«К+» ДАР ТОҶИКИСТОН ДАСТРАС ШУД

Шурӯъ аз дирӯз, 5-уми июн дастрасӣ ба тамошои барномаҳои телевизионии “К+” тариқи моҳвора дар дохили Тоҷикистон пайдо шуд.

Бино ба қавли сокинон, тамошои барномаҳои ин шабака аз нисфирӯзӣ мумкин шудааст, ҳол он ки, тӯли беш аз як ҳафта, шурӯъ аз субҳи 28-уми май бинандагони тоҷик наметавонистанд, ки аз барномаҳои ин шабака дидан намоянд.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегуфтанд, дар Тоҷикистон барои баста шудани як мавҷи маҳвораӣ имконияти техникӣ вуҷуд надорад ва барои кишваре мисли Тоҷикистон масдуд кардани мавҷи як шабакаи моҳвораӣ кори як рӯзу ду рӯз нест ва сарфу хароҷоти зиёдро талаб дорад.

Саъдулло Сафаров, муҳандиси Шабакаи «Телерадиоком»-и Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо хабарнигори TojNews гуфт, «барои таҷҳизонидани чунин дастгоҳҳое, ки мавҷро дар фазои як кишвар қатъ кунад, садҳо ҳазор доллар маблағ сарф мешавад. Ҳамзамон, мутахассисони варзидае дар ин соҳа лозим аст, ки тавонанд ба моҳвора “вирус” фиристанд.

Аз масдудияти Шабакаи К+ дар Тоҷикистон дар ҳоле ҳарф заданд, ки ин шабака тӯйи арӯсудомодии Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистонро, бо шарҳи Додоҷон Атовуллоев, журналисти мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон, намоиш дод.

Дар ҳамин ҳол, баъди як ҳафтаи маҳдудияти дастрасӣ ба ин шабака иттилоъ дар бораи ин ки Шабакаи «К+», умуман, қатъи фаъолият карда, кормандонашро бо сабабҳои молиявӣ ба рухсатии бемӯҳлат гусел кардааст, расонаӣ шуд.

http://tojnews.tj/node/7501

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *