Даррўзи20-мин солгарди Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот Иттиҳоди Аврупо сари хам фуруд меоварад назди хабарнигорони тамоми ҷаҳон, ки ҳаёти хешро ба тавзеҳи ҳаводис ва баёни нукта – баъзан ҳатто аз ҳи соби талафоти шахсӣ -бахшидаанд, дарҳолате, ки гумон дорем бисёреҳо сукутро афзал мешумориданд.
Матбуоти озод, мустақил ва фаъол дар ҳар ҷо меаи демократӣ бебадал аст. Иттиҳоди Аврупо дар мубориза барои озодии матбуот дар тамоми ҷаҳон устувор аст, ва баландшави исатҳи таҳдид, зўроварӣ ва сензураро, ки хабарнигорони дунё рў ба рў мешаванд, маҳкум медорад. ИА даъват ба ҳукуматдорон менамояд, то ба хабарнигорон фазои меҳнат дар амният, бе тарси сензура ё таъқиби судӣ имконият диҳанд.
Озодии баён бояд чӣ дар васоити анъанави ахбори умум, чӣ дар торнома ҳимоят карда шавад. Иттиҳоди Аврупо кўмак барои ҳимоят аз озодбаёниро дар оянда низ ба таври ҳузурӣ (online) ва ғайриҳузурӣ (offline) идома хоҳад дод, азбаски технологияи иттилоотии навин дар пешбарии ҳуқуқи инсон ва демократия ҷанбаи асосӣ шуда метавонанд. ИА давоман поймонсозии ҳуқуқ ба озодии баёнро дар кулли васоити ахбори умум маҳкум месозад, ва мекўшад, то хабарнигорони дунё тавонанд ўҳдадориҳои касбии хешро бе мамонеа иҷро намоянд.