӯ аз Ленин овардааст, ки гуфта “Равшанфикрон саргини ҷомеъа ҳастанд” ранҷиданд ва алайҳи ӯ ба додгоҳ шикоят бурданд, ки ба фарҳангиёни тоҷик таҳқир кардааст.
Муаллифи матлабе таҳти унвони “Фишор” дар нашрияи мустақили «Фараж» навишта, ки ба додгоҳ кашидани ин хабарнигорро ҷоиз намедонад ва менависад: “Бо шунидани ин ин даъво ба зеҳнам саволе меояд,… ки агар даъвогарон ин қадар принсипиалӣ бошанд, пас чаро алайҳи чиновникҳое (мақомот), ки мунтазам иштибоҳ мекунанд, ба масъулиятшиносӣ даъват намекунанд?”
Озодагон матлаби худро дар ин мавзӯъ “Зиёӣ?!” унвон кардааст, ки дар он муаллиф аз ҷумла менависад, “Асабӣ шуданд, (“зиёиён”) ва лозим донистанд бо як бонуи ошкорбаён дар якҷоягӣ мубориза баранд.”
Муаллиф меафзояд: “Агар Ленин зинда мебуд, мутмаъинам хомӯширо авло медонистанд зиёиёни дар нохунаки мо”.
Дар матлаби дигаре дар «Озодагон» бо номи “Рушанфикрӣ ва рушангарӣ” мехонем: “Ин гуфтаи хонуми Тутубалина, ки аксари равшанфикрон дар мулоқот бо раиси ҷумҳур бештар ба фикри манфиъати шахсии худ ҳастанд, то ҷомеъа сиҳат дорад.”
Нашрияи русизабони «ASIA-Plus»дар матлабе бо номи Тағйирот ногузир аст. Кӣ ва кай тағйирот мекунад?” ин мавзӯъро ба баррасӣ гирифтааст, ки интихоботи моҳи ноябри имсол аз интихоботҳои қаблӣ чӣ тафовуте хоҳад дошт.
Муаллиф дар бахше бо зерунвони “Маънои тағйирот ҷанг нест” навишта, ки тафовути аслии интихоботи имсол аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2006 ин аст, ки “Имрӯз мардум бештар аз ҳар замони дигар ташнаи тағйирот ҳастанд ва ҳамин вазъият ба интихоботи имсола сифоти “хатарнок”, “мушкил” ва “ҳассос” мебахшад.
Муаллиф меафзояд, агар “нухбагони сиёсии имрӯз” ин вазъро дарк мекунанд ва хиради кофӣ доранд бояд, ки тағйироти ё ислоҳоти мавриди ниёзи мардумро ба маънои мусбати он худашон анҷом бидиҳанд.
Наҷот, нашрияи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ба мавзӯъи интихоботи қарибулвуқуъ пардохта ва посухи бархе аз соҳибназаронро ба саволи “Президенти 2013-ро бо чӣ сифатҳое дидан мехоҳед?” чоп кардааст.
Марат Муҳаммадшоев, рӯзноманигор аз ҷумла гуфтааст, “Шахсияте президенти оянда буда метавонад, ки гузаштаи нек ва шаффоф дорад.”
Алӣ Мастов, коршинос гуфта, ки таърихи башар чандин раисиҷумҳуриро мешиносад, ки мардум ба онҳо эътимод доштанд ва Нелсун Монделоро мисол задааст. Султони Ҳамад, рӯзноманигор гуфта, ки раисиҷумҳурӣ бояд пеш аз ҳама кафили воқеъии таъмини озодиҳои шаҳрвандони кишвар бошад.
СССР дар матлабе бо номи “Танго: Кремлин бо кӣ рақсиданист?” аз сафари Ҳоҷи Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиноси тоҷик ва Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, умдатарин ҳизби мухолифи кишвар ба Маскав навиштааст.
Муаллифи ин матлаб менависад, ки хабарҳое, ки ахиран аз Русия мерасад “ба гунае менамоянд, ки дар пойтахти Русия аз ояндаи Тоҷикистон хавфе доранд. Ё баръакс кадом интригаеро дар Душанбе интизор бошанд.”
Муаллиф меафзояд, ки расонаҳои русизабон бо пушиши хабари конфаронси ахири “сулҳи тоҷикон” дар Маскав “гуфтанӣ ҳастанд, ки мухолифини тоҷик мисли 20 соли пеш ҳанӯз бовар доранд, танҳо Русия ба онҳо кумак карда метавонад.”
Нигоҳ, нашрияи мустақил мусоҳибаеро пас аз бозгашти Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода нашр карда, ки дар он оқои Тӯраҷонзода, муъовини раҳбари мухолифони пешин пушиши ҷашни Рӯзи Ваҳдатро “таҳрифи воқеъият ва ҳақиқат” хонд.
Муаллифи ин матлаб менависад, ки оқои Тӯраҷонзода дар ин сӯҳбат аз “асрори” ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳарф мезанад, ки қасд дошт, фақат дар соли 2025 ифшо кунад.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/07/130711_sq_tajpress.shtml