Шоми 27-уми май шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргашт.
Дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе шоири маъруфи тоҷикро баъд аз мусофирати наздик ба 20-сола масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Вазорати фарҳанг пешвоз гирифтанд.
Пешвозгирандагонро дар толори VIP ё «барои шахсони хеле муҳим» масъули бахши фарҳангии Дастгоҳи иҷроия Маҳмадсаид Пиров роҳбарӣ мекард.
Воридшавӣ ба толор танҳо бо иҷозати муовини вазири фарҳанг Миралӣ Достиев сурат мегирифт. Наздикону пайвандони шоир ва журналистони расонаҳои мустақил беш аз яку ним соат натавонистанд ба толор ворид шаванд.
Масъулин ба ҳар шева монеъи сӯҳбати рӯзноманигорони расонаҳои мустақил бо шоир мешуданд. Бозор Собир танҳо барои расонаҳои ҳукуматӣ дастрас буд.
Онҳо ба рӯзноманигорони ҷамъомада ва ҳаводорони шоир хабар доданд, ки шоир гуфтааст, «ин дафъа бо даъвати Ҷаноби Олӣ ба Ватан баргаштааст».
Ин ҳам дар ҳоле, ки тайи ду-се моҳи ахир, ҳамчунин, сару садоҳо дар маҳфилҳои рӯзноманигорӣ ва сиёсӣ чарх мезаданд ва хелеҳо ҳадс мезаданд, ки шоири 74-сола, ки дар Амрико мушкилоти иҷтимоӣ дорад, ба гумони ғолиб, даъвати ҳукуматро мепазирад, ҳарчанд худи ӯ замони бори охир аз Душанбе рахти сафар бастан ба расонаҳо гуфта буд, «ба Амрико барои мурдан меравам».
Бозпас овардани Бозор Собир барои ҳукумати феълӣ ва он ҳам дар соли интихоботи президентӣ аҳамияти хос дорад, зеро яке аз мухолифони он маҳсуб мешуд ва ҳатто, зиндонӣ ҳам гашта буд.
Шоир бо иттиҳоми даъват барои сарнагун кардани низом дар боздоштгоҳи муваққатӣ наздик ба як сол умри худро паси сар кард ва дар соли 1993 пас озод шудан Тоҷикистонро тарк карда, дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла, Эрону Русия муддате ба сар бурд.
Вай беш аз 14 соли ахир дар шаҳри Сиэтли Амрико ба сар мебарад ва аз интиқодгарони Амрико, демократия ва саҳюнизм ба шумор меравад.
Бозор Собир дар замони оғози чунбишҳои демократӣ ва истиқлолталабӣ дар охири даҳаи ҳаштоди қарни бист дар Тоҷикистон аз пешоҳангони ин чунбишҳо шуд ва дар муқобили низоми ҳукумати коммунистӣ қарор дошт, вале баъдан инро иштибоҳ хонд.
Дар муддати ҳиҷрат ӯ ду маротиба ба Тоҷикистон низ омада ва дар шаҳри Душанбе маҳофили шеъри Бозор Собир доир гаштанд, вале доираҳои ҳукуматӣ ӯро нодида мегирифтанд. Хонаводаи шоир низ дар Амрико ба сар мебарад.
Бозор Собир дар соли 1938 дар ноҳияи Файзобод, дар шаст километрии Шарқи Душанбе ба дунё омадааст. Дар Тоҷикистон дар солҳои мухталиф даҳ китоб мунташир кардааст. Китоби ахири ӯ «Хуни қалам» ном дошта, дар Душанбе ба нашр расидааст. Барандаи Ҷоизаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аст.
Китобҳои Собир борҳо ба забони русӣ тарҷума шудааст. Ҳамчунин, дар солҳои мухталиф осори баргузидаи вай ба забонҳои олмонӣ, итолиёвӣ ва фаронсавӣ низ тарҷума ва нашр шудааст.
Бархе бар ин назаранд, ки Бозор Собир баъд аз эҷоди шеъри «Забони тоҷикӣ» дар миёни мардум маҳбубияти хоссае касб кард. Дар ин шеър, ки соли 1975 эҷод шудааст, Бозор Собир аз зимомдорони вақт дархост карда буд, то дар Тоҷикистон мақоми забони тоҷикӣ дар сатҳи забони давлатӣ таъмин ва эътироф карда шавад.
Солҳои ахир шоир худро дар расонаҳо ва ҳам ашъор коммунист ва русгаро унвон карда, пош хӯрдани давлати Шӯравиро фоҷиаи шахсии худ медонад ва ҷонибдори барқарор шудани СССР мебошад.
Алҳол маълум нест, ки ҳукумати кишвар ба шоири тавоно чӣ имтиёзҳое хоҳад дод, вале ӯ дар фурудгоҳ гуфтааст, «шояд, барои барои доимӣ омада бошад».