ҲУҚУҚШИНОС: ДАЪВОИ АСКАР ҲАКИМ ЯГОН АСОС НАДОРАД

Иноятулло Иноятов, адвокати Шаҳбози Нур ва ҳафтаномаи «Самак», имрӯз 12-уми июн бо пахши як изҳорот гуфт, аризаи даъвогии шоир Аскар Ҳаким ягон асоси ҳуқуқӣ надорад.

Бино ба гуфти ин ҳуқуқшинос, аризаи даъвогии Аскар Ҳаким нисбат ба ҳафтаномаи «Самак» асоси ҳуқуқӣ надорад ва он бо ягон далелҳои воқеӣ ва боэътимод асос наёфтааст.

-Ба назари ман, даъвои мазкур барои маҳдуд кардани озодии сухан нигаронида шудааст. Мақолаи «Зиёиёни бемушкили тоҷик», мақолаи таҳлилӣ-танқидӣ буда, дар он ягон иттилооти бардурӯғ ва пастзананда вуҷуд надорад ва  дар натиҷаи нашр намудани ин мақолаи танқидӣ ба даъвогар ягон намуд зарари маънавӣ расонида  нашудааст, — гуфт Иноятулло Иноятов.

Дар идома Иноятулло Иноятов мегӯяд, бо назардошти ҳамин ҳолатҳо, мо пагоҳ ба Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо аризаи норозигӣ муроҷиат намуда, ваҷҳоямонро дар хусуси беасос будани аризаи даъвогии Аскар Ҳаким баён менамоем.

Ёдрас мешавем, Аскар Ҳаким барои нашри мақолаи “Зиёиёни бемушкили тоҷик” аз болои ҳафтаномаи «Самак» ва хабарнигори он Шаҳбози Нур ба додгоҳ муроҷиат намуда, аз суд хостааст, ки ба фоидаи ӯ аз хабарнигор ва ҳафтаномаи “Самак” 150 ҳазор сомонӣ рӯёнида шавад.

http://tojnews.tj/hukukshinos-da%27voi-askar-hakim-yagon-asos-nadorad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *