Рамзия Мирзобекова, хабарнигори “Азия- Плюс”, дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, барои “як сӯҳбат” ба Кумитаи амнияти миллӣ даъват шудааст.
“Имрӯз (28 май) аз Кумитаи амнияти миллӣ занг зада ва маро барои сӯҳбат даъват карданд. Гуфтам, агар ин сӯҳбати расмист, пас, “повестка” фиристед, то ҳозир шавам. Ҳоло онҳо “повестка” оварданд”, — афзуд ӯ.
Хонум Мирзобекова илова кард, ба далели ин ки рӯзи кории 28-уми май поён ёфтааст, қарор аст, субҳи 29-уми май дар Кумитаи амнияти миллӣ ҳозир шуда, ҳарфи онҳоро бишнавад. Ба суоли мо дар ин бора, ки далели даъвати ӯ ба ин ниҳод чӣ будааст, Рамзия гуфт, дақиқ намедонад.
“Гуфтанд, ки сӯҳбати онҳо дар атрофи ягон мақолаи ман нест. Аз ин рӯ, маълум нест, бо ман дар бораи чӣ сӯҳбат хоҳанд кард”,-гуфт ӯ. Вале Рамзия ва вакили мудофеи ӯ аз эҳтимол дур намедонанд, ки шояд ин даъват ба фаъолияти ӯ дар гурӯҳи Эътилоф барои ҳимоят аз демократия дар шабакаи Фейсбук рабт дошта бошад.
Рамзия Мирзобековаро аз ҷумлаи хабарнигорони ҷавону боҷасорат медонанд, ки бештар мавзӯъҳои доғро ба баррасӣ гирифта, се соли қабл ҳам барои як нашри матлабаш дар бораи шиканҷаи боздоштшудаҳо бо Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ вориди баҳси додгоҳӣ шуда буд.