ХУРШЕДИ АТОВУЛЛО: МЕДИА-АЛЯНС АЗ РАЙЪАШ НАГАШТААСТ!

Хуршеди Атовулло, дабири куллиМедиа Алянси Тоҷиистонба хабарнигориОзодӣ”, Мирзонабии Холиқзод, новобаста ба ин ки муваққатан ҳамкориҳояшро бо ин расонаи хориҷӣ қатъ кардааст, масоили ҷойизаҳои журналистие, ки ин созмон ба Рӯзи озодии матбуот таъсис шудааст, шарҳ додааст.

Сипас Хуршеди Атовулло аз номи ин созмон изҳорот дод, ки суҳбаташ бо хабарнигори “Озодӣ” маънои аз райъи худ баргаштани “Медиа Алянс”-ро надорад.

Вай дар изҳороташ гуфтааст,: “Имрӯз Мирзонабии Холиқзод аз родиёи «Озодӣ» аз ман дар мавриди ҷойизаҳои Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон пурсид. Ростӣ, аввал дар ҳайрат шудам, чунки баъди он ки МТЖ ва МАТ, ки роҳбариашро ман ба ӯҳда дорам, аз рӯзе қазияи Қаюмзодро инъикос кард, «Озодӣ» ҳамагуна хабареро, ки дар он номи ман бошад, сарфи назар мекард.

Дар оғози сӯҳбат бо Мирзонабии Холиқзод, ки сахт эҳтиромаш мекунам, ёдрас шудам, ки чун мо ҳамагуна ҳамкориро бо ин родиё қатъ карданием, шарт аст ки ин масъаларо шарҳ диҳам? Ва ниҳоят, ба ин хулоса омадем, ки чун матни изҳорот ҳанӯз омода нашудаву шакли расмӣ нагирифтааст, дар мавриди ҷойизаҳои Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба хотири эҳтиром ба ин шахс гуфтам.

Бадбахтона, чанд хатои ҷиддӣ дар ин хабар рафтааст. Аз ҷумла, мо як не, ду ҷойиза таъсис додаем. Яке ба номи Ҷумъабой Толибов дар соҳаи тадқиқоти журналистӣ дар масъалаҳои судӣ ва дигаре ҷойизаи ба номи Пайванди Гулмуродзода дар соҳаи тадқиқоти журналистӣ дар масъалаҳои илму фарҳанг.

Нашр шудани ин хабар маънои онро надорад, ки созмонҳои журналистӣ, минҷумла Медиа — Алянси Тоҷикистон аз тасмими хеш даст кашида бошанд ва интрига ва бозиҳои «Озодӣ» ин маротиба моро аз роҳ намегардонад.

Ба ғайр аз ин, шунидам, ки даъватномаи Шӯрои ВАО ва созмонҳои ҳамкори хабарнигорӣ ба конфронси сеюми май танҳо имрӯз ба ин идора расидааст. Дар ҳоле барои ВАО-е, ки аз маҷмааи «Шарқи Озод» дуранд, (мисли қароргоҳи «Озодӣ») то ҷое огоҳӣ дорам, даъватномаҳоро ба дасти донишҷӯён пеш аз нишасти Қаюмзод дода буданд то расонанд.

Барои ҳамин ҳам, дастандаркорони «Озодӣ» бояд донанд, ки ин хабар ва ин даъватномаи деррасида маънои қафонишинӣ кардани созмонҳоро надорад ва рӯзи дигар изҳорот расман пахш мешавад.

Ёдрас мешавем, қазияи ба қайд нагирифтани хабарнигори бахши тоҷикии Радиои “Озодӣ” Абдуқаюми Қаюмзод, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо ронда шудани вай анҷом ёфта, шаш созмони журналистии кишвар, аз ҷумла, Сомони ҷамъиятии “Индем”, Шӯрои ВАО, Созмони “Журналист” Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистонро ба ҳам муттаҳид кард.

Ин созмонҳо изҳорот доданд, ки то замони ҳалли қазияи Абдуқаюми Қаюмзод ҳамагуна ҳамкориро бо Радиои “Озодӣ” қатъ хоҳанд кард.

Онҳо ҳамчунин аз коршиносон дархост карданд, ки райъи онҳоро дастгирӣ кунанд.

Имрӯз, 30-юми апрел, ҳамчунин Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар Шӯрои сиёсии ин ҳизб қарор кард, ки ба таҳрими радиои “Озодӣ” аз ҷониби созмонҳои мазкур бипайвандад.

Абдуқаюми Қаюмзод, роҳбарияти радиои “Озодӣ”-ро ба маҳалгароӣ ва нақзи ҳуқуқи меҳнатияш айбдор карда, ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят бурдааст.

http://tojnews.tj/khurshedi-atovullo-media-alyans-az-rayash-nagashtaast

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *