ТАМОШОИ РЕКОРДИИ ТӮЙИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ЮТУБ

Сарфи назар аз он ки, дар чанд рӯзи ахир дастрасӣ ба видеопортали Ютуб (Youtube) дар Тоҷикистон масдуд аст, лаҳзае аз навори тӯйи арӯсудомодии Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистонро, дар торнамо давоми 10 рӯз беш аз 231 ҳазор маротиба тамошо кардаанд.

Зери ин навор, ки президент Эмомалӣ Раҳмон бо сарояндаи маъруфи тоҷик Парда Қосимов суруди «Тоҷикистон аз манӣ»-ро ҳамовозӣ кардааст, ҳудуди 220 нафар шарҳ навишта, дар бахши тоҷикии Интернет тамошои он нишондоди рекордӣ касб кард.

Барои муқоиса, ба ҳисоби миёна ҳар рӯз ин наворро 23 ҳазор нафар тамошо мекунанд. Ҳол он ки навори сертамошобини тоҷикӣ дар Ютуб яке аз видеоклипҳои овозхони машҳури эстрадӣ Шабнами Сурайёро дар давоми сол беш аз 1 млн. нафар тамошо карда буданд.

Навори пурраи маъракаи тӯйи хонадоршавии Рустами Эмомалӣ бо шарҳи мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон Додоҷони Атовулло тариқи шабакаи К+ пахш шуда буд, ки боиси сарусадо ва шӯҳрати зиёд ёфтани ин наворҳо дар Ютуб гардид.

Ширкатҳои дастраскунандаи Интернет дастрасӣ ба видеопортали Ютубро (Youtube) дар Тоҷикистон шоми 23-юми май, гуфта мешавад, маҳз ба хотири барномаи Додоҷон Атовуллоев, журналист ва мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон, масдуд кардаанд.

http://tojnews.tj/tamoshoi-rekordii-tuyi-rustami-emomali-dar-youtube

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *