Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамроҳ бо нозири минтақавии милиса Маҳмурод Одинаев, мухбири ҷамъиятии «TojNews» ва ҳафтаномаи «Нигоҳ», падари маҳбус Суннатулло Ризоевро, ки дар қазияи куштори Ҳамза Икромзода шоҳидӣ додааст, субҳи барвақти имрӯз 29-уми май дар манзили истиқоматияш дар ноҳияи Ҳисор кӯшиши боздошт кардаанд.
Бино ба нақли Маҳмурод Одинаев, се нафар бо шумули нозири минтақавӣ, ки яке либоси ҳарбӣ ва яке либоси мулкӣ дошт, бо истифодаи зинапоя аз тирезаи хонааш дар ошёнаи дуюми бино даромадаанд.
-Даъватнома талаб кардам, вақте онҳо аллакай дар даруни хонаи хоби ман буданд. Гуфтанд, ки даъватномаро бо худ доранд. Баъдтар дар роҳ ба Душанбе ба ман даъватномаро бо имзои сардори Раёсати КДАМ дар шаҳри Душанбе доданд.
Ман дар ин бора, ки кормандони мақомот ғайриқонунӣ ба хонаи ман даромаданд, ба телефони боварии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов гузориш додам.
Онҳо маро ба шаҳри Душанбе, ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оварданд. Моро раҳбари Раёсати КДАМ дар ноҳияи Ҳисор ҳамроҳӣ мекард. Ба ман мақсади овардани маро ба пойтахт арҳ надоданд. Гуфтанд, ки гап ҳаст, саволу ҷавоб ҳаст бо шумо. Равем, баъд мефаҳмӣ. Дар бинои КДАМ дар шаҳри Душанбе бо ман сардори Раёсати КДАМ дар шаҳри Душанбе ҷаноби Зафар Нуралиев бозпурсӣ кард.
Дар бораи тарҷумаи ҳоли фарзанди ман, Суннатулло Ризоев, ки ғайриқонунӣ дар ҳабс асту дар қазияи Ҳамза Икромзода шоҳидӣ додааст, ки воқеан ӯро кормандони маҳбаси №1 шиканҷа дода куштаанд. Суннатулло баъди ин шоҳидӣ доданаш ба Хуҷанд интиқол ёфт ва ду маротиба дар маҳбаси №3-и Хуҷанд шиканҷа шудааст, то аз шоҳидӣ даст кашад. Вай маҷбур шудааст дар баданаш номи Арабов Диловар, сардори маҳбасро бо сангпора навиштааст. Вайро 15 рӯз дар сардиҳои моҳи феврал гуруснаву тана нигоҳдорӣ шудааст. Ман дар ин бора ба Зафар Нуралиев нақл кардам ва гуфтам, ки мақсади ман пешгирӣ аз шиканҷа дар маҳбасҳо аст.
Дар охир вай гуфт, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қазияро пайгирӣ мекунад ва аз ҳолати шиканҷа дар ин маҳбасҳо маълумот доранд.
Зафар Нуралиев боз аз ман дар бораи узвиятам дар Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов пурсид. Ман ҳамон тавре ки ҳаст ба ин кас гуфтам, ки ба ин эътилоф аъзо нестам. Пурсиданд, ки Зайд Саидовро мешиносамё не. Гуфтам ӯро ҳамчун як тоҷири муваффақ, ғоибона мешиносам. Гуфтам, ки дар Эътилоф барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар қатори 9 нафари дигар аъзо ҳастам. Ман фаҳмондам, ки мақсади ман таъсиси як Кумитаи махсуси пешгирӣ аз шиканҷаи маҳбусон ва боздоштшудагон дар мақомот аст. Мехоҳам роҳбарии ин Кумитаро дар дохили Эътилофи мавриди зикр амал хоҳад кард, ба зимма дошта бошам. Мақсади ин даъвати аҷоибулғароиб ва ғайриқонунӣ пурсуҷӯ дар бораи фаъолияти сиёсии ман будааст, ки оё ба Эътилофи ҳимоя аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов шомил шудам, ё не -нақл кард Маҳмурод Одинаев.
Вай мегӯяд:- аз суҳбат бо Зафар Нуралиев маълум шуд, ки вай дар ҳақиқат дар оилаи соҳибмаълумот ва бомаърифат тарбият гирифтааст. Бисёр як суҳбати самимӣ доштем. Ягон фишор ё чизе монанди ин ҳис накардам.
TojNews
http://tojnews.tj/da%27vati-mukhbiri-tojnews-ba-kumitai-amniyat