Имрӯз, 17-уми июн, соати 14-00 дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ мурофиаи навбатии Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, нисбати радиои «Озодӣ» баргузор мегардад.
Мурофиа дар шакли кушод гузашта, иштирок барои ВАО озод аст.
Абдуқаюми Қаюмзод сабаби алайҳи радиои «Озодӣ» ба суд муроҷиат карданашро поймол шудани ҳуқуқҳои меҳнатиаш ба унвони корманди радио аз тарафи корфармо, яъне роҳбарияти бахши тоҷикӣ ва Аббоси Ҷаводӣ, масъули бахши Осиёи Марказии радиои «Озодӣ», унвон карда буд.