Раиси вилояти Хатлон дар яке аз мулоқотҳои худ бо сокинони ин вилоят, аз сокинон дархост кардаст, ки мардум, ба он чӣ ӯ дасисаҳои ҳизбу ҳаракатҳои машкук хонда, бовар накунанд.
Ғайбулло Афзалов, ки ҳар моҳе ба яке аз навоҳии ин вилоят меравад ва бо сокинони он гуфтугӯ анҷом медиҳад, ин бор бо мардуми ноҳияи Қумсангир мулоқот кардааст.
Мулоқоти оқои Афзалов, рӯзи шанбеи 25 май доир шуд ва ширкаткунандагони он, аз ҷумлаи кишоварзон, омӯзгорони макотиби ҳамгонӣ ва афроди мазҳабии ноҳия будаанд.
Оқои Афзалов, ба сокинони ин ноҳия ҳамчунин гуфт, ки ҳизбҳо ва ҳаркатҳое, ки ҳоло дар расонаҳо машғули суханпаронӣ ҳастанд, ба аҳдофи худ нахоҳанд расид.
Вай афзуд: «Вақтҳои ахир дар телевезюн ҳар гуна гапҳо дар бораи раҳбарони кишвар баромадааст. Дар ҳаққи роҳбарияти мақоми болоӣ (баландпоя) ҳар гуна гапҳои (ҳарфҳо) тӯҳматангез кардаанд.»
Ҳарчанд оқои Афзалов аз ҳизбу ҳаракатҳо ва ё афроди алоҳида ном набурд, аммо вай гуфт, ки ҳадаф аз барномаҳои ин гурӯҳҳо пайдо кардани ҷонибдорӣ дар миёни мардуми Тоҷикистон будааст.
Оқои Афзалов ҳамчунин таъкид кард, ки ҳоло мардум дар кишвари обод (пешрафта) зиндагӣ мекунад ва набояд фирефтаи гуфтаҳои дигарон шаванд.
Ӯ мегӯяд: «Ҳамаи мо медонем, ки чи рӯзҳои сангинро мо паси сар кардаем ва бояд шукргузорӣ кунем, ки ба ин рӯз расидаем. Ин мардум чӣ мехоҳанд? Мо озодӣ дорем, зиндагии хуб дорем. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба гапҳои «подарҳаво»-и баъзе одамҳо ва гурӯҳҳо бовар накунед.»
Оқои Афзалов аз сокинон дархост кард, ки беҳтар аст, ки онҳо барои тарбияти фарзандон бештар ҷаҳд кунанд
Ҳамчунин, ӯ дар ҷараёни мулоқоти худ бо сокинони ноҳияи Қумсангир иттилоъ дар мавриди эҷоди мавонеъ аз сӯйи давлат барои намозгузорӣ дар масоҷидро низ бепоя хонд ва афзуд, теъдоди масоҷид дар муқоиса ба даврони Шӯравӣ дар вилоят даҳҳо маротиб афзудааст.
Раиси вилояти Хатлон ҳамчунин ба ин нукта таъкид кард, ки дар он даврон сафар ба ҳаҷ мамнӯъ буд ва ҳоло мардум озодона метавонад, чун зоир ба ҳаҷ сафар кунад.
Ғайбулло Афзалов гуфт, ки озодию пешрафте, ки кишвари Тоҷикистон дорад дар кишвари ҳамсояи он ба назар намерасидааст ва аз ин рӯ вай афзуд, ки «мардум бояд бо қалбу нияти пок ба халқ, давлат ва президенти худ содиқ бимонад ва содиқона хидмат кунад.»
Дар ҳоле, ки раиси вилояти Хатлон дар тӯли ҳудуди як соъати мулоқоти худ бо сокинони ноҳияи Қумсангир даҳҳо бор ба барномаҳои ғаразноки аҳзоб ва ҳаракатҳо таъкид кард, вале аз ҳеҷ як аҳзобу ҳаракат ва ё муаллифи ин барномаҳо мушаххасан ном нагирифт.
Аммо коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд оқои Афзалов нашри видию бо тасовири маҳфили арӯсии Рустами Эмомалӣ, фарзанди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз тариқи шабакаи Ютюб ва як барномаи Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигор ва сиёсатмадори мухолифи давлатро аз тариқи телевизиюни К+ дар назар дошта бошад.
Зеро гуфта мешавад, ки ин видию ва ин барнома дар шабакаи интернетии Ютюб (You Tube) ба пурбинандатарин видиюҳо табдил ёфтаанд.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/05/130527_zkh_ak_warning_media_khatlan.shtml