«Рӯзгор» нашрияи навини фарҳангӣ ва иҷтимоиест, ки нахустин шумораи он дар ибтидои июни соли равон ба дасти хонанда хоҳад расид. Дар ин бора муассиси он Султони Ҳамад, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, хабар дод.
Ба иттилои ӯ, ин нашрия чанд сол қабл таъсис ва сабти ном шуда буд, вале бинобар камбуди молӣ ва потенсиали корӣ дар вақти муайянгардида роҳандозӣ нашуд.
“Рӯзгор” талош мекунад, ки ҳар ҳафта кулли матолиби худро ба дур аз сиёсат ва матолиби сиёсӣ ба рӯзгори фарҳангӣ, фараҳмандӣ ва иҷтимоии мардум бибахшад.
Султони Ҳамад, муҳаққиқ ва рӯзноманигори маъруфи Тоҷикистон, собиқаи наздик ба 25 соли кор дар соҳаи журналистикаро дорад. Вай дар соли 2009 сомонаи хабарии худро бо номи “Рӯзгор” дар шабакаи ҷаҳонии Интернет таъсис дод ва то ҳол ин сомонаи хабарӣ фаъолият дорад.
Идеяи нашрияи навини “Рӯзгор” низ зода ва бархоста аз андешаҳои ҳамин рӯзноманигори варзида аст, ки сомона ва нашрияро тавъам таъсис дод, вале фурсат ва имконият барояш даст надоданд, ки ҳар дуро дар як вақт роҳандозӣ кунад.
Ба таъкиди муаллифи идеяҳо, ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст ва вақт дер нашудааст, ки нашрияи навини “Рӯзгор” дар шаҳри Душанбе ба дасти чоп бирасад ва пайваста аз рӯзгори фарҳангӣ, фараҳмандӣ ва иҷтимоии мардум нақл карда, матолиби ҷолиб ва дилкашро ба чоп бирасонад.