Муҳаррири «Азия-Плюс» муътақид аст, ки набояд муҷозот шавад

Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия–Плюс” дар шарҳи иддаои зиёиёни тоҷик, ки ният доранд, аз болои ӯ ба додгоҳ муроҷиат кунанд, изҳор дошт, ки барои баёни фикри шахсӣ набояд, мавриди таъқиб қарор гирад. 
Тутубалина дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ман ҳанӯз моҳияти иддаоро алайҳи худам намедонам. Фикр намекунам, ки ин иддао асосе барои муроҷиат ба суд дошта бошанд. Ман дар матлабам танҳо фикри худамро гуфтаам, ки барои ин муҷозот намекунанд. Ба ҳар ҳол дар ҷомеаи демократӣ чунин аст.”

Ахиран раҳбарони иттиҳодияҳои эҷодию илмӣ дар як ҷаласаи муштарак матлаби Олга Тутубалинарро, ки таҳти унвони “Неинтеллигентно об интеллигенции” нашр шудааст, таҳқири тамоми зиёиёни тоҷик хонда, қарор кардаанд, ки аз болои ӯ ба додгоҳ муроҷиат кунанд.

Олга Тутабалина дар ин матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯроҳо, ки гуфтааст, «Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд» кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбати Бозор Собир, балки бисёри зиёиёни дигар кор фармуд.

Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия Плюс” буда, яке аз маъруф ва боҷасораттарин журналистони муосири тоҷик маҳсуб меёбад.

http://www.ozodagon.com/casia/tj/10686-nazare-dar-borai-bsobir-tutubalinaro-ba-sud-mebarad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *