Аз дирӯз намоиши барномаҳои телевизионии «К+» тариқи моҳвора дар дохили Тоҷикистон дубора масдуд шудааст.
Бино ба қавли сокинон, тамошои барномаҳои ин шабака аз субҳи дирӯз, 3-юми июл дубора номумкин шудааст.
Охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ, абакаи мазкур, ки вақтҳои ахир ба минбари чеҳраҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон табдил шудааст, дар ҳудуди Тоҷикистон масдуд шуда, мақомоти зиррабти давлатии кишвар, гуфтанд, дар Тоҷикистон имконияти техникии масдуд кардани пахши барнмоаҳоои моҳвораро надоранд.
Бино ба гуфтаи коршиносон, барои кишваре мисли Тоҷикистон масдуд кардани мавҷи як шабакаи моҳвораӣ кори як рӯзу ду рӯз нест ва сарфу хароҷоти зиёдро талаб дорад.
Саъдулло Сафаров, муҳандиси Шабакаи «Телерадиоком»-и Тоҷикистон гуфта буд: «барои таҷҳизонидани чунин дастгоҳҳое, ки мавҷро дар фазои як кишвар қатъ кунад, садҳо ҳазор доллар маблағ сарф мешавад. Ҳамзамон, мутахассисони варзидае дар ин соҳа лозим аст, ки тавонад ба моҳвора “вирус” фиристад. То ҷое ман медонам, мо дар Тоҷикистон чунин имкониятро надорем.
— Барои мисол, дар ин шабака ман метавонам чунин кореро анҷом диҳам, вале амалан мо ин корро накардаем, зеро барои анҷом додани чунин корҳо таҷҳизоти заруриро дар дохили шабака надорем.
Вай гуфт:, Чин ва Эрон дар ин самт таҷрибаи зиёде доранду техника низ дар ин кишварҳо пеш рафтааст.
— Тоҷикистон ва ҳар давлати дигаре ҳам метавонанд, ки пахши дилхоҳ шабакаро аз беруни кишвар тавассути дастгоҳҳои махсус қатъ кунанд ва барои ин корро кардан низ ҳам пули зиёде масраф хоҳад шуд. Бо ин усул агар шабакаи телевизионие аз моҳвора қатъ карда шавад, тамошои он дар тамоми кишвар ғайриимкон мегардад.
Дар ҳамин ҳол, Асомиддин Атоев, раиси Ассотсиатсияи интернет-правайдерони Тоҷикистон, гуфт, чунин имконият дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.
— Шояд, имконияти техникии масдуд кардани барои мисол «К+» дар Тоҷикистон набошад, шояд, бошад. Мо ин чизро дақиқ гуфта наметавонем. Аммо имкони масдуд кардани пахши барномаҳои он тавассути оператори моҳвора ҳаст.
Сомонаи интернетии телевизиони Ютюб низ дар баробари шабакаи «К+» баъди интиқоди он ки тӯйи бодабдабаи хонадоршавии Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон дар шарҳи журналисти мухолифи тоҷик Додоҷон Атовуллоев пахш шуд, дар ҳудуди Тоҷикистон дастнорасанд.
http://tojnews.tj/dubora-mahdud-shudani-k%2B-dar-hududi-tojikiston